МУШКИЛОТИ ШАҲРВАНДОН ҲАЛ ШУД

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Гулистон қабули сайёри навбатии ҳокими вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев бахшида ба омӯзиши аҳволи иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва муроҷиати шаҳрвандон ба амал омад.

Пеш аз чорабинӣ бо роҳбарии А. Маҳмудалиев аъзои гурӯҳ ва роҳбарони ташкилотҳои вилоят ба чанд маҳаллаҳои ноҳия сафар карда, бо сокинон мулоқот намуданд. Ҳангоми санҷиш бобати аз байн бардоштани баъзе мушкилот дар маҳалҳо чораҳо андешида, муаммоҳое, ки омӯзиши иловагиро тақозо доранд, муҳокима ва барои пешниҳод ба идораҳои дахлдор таклифҳо омода карданд.
Дар қабули сайёри навбатӣ бо чунин вазифаҳо, аз ҷумла бо кор таъмин кардани аҳолӣ, истифодаи самаранок аз бино ва иншооти холӣ, ҳамчунин ба хидматрасонии коммуналӣ ва тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ба низом андохтани тӯй ва тантанаҳои оилавӣ эътибори махсус дода шуд.
Вобаста ба масъалаи ба кор таъмин кардани аҳолии маҳаллаҳои вилоят аз маъсулони ҳокимият ва фаъолони Иттифоқи ҷавонон дар бораи ташкил шудани ҷойҳои навӣ корӣ ҳисобот дода шуд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ 585 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Аз 385 нафар аҳолие, ки ба маркази кумакрасонӣ барои кор муроҷиат кардаанд, зиёда аз 310 нафарашон бо кор таъмин гардиданд, ба якчанд нафар шаҳрванд кумакпулӣ таъин шудааст.
Бинобар натиҷаи омӯзише, ки аз ҷониби ҳокими вилоят баргузор гардид, 120 мушкилот ошкор шуд. Мушкилоти аз ҳама бештар  бо кор фарогирӣ, сектори бонк, нигаҳдории тандурустӣ, таъмини роҳҳои дохилӣ, хидматрасонии кадастрӣ, таъмини оби ошомиданӣ, гази табиӣ ва энергияи электр дахл доранд. 
Дар назди роҳбарони сектори вилоят вазифа гузошта шуд, ки якҷо бо ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо «харитаи амалиёт»-ро  кор карда бароянд.
Доир ба масъалаҳои дигар қарори дахлдор қабул карда шуд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: