АНОР БОЙБАЧЧА,

ё худ қаҳрамони муҳорибаи Ленинград

ё худ қаҳрамони муҳорибаи Ленинград
– Соли 1941. Оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон. Зимистони сард ҳукмрон буд. Бинобар сармои зимистон нони қолабӣ чунин ях карда буд, ки илоҷи бо корд буридан набуд. Онро бо арра бурида байни ҳам тақсим мекардем, – гӯён солҳои ҷангро ба ёд овард Раҳмонҷонота Раҳимҷонов.
Ӯ соли 1920 дар маҳаллаи Сероби шаҳри Чуст дар оилаи коргари оддӣ ба дунё омад. Ба вай бо нияти нек Раҳмонҷон ном гузоштанд. Дар 5-солагӣ аз модар ҷудо шуд. Дар синни 7 ҳамаи корҳои оилавиро бар дӯши худ гирифт. Сонитар бо падараш ба вилояти Тошканд кӯч баста, дар хоҷагии «Оққӯрғон» маскун шуданд.
Соли 1940 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, дар мавзеи «Ладейное поле»-и яке аз қисмҳои ҳарбии Ленинград вазифаи ҷавонмардиашро адо намуд.
Ҷанги хонумонсӯз баробари дигар ҳамяроқон, дар дили аскари қаторӣ Раҳмонҷон низ нисбати душман ҳисси нафрат бедор кард. Ӯ аҳд намуд, ки бар зидди фашистони лаин мубориза мебарад. Моҳи январи соли 1942 ӯро ба қисми 452-юми разведкачиён гузарониданд. Аз ҳамон рӯз ҳамчун разведкачӣ чандин супориши ҷанговаронаро иҷро карда, ҷасорат ва матонати беҳамто нишон дод.
Моҳи марти соли 1944. Ба аскари қаторӣ Раҳмонҷон Раҳимҷонов, аз ҷониби қӯмондонӣ супурда шуд, ки нуқтаи зеризаминии душманро, ки илоҷи ба по шудан намедод, маҳв намояд. Вай ва ҳамяроқаш Александр Филимонов дарҳол ба ҷойи муайяншуда шитофтанд. Баъд аз номаълум наздик шудан онро бо гранатаҳо тарконданд... Чунин корнамоиҳои ӯ дар набардҳо зиёд буданд.
Вай пас аз Ғалаба бо ордену медалҳо ба зодгоҳаш – Чуст баргашта, дар корхонаҳои сохтмон меҳнат кард. Бо ҳамсараш Гулсунбӣ 3 писару 3 духтарро тарбия карда ба воя расонид. Инчунин анорзор барпо кард. 
Соли 1974 аз даромади анорзор дар ноҳия аввалин шуда соҳиби автомобили сабукрави «Газ-24» гардид, баъд аз ин ӯро дар зодгоҳаш «Анор бойбачча» меномидагӣ шуданд.
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 апрели соли 2021 «Дар бораи ҳавасмандгардонии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон», маро рӯҳбаланд кард ва ба умрам афзуд. Мо пирон ҳамеша даст бардошта дуо мекунем, ки Худованд ба кишварамон сулҳу осоиш ва ба халқамон серию пурӣ ато кунад, – мегӯяд Бобои 101-сола Раҳмонҷонота Раҳимҷонов.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

Дар сурат: Раҳмонҷонота Раҳимҷонов дар ҳалқаи хонандагони мактаби миёнаи рақами 6-уми ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: