Мақсади аз ислоҳоти суду ҳуқуқ пешбинишуда ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон тавассути таъмини волоияти қонун мебошад.
Саҳми мақомоти Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералӣ дар самарабахшии ин ислоҳот беҳамто аст.
Хабарнигори ӮзА ба директори Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералӣ Музаффар ЭГАМБЕРДИЕВ бо чанд саволи марбут ба ин соҳа муроҷиат кард.
– Мақомоти БИМ ҷиҳати таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои суд ва дигар мақомот, инчунин баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо чӣ корҳоро ба сомон расонида истодаанд?
– Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои суд ва дигар мақомот, инчунин баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо комёбиҳои муайян ба даст оварда шуданд. Дар натиҷаи тадбирҳои пай дар пай 18,3 триллион сӯмина баргардонда шуд. Ба фоидаи давлат 7,2 триллион сӯм рӯёнда шуд. Назар ба ҳамин давраи соли гузашта баргардонии умумӣ ба 4,1 триллион сӯм, яъне 29 фоиз ва ситондани маблағ ба давлат 1,9 триллион сӯм – 37 фоиз зиёд шуд.
– Дастгирии соҳибкорон аз тарафи мақомоти бюро ба вазифаи доимӣ табдил ёфтааст. Миқёси корҳо дар ин самт чӣ гуна аст?
– Агар соҳибкор сарватманд бошад, тиҷораташ пеш равад, аз ин танҳо халқ нафъ мебинад. Зеро бо шарофати соҳибкорон ташаббусҳои нав ба вуҷуд меоянд, ҷойҳои иловагӣ таъсис меёбанд, истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ афзоиш ёфта, сифати хидматрасонӣ беҳтар мегардад. Аз ин рӯ, дастгирӣ кардани соҳибкорон аз тарафи мақомоти бюро вазифаи муҳим гардидааст. Аз ҷумла, дар давраи гузашта ба фоидаи субъектҳои соҳибкорӣ 10,2 триллион сӯм ва аз шаҳрвандон 969,5 миллиард сӯм ситонида шуда, ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба ҳисоби миёна 2,2 триллион сӯм зиёд шуданд.
Дар қонунгузории миллии мо ҳимояи боэътимоди ҳуқуқи моликият муқаррар карда шудааст. Мақомоти бюро дар таъмини корҳои иҷроия ба ин ҷиҳати кор низ диққат медиҳад. Масалан, қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби 15 шуъбаи байниноҳиявӣ бо ёрии технологияҳои иттилоотӣ аз тариқи масофа, ба молу мулки шаҳрвандон даст нарасонда, ба маблағи 331 миллиард сӯм 884 ҳазор ҳуҷҷат иҷро карда шудааст.
– Имрӯз дар мамлакати мо истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти таъхирнопазир пайдо мекунад, умуман, дар тараққиёти устувори системаи энергетикӣ мақомоти бюро чӣ гуна саҳм дорад?
– Бояд гуфт, ки соҳаи энергетика дар қатори дигар соҳаҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум нақши муҳим мебозад. Аммо истифодаи бесарусомони ин захира, пардохт накардани арзиши энергияи истифодашуда ба самаранокии системаҳои энергетикӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар соҳаи захираҳои энергетикӣ зиёда аз 31 ҳазору 700 корҳои маҷбурӣ анҷом дода, 268,1 миллиард сӯм қарз ситонида шуд, ки дар айни замон аҳамияти воқеӣ пайдо карда, ба рушди устувори системаи энергетикии кишварамон мусоидат мекунад.
– Дар фаъолияти мақомоти бюро миқёси корҳое, ки оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ анҷом дода мешаванд, чӣ гуна аст?
– Дар моддаи 1-уми Конститутсияи навқабулшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мустаҳкам карда шудааст, ки Ӯзбекистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ буда, шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ дорад. Мафҳуми давлати иҷтимоӣ, ки дар ин модда ифода ёфтааст, ниҳоят фарогир аст. Дар ин бобат ҳифзи иҷтимоӣ ва моддии аҳолӣ қатъиян таъмин карда, шаҳрвандони ба ёрӣ эҳтиёҷманд таҳти ғамхории қатъӣ гирифта мешаванд.
Масалан, бо фармони дахлдори Сарвари давлатамон ба лоиҳаҳои «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон», ки барои дастгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ҷорӣ шудаанд, 420 миллиард сӯм ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149,5 миллиард сӯм зиёд маблағ ҷудо шудааст. Ин ба беҳбуди некуаҳволии ҳамватанони ниёзманди мо хидмат хоҳад кард.
– Пӯшида нест, ки баъзан мардон дар сурати ҷудо шудан кӯшиш мекунанд аз пардохти алимент гурезанд...
– Асосҳои қонунгузориро дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил дода, тибқи он ҳар як кӯдак баробари таваллуд шуданаш ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба даст меорад ва ба ин давлат кафолат медиҳад.
Пас аз талоқ нафароне низ ҳастанд, ки аз аҳволи фарзандонашон хабар намегиранд ва аз пардохти алимент мегурезанд. Таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои оид ба рӯёнидани алимент аз тарафи мақомоти бюро яке аз вазифаҳои таъхирнопазир мебошад. Дар ин самт корҳои анҷомдодаро ҷамъбаст намуда, дидан мумкин аст, ки ба манфиати кӯдакони эҳтиёҷманд ба дастгирии моддӣ 1,1 триллион сӯм маблағҳои алимент ситонда шудааст. Аз ин 562,4 миллиард сӯм ба кортҳои пластикии бонкии инкассаторҳо гузаронида шуд.
Дар ин бобат, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои тарғиботию пешгирикунандаи ба баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандони қарздор нигарондашуда шумораи шаҳрвандоне, ки ихтиёран алимент месупоранд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 фоиз афзуд. Фонди «Пардохти алимент», ки бо фармони дахлдори Сарвари давлат таъсис ёфтааст, ба пардохти ҳамзамони пардохти алимент дар сурати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрванди қарздор барои саркашӣ аз таъминоти моддии кӯдаки ноболиғ бевосита ба ситонидани қарз равона карда шудааст. Ин дар бобати ҳифзи ҳуқуқи бачаҳо низ ғамхории калон аст. Ҳоло аз ҳисоби фонд ба 702 нафар даъвогарон 9,6 миллиард сӯм пардохта, бо ин шароити вазнини моддии зиёда аз ҳафтсад нафар писарону духтарон пешгирӣ карда шуд.
Баъзан, вақте ки парвандаҳои дастгирии кӯдакон омӯхта мешаванд, як чиз мушоҳида мегардад. Яъне, ҳатто агар шаҳрванд мехоҳад алимент супорад, аммо аз сабаби бекорӣ ин корро анҷом дода наметавонад. Агар онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд, масъала ҳам ҳал мешавад. Аз ин рӯ, бо кор таъмин шудани 16391 нафар ҳамватанони бекор ба мушкили онҳо бо пардохти ҳармоҳаи алимент хотима гузошт.
Дар баъзе оилаҳо бо сабаби ночиз меҳру оқибат аз байн бардошта шуда, вақте ҳамсарон мехоҳанд талоқ кунанд, маҳалла, хешовандон бо маслиҳати онҳо никоҳро нигоҳ медоранд. Коркунони бюро на танҳо рӯёндани қарзи алимент, балки оштӣ додани оилаҳои ҷудошударо ҳам вазифаи худ медонанд. Дар натиҷаи амалӣ шудани чунин кори наҷиб бо ташкилоту идораҳои ҳамкор 23 ҳазору 895 оила оштӣ шуданд.
– Мо медонем, ки дар фаъолияти мақомоти Бюрои иҷрои маҷбурӣ вазифаи ҷорӣ намудани технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ идома дорад. Дар бораи навгониҳои соҳа хабар медодед?
– Бо ташаббуси Президентамон тӯли солҳои охир ба мақсади ба ҳамаи соҳаҳо ҷорӣ кардани технологияҳои ахбор оид ба рақамигардонии фаъолияти онҳо, мустаҳкам кардани сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани самарабахшӣ ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Фаъолияти мақомоти бюрои иҷрои маҷбурӣ аз ин истисно нест. Ба мақсади ташвиш надодан ба шаҳрвандон бинобар 158 ҳазор ҳуҷҷатҳои иҷро рӯёндани 1 миллион сӯм ба воситаи низоми электронӣ аз ҳисоби музди меҳнати қарздор амалӣ гардонда шуд.
Ба 2,3 миллион автомашина ва техникаи махсус, 1,3 миллион амволи ғайриманқули ба қарздорон тааллуқдошта ба воситаи «интеллекти сунъӣ» бе дахолати мақомоти иҷроияи давлатӣ манъ гузошта шуд. Инчунин барои ҳар як амали иҷро тавассути системаи автоматии «SMS-огоҳинома» ба қарздорон 17,6 миллион СМС ирсол гардид.
Аз барномаи «МИБ Portal»-и ба воситаи пойгоҳи электронии Кумитаи давлатии андоз ба утоқҳои андози шахсони ҳуқуқии қарздор 88 ҳазор қарори онлайнӣ, ки бинобар иҷрои парвандаҳо қабул шудаанд, фиристода шуданд.
Маълумот дар бораи наздик ба 3000 нафар қарздорон, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд ва дар ҷустуҷӯ қарор доранд, ба сомонаи бюро ҷойгир карда шуданд.
Тавассути канали MibuzBot дар шабакаи Telegram байни қарздорону рӯёнандагон ва кормандони мақомоти иҷроияи давлатии Бюрои иҷрои маҷбурӣ хидмати алоқаи фаврӣ таъсис дода шуд.
Маҳз тавассути ҳамин бот 4 ҳазору 69 ариза барои гирифтани алимент зуд ҳалли худро ёфт. Бояд гуфт, ки дар бобати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳаи иҷро бисёр муваффақиятҳо ба даст оварда шудаанд, вале дар назди мо вазифаҳои калонтар истодаанд. Айни замон боз ҳам мустаҳкам кардани боварии аҳолӣ ба адолати судӣ, баланд бардоштани самаранокии иҷро, ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон масъалаи таъхирнопазир боқӣ мемонад.
– Эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шарафи шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад...
– Яке аз ҳадафҳои асосии марҳилаи нави ислоҳоти суду ҳуқуқ, ки дар кишварамон солҳои охир амалӣ мегардад, баланд бардоштани қадри инсон ва хидмат ба манфиати онҳост. Ғояҳои наҷиби «Барои қадру қимати инсон» ва «Инсон – ҷамъият – давлат» ба тамоюлҳои асосии имрӯз табдил меёбанд.
Хуб медонем, ки ходимони бюрои иҷроро лозим меояд, ки дар ба амал баровардани кор худ бояд бевосита бо намояндагони аҳолӣ мулоқот кунанд.
Аз ин рӯ, дар байни кормандон бо мақсади бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси эътирози шаҳрвандон, сӯиистифода аз вазифаи хидматӣ мегарданд, мунтазам корҳои профилактикӣ гузаронида мешавад.
Дар ин бобат аз 154 муроҷиати оид ба рафтори коркунон расида 134-тоаш ҳал карда шуд.
Шуъбаи амнияти шахсии бюро ва шуъбаҳои минтақавии он дар асоси муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, хабарҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва васоити ахбори омма санҷиши хидматӣ мегузаронанд. Нисбат ба коркуноне, ки номи коркуни бюроро бадном мекунанд, муносибати оштинопазирона зоҳир карда мешавад.
То ки дар паси ҳар як кори иҷро манфиат, тақдир, шаъну шарафи шаҳрвандон ниҳон аст, иҷро кардани он аз вазифаҳои асосиамон боқӣ мемонад.
Суҳбаторо
Абдулазиз РУСТАМОВ,
мухбири ӮзА.