Президенти Ӯзбекистон самтҳои нави рушди шарикии васеъмиқёсро бо АМА пешниҳод кард

  • Президенти Ӯзбекистон самтҳои нави рушди шарикии васеъмиқёсро бо АМА пешниҳод кард
  • Президенти Ӯзбекистон самтҳои нави рушди шарикии васеъмиқёсро бо АМА пешниҳод кард
  • Президенти Ӯзбекистон самтҳои нави рушди шарикии васеъмиқёсро бо АМА пешниҳод кард

10 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати Аморати Муттаҳидаи Арабро таҳти сарварии вазири оид ба корҳои Ҳукумат Муҳаммад бин Абдуллоҳ ал-Гаргавӣ қабул кард.

Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Аморат ва бо мазмуни нави амалӣ ғанӣ гардондани он баррасӣ гардид.

Вазир Муҳаммад ал-Гаргавӣ ба сарвари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Аморат Шайх Муҳаммад Ол Наҳаён ва Сарвазири кишвар, Амири Дубай Шайх Муҳаммад Ол Мактумро расонд.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб барномаи ислоҳоти васеъмиқёс ва дигаргунсозиҳое, ки дар Ӯзбекистони Нав татбиқ мегарданд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд, омода аст дар таъмини татбиқи самарабахши он кумаки зарурӣ расонад.

Таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар солҳои охир равобити Ӯзбекистону Аморат босуръат рушд мекунад. Нишондиҳандаҳои муомилоти мол ва сармоягузорӣ меафзояд. Ҳамин тариқ танҳо аз аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли мутақобила ду баробар афзуда, дар кишвари мо 45 корхонаи нави муштарак таъсис дода шуд.

Дар асоси низоми муассири ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ 7 лоиҳаи бузург бо ҳаҷми сармоя дар ҳудуди се миллиард доллар бо иштироки ширкатҳои бонуфуз ва созмонҳои Аморат татбиқ мегарданд.

Дар ҳамкорӣ бо ширкати Mubadala лоиҳаи васеъ гардондани иқтидори нерӯгоҳи гармии барқии Талимарҷон, бо ширкати Masdar – сохтмони нерӯгоҳи барқии бодӣ ва офтобӣ дар минтақаҳои кишвар амалӣ гардонда мешаванд.

Бо ширкати бонуфузи DP World масъалаҳои рушди фаъолияти хаби мултимодалӣ ва минтақаи иқтисодии «Навоӣ», инчунин навсозии низоми маъмурикунонии гумрукӣ таҳия мегардад.

Ба ғайр аз ин, як қатор лоиҳаҳои бузург дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, логистика, рақамисозӣ ва дигар самтҳо амалӣ мегарданд.

Дар рафти музокирот натиҷаҳои амалии ҳамкорӣ дар соҳаи баланд бардоштани самарабахшии идоракунии давлатӣ, инчунин дар доираи барномаи «Як миллион барномасоз» ва фаъолияти Акселератори ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ бо қаноатмандии амиқ қайд гардид.

Ба сифати самтҳои нави шарикии дарозмуҳлат ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва интеллекти сунъӣ, амиқсозии мулоқот оид ба ислоҳсозии соҳаҳои калидӣ ва минбаъд такмил додани идоракунии давлатӣ, тайёр кардани кадрҳои замонавӣ муайян шуданд.

Дар бораи қабули «харитаи роҳ»-и муштарак оид ба татбиқи пурраи қарорҳои қабулшуда ва ташаббусҳои дар маҷлис ба миён гузошташуда созиш ҳосил гардид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: