Ислоҳоте, ки дар сартосари кишварамон ба амал татбиқ мегарданд, ифодагари мақсадҳои нек, мисли фаровонҳолии мардум, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, таъмини ояндаи дурахшони насли наврас мебошад.
Ҳоло дар миқёси мамлакатамон баргузор намудани чорабиниҳои маънавиву маърифӣ, аз ҷумла вохӯрӣ бо намояндагони илму адаб ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҷиҳати васеъ гардондани олами маънавии ҷавонон ва донишу малакаи онҳо нақши муҳим мебозад.
Чунин чорабиниҳо таърих, имрӯз ва ояндаро дар худ таҷассум намуда, ҳамаи иштирокдоронро водор месозад, ки барои ободии Ватан, рушду нумӯи он саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Яке аз чунин вохӯриҳо ба наздикӣ дар мактаби рақами 44-уми ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд баргузор шуд, ки иштирокдорони он хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳия ва роҳбару омӯзгорону профессорони гурӯҳи ташаббускори рушди таълими мактабии литсейи академии назди Донишкадаи педиатрияи Тошканд буданд.
Дар доираи вохӯрӣ аз фанҳои математика, кимиё ва биология олимпиадаи дохилӣ баргузор шуд.
– Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабинӣ муайян намудани хонандагони боиқтидори мактабҳои деҳот, дар оянда аз байни онҳо омода кардани кадрҳои босалоҳияту бомалака мебошад, — гуфт директори литсейи академии назди Донишкадаи педиатрияи Тошканд Ортиқ Эшонқулов, – ҷараёнро таҳлил намуда, ба хулосае омадам, ки хонандагон аз чунин вохӯрӣ таассуроти зиёд бардоштанд, дар қалби онҳо нисбат ба касби духтурии бачагон меҳри зиёд пайдо шуд.
Умедворем, ки бештари хатмкунандагон барои идома додани таҳсил литсеву донишкадаи мазкурро интихоб хоҳанд намуд. Ҳоло натиҷа гирифтем, ки барои санҷидани дониши хонандагон ва ташаккул додани ҳисси эътимод дар онҳо баргузор намудани олимпиадаҳои фаннии дохилӣ зарур аст.
Дар хотимаи чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокдорони олимпиада туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо супурда шуд.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».