КОГОН ЧӢ МАЪНӢ ДОРАД?

Гоҳо хаёл мекунам, гӯё мо дар болои сандуқе нишастаем, ки ин сандуқ пур аз ҷавоҳирот аст.

 Фақат мо калиди онро гум кардаем ва намедонем ин сандуқ чӣ дорад, яъне дақиқтар гуем, аз худ аз таърихи худ бехабарем.
Таърихи кишвари мо низ чунин сандуқи ҷавоҳирот аст, халқи зиёди ҷаҳон ба ин таърих бо ҳавас менигаранд. Дар ин нукта вазифаи таъхирнопазири мо аввало гузаштаро хуб омӯхта, худамонро шиносему ба лоқайдиву бефарқӣ нуқта гузорем, ки бурди мо мешуд.
Донистани таърихи номи маҳалу гузаргоҳҳои гирду атрофамон низ моро бо шахсҳои таърихиву ҷуғрофияи аввалаи ин мавзеъ аз наздик ошно месозад. Масалан, бигирем, номи мавзеи Когонро. Маънои номи ин шаҳри замонавиву ободро, ки зиёратчиёну сайёҳоне, ки ба вилояти Бухоро меоянд, аксар намедонанд. 
Яке аз нависандаи пешқадами вилоят, шодравон Нусратулло Наимов маънои «Когон»-ро ба истиқоматкунандагони ин мавзеъ, ки гӯё лоғару харобу қоқина бошанд, ба калимаи «қоқ он» нисбат медиҳад. Дигаре даъво дорад, ки Кагановский ном инжинер аввал ба ин ҷо омада бошаду мардум номи дарозу душворталаффузи ӯро осон бинмуда, одияк Когон ном бурда бошанд. Баъди мутолиаи чандин китоб оиди таърихи ин мавзеъ банда ба хулосае омада, хостам онро пешкаши муштариён гардонам.
Дар замонҳое, ки Афросиёб сарвари одамон буду Турон, ё худ Мовароуннаҳр номи Варозрудро соҳиб буд, яъне мувофиқи баёни Фирдавсии абадзинда баҳри мудофиаи диёр ва эмин нигоҳ доштани мардуми қаламрав аз обхезиҳои воҳаи Бухоро анқариб ҳазор қалъа бо фармони подшоҳ бунёд карда шудааст. Бино ба маълумоти таърихшинос Ибодат Раҷабова ва Умедҷон Барноев дар китоби «Ромитан тарихи жавоҳирлари» (нашриёти «Фан ва таълим», Бухоро, соли 2023) бештари ин қалъаҳоро сарвазири Афросиёб  Пирон сохтааст. Пирон писари Виса буда, дар боби достони  Сиёвуш ба қалам гирифта мешавад. Аз ҷумлаи қалъаҳои бунёдкардаи ӯ ҳоло харобаҳои қалъаи Қӯрғони Вардонзе, Ғиждувон, Пирмаст, Бӯронтеппаи Рометан ва ғайра ба забон гирифта мешавад.
Аз ин ҷост, ки дар ҳамон замон дар ҳудуди Когони ҳозира азбаски заминҳояш ҳосилхез буд, қасру кохҳои зиёд бунёд гардида буданд. Сиёвуши валиро ҳам дар ҳамин ҷо паҳлавонони номдори Гурсевази лаин Гуруй ва Демур, ки дар бозиҳои чавгон аз вай мағлуб шуда, дар дил кина доштанд, сар буриданд. Ва дере нагузашта дар ҷое, ки хуни Сиёвуш рехта буд, гули сурх рӯйид ва мардум номи онро ба ҳурмати подшоҳи ҷавонмарг «хуни Сиёвуш» номида, то расидани замони советҳо ҳар сол онро бо тантана ҷашн мегирифтанд, ки «Иди сайри гули сурх» ном дошт. Ин сайл охирин маротиба дар Шофиркон соли 1929 дар доманаи шаҳраки ҳоло харобаҳои Қӯрғони Вардонзе, дар шимолтари харобаҳои қалъаи  Ҳазрати Султони олам ҷашн гирифта шудааст. 
Оем ба сари номи Когон. Когон аз калимаи суғдии қадима «кох» – қаср ва «гон» – пасоянде, ки маънои бисёр, зиёдро дорад, гирифта шудааст, яъне «когон» маънои мавзееро дорад, ки қасру кохҳояш фаровон аст.
Ё худ бигирем, маънои номи мавзеи Вобкантро.  Истилои кишвари мо аз тарафи Русияи подшоҳӣ ва «меросхӯр»-и вай давлати советҳо тарзи навишту талаффузи номи ҷойҳои маҳали мардуми моро ба кӯчаи «сарбаста» даровард. Таърихнигорон нисбати Вобкант низ маънои «қалъаи сари роҳ»-ро пеш мегузоранд, аммо агар аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ба ин мавзеъ нигарем, таърих дар наздамон рӯ мекушояд. Аз ин ҳудуд дарёи Зарафшон он қадар паҳн шуда ҷорӣ шудааст, ки мардум ин ҷойҳоро Обканда номидаанд (дар айни замон ба заҳкашчае табдил ёфтааст). Ҳатто аз байни навиштаҳои Аҳмади Дониши бузург низ оиди ин дарё ёддоштҳои ӯ ба назар мерасанд: «Дар ибтидо бандаро ба ғундоштани зар ҳавасе пайдо шуд, аммо яке аз амакзодаҳоям дар даромади Бухоро, ба дарёи Зарафшон ғарқ шуда фавтиду ман ин ҳавасро тарк бинмудам».
Дарҳақиқат, изи ҷойҳое, ки ин дарё дар садаи нуздаҳум ҷорӣ шуда буд, ҳоло васеъ ба чашм мерасад.
Ҳатто дар ноҳия дар асри  XIX ва аввали асри XX бо тахаллуси Обкандӣ шоироне эҷод кардаанд...  Аз ин бармеояд, ки маънои калимаи Вобкентро аз калимаи «Обканд» ҷӯем, мувофиқи мақсад аст. 

Алимурод ТЕМИРОВ,
ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: