ДАР БОРАИ ТАЙЁРӢ ВА БАРГУЗОРИИ ҶАШНИ УМУМИХАЛҚИИ НАВРӮЗ ДАР СОЛИ 2022

Наврӯз, ки таҷассуми рӯшани таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва суннатҳои неки халқи мост, аз қадимулайём ҷараёнҳои эҳё ва бедории табиат ва олами маънавии инсонро инъикос намуда, барои мо аз ҷашнҳои маҳбубтарини миллӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳамоҳангӣ бо олами атроф, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, кушодадилӣ, дӯстӣ ва ҳамдилӣ рӯҳ ва фалсафаи ин ҷашни қадимиро инъикос мекунанд. Ҳоли ҳозир ин сифатҳои олӣ  маъниву мазмуни беш аз пеш амиқ пайдо кардаанд. Наврӯз дар зумраи суннатҳои дигари  миллӣ ҳамчун такягоҳи маънавии ислоҳоти васеъмиқёси демократии татбиқкардаистодаи мо хидмат карда, ба ҳадафҳои муҳимтарин, аз ҷумла дар мамлакат бунёд кардани ҳаёти озоду фаровон, баланд бардоштани арзиши инсон нигаронида шудааст.
Дар шароити Ӯзбекистони Нав, дар замоне ки ҳар як ҳамватани мо, новобаста аз миллат, забон ва дини худ, ҳуқуқ ва манфиат, шаъну шарафи худро беш аз пеш амиқ идрок мекунад, Наврӯз воқеан ҷашни умумихалқӣ гардид ва бо хурсандиву рӯҳбаландии бузург таҷлил мегардад.
Бо назардошти аҳамияти бузурги Наврӯз, ки онро тӯли асрҳои зиёд мардуми мо ҳифз кардаву эҳтиром мегузоранду аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни умумихалқӣ эътироф шудааст, ҳамчунин ба мақсади дар сатҳи баланд, дар ҳамоҳангӣ бо ҷараёнҳои дигаргунӣ ва навсозиҳои кунунӣ гузаронидани он:
1. Наврӯзи соли 2022-юм дар мамлакат ҳамчун иди байналхалқӣ таҳти шиори «Ассалом, Нав-рӯз – ҷашни эҳё ва меҳру мурувват, шаъну шараф!» дар сатҳи баланд гузаронида шавад.
2. Ҳайати Кумитаи ташкилӣ бинобар тайёрӣ ва баргузории ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2022-юм мувофиқи замимаи №1;
«Харитаи амалиёт» бобати гузаронидани ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2022-юм мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шаванд.
Ба Кумитаи ташкилӣ (А.Н.Арипов) супурда шавад, ки татбиқи самарабахши чорабиниҳои «Харитаи амалиёт», ҳамчунин васеъ таҷлил кардани ҷашни Наврӯз ҳамчун иди умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, маркази вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, дар тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳо, деҳот ва овулҳоро таъмин кунад.
3. Ба мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни умумихалқии Наврӯз дар маҳалҳо ба инҳо эътибори махсус дода шавад:
дар рӯзҳои Наврӯз ба роҳ мондани чорабиниҳои маънавиву маърифатие, ки ҳамоҳангии инсон ва табиат, меҳру муҳаббат ва ғамхории ӯ нисбати сарзамини азизро инъикос мекунанд, муносибати эҳтиёткоронаро ба саховати он бедор менамоянд, инсонро ба ҳимматбаландӣ, арҷ гузоштан ба ҳаёти осудаи имрӯза, тараннуми шаъну шарафи инсон даъват мекунанд;
ба инъикоси ҳамоҳангӣ бо суннатҳои таърихӣ ва анъанаҳои Наврӯз бо усулҳои муассир, ба ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ, ки солҳои охир дар мамлакат татбиқ мегарданд, дигаргуниҳои мусбате, ки дар ҳаёти халқи мо, ҷаҳонбинии одамон рух медиҳанд;
дар маҷмӯи «Ӯзбекистони Нав»-и  шаҳри Тошканд ба роҳ мондани сайр дар пояи барномаи алоҳида;
баргузор кардани чорабиниҳои хайрияи бахшида ба ҷашн, ки ба ғамхориву эътибори ҳамаҷониба нисбати собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, куҳансолон, кумак ва дастгирии тарбиягирандагони хонаҳои «Меҳрубонӣ» ва «Мурувват», шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои «Саховат» буду бош доранд, онҳое, ки ба дафтарҳои «оҳанин», «занон», «ҷавонон» ва «дафтари меҳру мурувват» дохил карда шудаанд, нигаронида шудааст.
Ташкил кардани чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Манзили сабз» оғоз гардидаанд, ҳамчунин дар арафаи ҷашни Наврӯз гузаронидани ҳашарҳои умумихалқӣ бинобар ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар тамоми минтақаҳо, дар ҳар кадом ноҳия ва шаҳри ҷумҳурӣ, дар ҳар як кӯча ва ҳар кадом маҳалла;
васеъ тарғибу ташвиқ намудани натиҷаҳои амалии корҳои мунтазам бинобар дар мамлакат мустаҳкам кардани муҳити дӯстӣ ва ҳамдилии байнимиллӣ, рушди анъанаву урфу одатҳо, суннатҳои маънавии миллат ва халқиятҳои гуногуне, ки намояндагони онҳо дар Ӯзбекистон зисту зиндагӣ доранд;
ба роҳ мондани намоишгоҳи маснуоти ҳунармандӣ, мусобиқаҳо бинобар хелҳои миллии варзиш, бозори китобҳо, нуқтаҳои сайёри савдо, ҳамчунин тайёр кардан ва омода намудани таомҳои баҳорӣ дар ҷойҳои чорабиниҳои ҷашнӣ;
дар расонаҳои ахбори оммавӣ дар ҷараёни чорабиниҳои ҷашнӣ васеъ равшан кардани таърихи Наврӯз, аҳамият ва моҳияти урфу одат ва анъанаҳои ба он вобастаи сокинони ҳар як минтақа  дар тамоми шаҳрҳо ва деҳот.
4. Ба Вазорати фарҳанг (О.А.Назарбеков) супурда шавад, ки:
якҷо бо Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ (М.М.Ҳоҷиматов) ва Иттиҳоди нависандагон (С.С.Сайидов) дар муҳлати як ҳафта сенария ва барномаи театрикунонидашудаи намоишгоҳҳои консертиро, ки дар шаҳри Тошканд ба муносибати ҷашни умумихалқии Наврӯз гузаронида мешаванд, кор карда барояд;
бобати дар сатҳи баланди бадеӣ бо ҷалби таҳиягарон ва коргардонҳои соҳибтаҷриба, оҳангсозон, балетмейстерҳо, рассомони саҳнавӣ, иҷрогарони соҳибистеъдоди ҷавон ва намояндагони санъати фолклор тайёр кардани намоишҳои консертӣ чораҳо андешида шаванд.
5. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шавад, ки:
а) дар муҳлати як ҳафта барномаҳои минтақавиро бинобар баргузор кардани сайрҳои халқӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз, ки дар онҳо инҳо пешбинӣ гардидаанд, кор карда бароянд ва тасдиқ кунанд:
мушаххас намудани майдонҳо, хиёбонҳо ва кӯчаҳо барои баргузор кардани сайрҳои халқии бахшида ба Наврӯз, ороишоти ҷашнии онҳо ва тайёр кардани саҳнаҳо;
мувофиқи тартиби муқарраршуда васеъ ҷалб намудани гурӯҳҳои фолклорӣ, ҷамоаҳои худфаъоли бадеӣ, устодони санъати сирк, ансамблҳои оилавӣ, бахшиҳо, шоирон, иҷрогарони касбӣ ва ҳунармандони соҳибистеъдод ба сайрҳои халқӣ, ки дар маҳалҳо гузаронида мешаванд;
дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҳар кадом минтақа гузаронидани бозиҳои халқӣ намоишҳо ва намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандони халқӣ, ҷойгузин кардани павилонҳои кушод барои фурӯши таомҳои баҳорӣ;
б) таъмин кардани ҷалби васеи мардум ба тайёр намудани барнома ва намоишҳои оммавии ҷашнӣ, ороишоти кӯчаҳо, хиёбонҳо ва майдонҳо аз ҷумлаи гурӯҳҳои эҷодӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба;
в) таъмин сохтани баргузории тамоми чорабиниҳо бо риояи ҷиддии қоидаҳо ва талаботи карантин оид ба амнияти ҷамъиятӣ.
6. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти вобаста ба баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ:
дар шаҳри Тошканд – аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд бо ҳиссаи баробар;
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби маблағҳои буҷаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва буҷаҳои маҳаллии вилоятҳо пардохта мешавад.
7. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки ҷараёни тайёрӣ ва баргузории ҷашни умумихалқии Наврӯзро ҳамаҷониба равшан кунанд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдувахитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
17 феврали соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: