НАМУРД ОН КАСЕ,КИ...

Аъзам Муҳаммадиев, табиби ҳозиқ, инсони дардошнову дилошнои Самарқанд, ки ба муҳаббати халқ сазовор буд, аз олам даргузашт.

Аъзам Муҳаммадиев, табиби ҳозиқ, инсони дардошнову дилошнои Самарқанд, ки ба муҳаббати халқ сазовор буд, аз олам даргузашт.
Шунидани ин хабар барои ман низ вазнин буд.
Аввали шаб тавассути «оинаи нилгун» аз Токио мусобиқаи финалии ҳамватанамон– муштзан Баҳодур Ҷалоловро тамошо карда, аз дастболо шудани ӯ  хурсандӣ мекардам, ки ногаҳон телефони дастиам садо дод. Аз он овози маҳзуну изтиробомези дӯстам Абдуҳафиз Ҳалимови оҳаликӣ ба гӯшам расид:
– Бандагӣ, акаҷон, – бо оҳи бадард хабар дод вай. – Табибамон Аъзам Муҳаммадиев вафот карданд.
Ростӣ, аз ин хабари нохуш гӯшҳоям қулф зада, дилам ба таппиш омад.
– О, чӣ хел, – ҳайрон шуда пурсидам ман, — дигар сухани гуфтанӣ наёфта.
– Хости Худо, амри тақдир, – ҷаноза пагоҳ соати нӯҳ…– гуфт Абдуҳафиз ва телефон хомӯш шуд.
Тамоми шаб пеши назарам симои ин табиби ҳозиқ, инсони хоксору меҳрубон, фидоии касби худ  бо чеҳраи кушоду табассуми ширин ҷилвагар мешуд. Ӯ гӯё маҳз барои шифокор шудан ба дунё омада буд.
Аъзам Муртазоевич соли 1958 дар деҳаи Шӯрбоӣ таваллуд шуда, ҳанӯз солҳои таҳсил дар мактаби миёна ба касби шифокорӣ дил баст. Пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тиббии Самарқанд супурд. Аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт.
Шаш сол аз устодони босаводу меҳрубон нозукиҳои касби шифокориро омӯхт. Баъди соҳиби диплом шудан бо роҳхати донишкада фаъолияти меҳнатиро дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ оғоз намуд.
Аз соли 1984 то лаҳзаҳои вопасини умр дар шуъбаи эҳёи (реаниматсия) Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Самарқанд кор кард. Аз дастони сабуки ӯ садҳо, шояд ҳазорҳо нафар шахсони касбу кор, синну сол ва миллаташон гуногун аз чанголи маргу таъқиби аҷал халос шудаанд. Вай дар шуъбаи мазкур баъди ба кори дигар гузаштани мудир, профессор Толиб Аҳтамов ҷонишини ӯ таъин гардид. Маҳз бо талошу ташаббуси Аъзам Муҳаммадиев таъминот бо асбобу ускунаҳои замонавии тиббӣ куллан тағйир ёфт. 
– Барои раҳматӣ ҷадвали аниқи кор вуҷуд надошт, – иброз дошт ҷонишини сардухтури шифохонаи марказии ноҳияи Самарқанд Замирахон Маъмурова, – то нисфи шаб,баъзан то субҳ дар сари болини бемори муҳтоҷи ёрӣ парвона мешуд.
Зуд-зуд барои маслиҳат додан, ё худ шахсан аз назар гузаронидани бемори вазнин ба манзилаш мерафт, медид ва барои сиҳҳат ёфтанаш беғаразона кӯмак мерасонд. Бо чеҳраи кушод ба табобат мепардохт, бо бемор сӯҳбати маҳрамона меорост, ӯро дилбардорӣ мекард. Хуллас, соҳиби санъати олиҷаноби табобат буд, ҳоло бисёр шогирдонаш ба ин хислати ибратбахши устод пайравӣ мекунанд. Чанде пеш вай дар Тошканд сазовори унвони шифокори олӣ гардида буд. Мо умед доштем, ки ӯ таҷрибаи ғании худро боз ба ҷавонон бештару хубтар ёд медиҳад. Афсӯс, ба дарди худ даво наёфт ва аз сактаи дил ҷон дод.
Раҳматӣ Аъзам Муҳаммадиев бо ҳамсари меҳрубонаш Шоиста Қосимова ду нафар фарзанд –  Замирабону ва  Темуршоҳро таълиму турбияи хуб доданд.  
Панҷшанбеи гузашта имом хатиби маҳалла Ҳоҷӣ Бахтиёр дар маросими ҷаноза доир ба хислатҳои неки маит ҳарф зада, таъкид кард, ки аз дасти аҷал  шоҳу гадо оқибат водии хомӯшонро манзили абадӣ ихтиёр мекунад, вале ба фармуди шоир: 
Намурд он касе, 
к-аз ҷаҳон ном бурд,
Ки марди накӯном
 ҳаргиз намурд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: