ТАЪТИЛ ХУШУ ГУВОРО МЕГУЗАРАД

Хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар таътиланд ва онҳо муддатро ба таври гуногун мегузаронанд.

Онҳое, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, ё ба фароғатгоҳҳои тобистона мераванд ва ё ба назди бобову бибии худ ба деҳот рафта, дар ҳавои хушу табиати зебо ва гуворо таътили худро сипарӣ мекунанд. Кӯдакону наврасони ноҳияи Сӯх таътили тобистонаашонро чӣ гуна мегузаронанд? 
Мо барои пайдо кардани посухи ин суол ба фароғатгоҳи солимгардонии ноҳия сар задем, ки дар яке аз минтақаҳои хуррам, дар соҳили дарёи тезоби Сӯх маскан гузидааст. Ҳоло ду сол аст, ки ин маскани фароғат дар ихтиёри кӯдакону наврасон қарор дорад. Масоҳати умумии истироҳатгоҳ қариб 5 гектарро ташкил мекунад ва дар ҳар баст метавонад 200 нафарро гунҷоиш диҳад. 
– Имсол низ дар панҷ баст ҳазор нафар кӯдакону наврасони шаҳракҳо ва деҳоти ноҳия истироҳат мекунанд ва вақти худро пурмаҳсул мегузаронанд, – гуфт дар оғози суҳбат мудири фароғатгоҳ Таваккалҷон Эркаев.
Масъалаи таъмини бехатарии кӯдакон низ зери назорат мебошад. Барои ин аз ташкилотҳои мухталифи ноҳия, мисли ШКД, гвардияи миллӣ, шӯъбаи вазъиятҳои фавқулода-1 нафарӣ, идораи ноҳияи санитарию эпидемиологӣ, иттиҳодияи тиббӣ-2 нафарӣ, вобаста карда шудаанд.   
Дарвоқеъ, давлат аз буҷаи худ барои бунёди ин фароғатгоҳи тобистона 27 миллиарду 560 миллион сӯм сарф намуд.  
Дар фароғатгоҳ 12 нафар омӯзгорон ва 2 нафар варзишгарон ба ҳайси тарбиячӣ ва мураббӣ фаъолият мекунанд. 
– Кор бо кӯдакону наврасоне, ки аз минтақаҳои гуногуни ноҳия омадаанд, саҳлу сода нест. Дар мактаби таълимоти умумӣ шогирдони он асосан зодаи як деҳ ё шаҳрак мебошанд. Хулқу хӯ ва рафтору кирдори онҳоро маъмурият ва омӯзгорони мактаб тадриҷан омӯхта мебароянд ва мувофиқи ҳамон хислат бо онҳо бархӯрд мекунанд. Вале дар фароғатгоҳ онҳо «сокинон»-и муваққатӣ маҳсуб меёбанд. Барои ҳамин тарбиячиёнамонро аз зумраи омӯзгорони варзидаи мактабҳо интихоб кардаем, – иброз медорад мудир.
– Дар фароғатгоҳ бачагон бо чаҳор маҳал таоми гарму болаззат таъмин карда шудаанд. Ҳар шомгоҳон чорабиниҳои гуногун ташкил карда мешаванд. Ҳар субҳ бачагон аз назорати пизишкон мегузаранд ва дар асоси тавсияи онҳо дар машғулотҳо ширкат мекунанд, – ба суҳбат ҳамроҳ мешавад ходими фароғатгоҳ Ғоибназар Ғоибов.
Ҳафтаи равон барои басти чорум кӯдакону наврасон ҷалб карда шуданд. Маълум шуд, ки маросими анҷоми ҳар як баст ва гусели тарбиятгирандагон бо шукӯҳ барпо мегардад. 
– Ба наздикӣ чунин маросим бо ширкати меҳмонону волидони истироҳаткунандагон баргузор шуд. Зимни роҳандозии мусобиқаи «Кӣ аз ҳама беҳтар шеър мехонад?», «Ҷом барои рақси беҳтарин» ва «Варзишгари моҳир кист?» маълум шуд, ки фарзандонамон вақти худро беҳуда нагузаронидаанд. Ҳар кадоми онҳо талош менамуд, ки дар маросим маҳорату малакаашро намоиш диҳад ва соҳиби ҷоми махсуси мудири фароғатгоҳ шавад, – мегӯяд омӯзгори мактаби рақами 8-уми ноҳия Бунёд Шоматов.
Ногуфта намонад, ки омӯхтани мероси бою таърихии халқи мо дар тарбияи ватандӯстӣ хеле аҳамияти калонро молик мебошад. 
– Ба ҳамин муносибат дар фароғатгоҳ зуд-зуд чорабиниҳое баргузор мегарданд, ки дар он намояндагони ташкилоти «Ватанпарвар»-и шуъбаи мудофиаи ноҳияи Сӯх ширкат мекунанд. Онҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ кӯдаконро шоду масрур мегардонанд. Дар бораи садоқат ба Ватан-модар ҳарф мезананд ва ба ин васила дар идроки кӯдакону наврасон ҳисси ватандӯстиро бедор мекунанд, – мегӯяд мудир.
Аз суҳбат бо мудир бармеояд, ки баргузор намудани вохӯриҳои гуногун бо собиқадорон ва қаҳрамонони меҳнат, аҳли қалам, пизишкон, овозхонон ва амсоли он дар васеъ гардидани доираи маълумоти истироҳаткунандагони ин фароғатгоҳи солимгардонӣ хеле мусоидат хоҳад кард. 
– Маъмурияти фароғатгоҳи мо аз Гвардияи миллӣ хеле сипосгузор аст. Зеро чанде қабл дар ҳамкорӣ бо ходимони он мусобиқаи тирандозӣ аз камон баргузор шуд. Боиси ҳайрат гашт, ки дар ин мусобиқаи завқовар тақрибан ҳамаи истироҳаткунандагон ширкат варзиданд ва маҳорати худро намоиш доданд. Ин мусобиқа қувваю ирода, хислатҳои мардонагиву шуҷоати ватандӯстиро дар қалби онҳо бедор кард. Дар охири мусобиқа ходимони Гвардияи миллӣ ба иштирокчиёни фаъоли мусобиқа «Ифтихорнома»-ҳо супурданд, – қайд намуд Т. Эркаев.
– Яке аз самтҳои кори мо ба кӯдакон омӯзонидани забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин ҷода ба мо омӯзгорони пешсафи забонҳои хориҷӣ кумак мерасонанд. Инчунин гузаронидани маҳфилҳои рассомӣ, мусиқӣ, компютер меҳру муҳаббат ва шавқу завқи онҳоро дучанд мекунад. Дастоварди мо кашфи соҳибистеъдодҳои нав мебошад, ки дар оянда дар озмуну олимпиадаҳо аз мактабҳои таълимоти ҳамагонии худ намояндагӣ хоҳанд кард. Имомназар Имомназаров, Маҳмадназар Пирматов ва боз як гурӯҳ тарбиячиён барои хушу гуворо сипарӣ гардидани ҳар як баст фаъолияти хуб нишон медиҳанд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: