Бо мақсади пешгирии паҳншавии штамми нави сирояти коронавирус дар кишвари мо бо назардошти тавсияҳои коршиносони байналмилаливу миллӣ ва аҳолӣ аз ҷониби ширкати “Pfizer” эмкунии ихтиёрии кӯдакони аз 5 то 11-сола бар зидди COVID-19 (бо розигии падару модар ё намояндагони қонунӣ) гузаронида мешавад.
Дар ин бора дар рафти брифинг дар АИКО муовини сардори Хидмати беҳдошти санитарию-эпидемиологӣ ва сиҳатии аҳолӣ Нурмат Отабеков хабар дод.
Барои эмгузаронии аҳолии синнашон 12-сола ва калонтар вояи 0,3 мл ваксинаи «Pfizer», барои эмкунии кӯдакони аз 5 то 11-сола вояи 0,1 мл истифода мешавад.
Маълумот дар бораи кӯдакони эмшуда ба базаи emlash.uz ворид карда мешавад.