Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуданд

  • Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуданд

5 феврал таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба баррасии вазифаҳои устувори соҳаҳои иҷтимоӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Бунёди давлати иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон бо мақсади стратегӣ муайян карда шудааст. Барои фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагӣ, рушди маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш тамоми чораҳо андешида мешаванд.

Дар давоми ҳафт соли охир фарогирӣ ба муассисахои томактабӣ аз 27 фоиз ба 74 фоиз афзуд. Мактабҳои нав сохта, ба таври илова 700 ҳазор ҷойи талаба ташкил карда шуд. Мактабҳои президентӣ ташкил карда, миқдори мактабҳои махсус зиёд карда шуданд. Шумораи муассисаҳои таълими олӣ аз 200 адад гузашт, фарогирӣ бо таълими олӣ 42 фоизро ташкил дод. Барои фаъолияти бахши хусусӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ шароити васеъ фароҳам оварда шудааст.

Аммо дар ин соҳаҳо дар масъалаҳои кор бо аҳолӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои замонавӣ ва рақамикунонӣ камбудиҳо ҷой доранд. Дар ҷаласа ин мушкилот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли ҷорӣ муайян гардиданд.

Зарурати таъмини тамоми муассисаҳои таълимии томактабӣ бо маводи таълимию методии ба арзишҳои миллӣ мувофиқ, рақамигардонии пурраи чунин равандҳо, аз қабили  таъмини ғизо, давомот ва пардохт таъкид гардид. Ба масъалахои хоста гирифтан ва таъин кардани номзадҳо ба вазифаи мудири боғча ва такмили ихтисоси муаллимон низ дахл карда шуд.

Дар соҳаи маориф бояд душвориҳои зиёд бартараф карда шаванд. Аз ин рӯ, ҳафтаи гузашта Дафтари лоиҳавӣ ташкил карда шуд, ки дар он мутахассисони дорои таҷрибаи калони илмӣ ва амалӣ гирд оварда шудаанд.

Дафтари мазкур дар якҷоягӣ бо Маркази илмию методии рушди таълим нақшаву барномаҳои таълимӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва забонҳои хориҷӣ дар мактабҳоро дар асоси стандартҳои байналмилалӣ нав мекунад. Тадриҷан дар арзёбии дониши донишҷӯён ва омӯзгорон таҷрибаи байналмилалии (PISA, TIMSS, PIRLS) ҷорӣ карда мешавад.

Дар 1 ҳазор мактаб барномаи таълимии мактабҳои президентӣ ҷорӣ карда мешавад. Мувофиқи он базаи моддию техникии онҳо беҳтар карда хоҳад шуд. Таҷрибаи ҷалби донандагони забонҳои хориҷӣ ба мактабҳо васеъ мегардад.

Агар ҷавонон дар солҳои мактабхонӣ ақаллан як касбро азхуд карда бошанд, дар калонсолӣ ҳатман роҳи худро меёбанд. Бо ин мақсад рӯйхати 50 касбу ҳунар барои таҳсил дар мактаб тартиб дода, барои онҳо барномаҳои таълимӣ ва семинарҳо таҳия карда мешавад. Дар мактабҳо бо ҷалби соҳибкорону мутахассисон семинару маҳфилҳо ташкил карда, вазифаи «Устоди таълими касбӣ» ҷорӣ карда мешавад. Биноҳои озод дар мактабҳо ба соҳибкорон барои истифодаи ройгон барои касбомӯзии хонандагон дода мешаванд. Ба донишандӯзоне, ки курси касбиро хатм намуда, имтиҳонро супурдаанд, шаҳодатномаи тахассусӣ дода мешавад.

Сарвари давлатамон ба масъалаи таълиму тарбия дар мактабҳо махсус таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки тавассути тарбияи ватандӯстии донишҷӯён дар онҳо бояд “масуният ба ҳуқуқвайронкунӣ”-ро ташаккул дод. Қарор қабул шуд, ки 2 ҳазор штати равоншиноси мактабҳо аз Вазорати корҳои дохилӣ ба сохтори Гвардияи миллӣ гузаронида шаванд. Ба давомоти дарсҳо ва хонандагони дорои рафтори «мушкил» диққати махсус дода мешавад. Масъулияти падару модарон ва раисони маҳаллаҳо пурзӯр гардонда мешавад. Майдончаи электронӣ барои коммуникатсияи байни мактабҳо, волидон ва маҳаллаҳо ба роҳ монда мешавад.

Дар асоси таҳлили шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар байни ҷавонон маъмул аст, барои волидон оид ба ҳифзи кӯдакон аз таъсири зараровар ва истифодаи хусусиятҳои муфиди онҳо тавсияҳо таҳия карда мешаванд. Инчунин барои падару модарон оид ба тарбияи фарзанд дастурамал омода карда мешавад.

– Татбиқи ин ташаббусҳо даъват менамояд, ки масъулияти падару модар, маҳорати касбии омӯзгорон, боварии хонандагон, сифати таълиму тарбия ва ҷалби маҳаллаҳо ба ин раванд баланд бардошта шавад», – гуфт Президент.

Ба талаботи бозори муосири меҳнат ва тамоюли пешрафти технологӣ мувофиқат накардани баъзе самтҳои таълими касбӣ ва олӣ  қайд гардид. Корфармоён ба кадрҳо эҳтиёҷоти зиёд доранд, донишҷӯён потенсиал ва хоҳиши кор кардан доранд, аммо системаи органикӣ вуҷуд надорад, ки онҳоро пайваст кунад.

Аз ин рӯ, минбаъд ба Идораи лоиҳавии таълим Шӯрои ҷумҳуриявии рушди  такмили ихтисос ва салоҳияти касбӣ ва Институти тадқиқоти бозори меҳнат вобаста карда мешавад.

Стандартҳо оид ба 100 ихтисоси серталаб бо назардошти таҷрибаи Олмон, Швейтсария ва Британияи Кабир нав карда мешаванд. Ҳамзамон, талаботи тахассусӣ ба талаботи корфармоён мутобиқ карда мешаванд. Талаботи таълим аз рўи стандартҳои нав барои муаллимони таҳсилоти касбӣ муқаррар карда мешавад.

Аз соли нави хониш cap карда, таҳсил дар техникумҳо дар асоси системаи наве ташкил карда мешавад, ки пайвастагии ҷузъи академикӣ ва ихтисосҳои коргариро таъмин менамояд. Ҳамин тавр, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, меъёрҳои баҳодиҳии дониш ва талабот ба муаллимон дар курсҳои 1-2-юми техникумҳо ва коллеҷҳо бо мактабҳои олӣ якхела хоҳанд шуд.

Дар техникумҳо низ «системаи кредитӣ» ҷорӣ карда шуда, «кредитҳои» ҷамъшуда барои давомот дар донишгоҳҳо низоми эътирофшаванда мегардад. Яъне донишҷӯёне, ки дар тӯли ду соли таҳсил дар коллеҷ ё техникум миқдори кофии “кредит” ҷамъ кардаанд, имкони идомаи таҳсилро дар курси дуюм ё сеюми донишгоҳ аз рӯи барномаҳои “2+2” ё «2+3» фароҳам меоранд.

Имкониятҳои онҳое, ки баъди хатми техникум ё коллеҷҳо қарор доданд, ки дар истеҳсолот ба кор шурӯъ кунанд,  васеъ хоҳанд шуд. Ҳамин тавр, онҳое, ки дар коллеҷҳо ва техникумҳо аз рӯи ихтисоси коргарӣ тахсил кардаанд, пас аз ду-се соли кор ва ҳосил намудани таҷриба метаонанд, имтиҳон супурда, соҳиби ихтисоси ба дараҷаи бакалаврӣ баробар гиранд.

Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки шарту тартиби ба ҳам пайвастани мактабҳои олӣ, техникумҳо ва коллеҷҳоро дар асоси таҷрибаи хориҷӣ кор карда бароянд. Вазифаи муайян кардани меъёрҳои дақиқи додани мақом ба муассисаҳои таълими олӣ, мақбулгардонии самти бакалавриат, нав кардани барномаҳои таълимӣ дар асоси барномаҳои мактабҳои олӣ, ки ба топ-300 дохил шудаанд,  гузошта шуд.

Муайян карда шуд, ки Фонди «Эл-юрт умиди»-и назди Маъмурияти Президент бо ҷорӣ намудани низоми нави фиристодани шаҳрвандон ба таҳсил ба хориҷа фаъолият хоҳад кард.

Тандурустӣ яке аз соҳаҳое мебошад, ки дар ҳаёти аҳолӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Дар ҷамъомад ба масъалаҳои мубрами ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Президент бо ишора ба сатҳи нокифояи сифат ва нарасидани мутахассисон дар бахши кӯмаки аввалия ба Вазорати тандурустӣ дастур дод, ки тамоми ҷойҳои холиро дар платформаи онлайн ҷойгир карда, низоми шаффофи интихоби кадрҳо фароҳам оварда шавад.

Таъкид шуд, ки марказҳои махсуси тиббии илмию амалӣ бояд ба сокинони деҳот наздиктар бошанд. Вазифаҳо гузошта шудаанд, ки онҳо бо ёрии аввалияи тиббӣ пайваст карда, рақамикунониро тезонанд.

Бо мақсади барвақт ошкор намудани бемориҳо низоми скрининги бемориҳои дилу раг, онкологӣ ва эндокринии аҳолӣ дар гурўҳҳои хавф тағйир дода мешавад. Ба ин марказҳои ҷумҳуриявии кардиология, эндокринология ва онкология масъул хоҳанд шуд.

Инчунин барои бригадаҳои тиббӣ барои ҳар як ҳолати саратоншиносӣ, ки дар марҳилаи аввал ошкор шудааст, мукофотпулӣ ҷорӣ карда мешавад. Ин таҷриба 1-уми май дар Қашқадарё оғоз шуда, соли оянда дар дигар минтақаҳо роҳандозӣ мешавад.

Протоколҳо ва стандартҳои клиникии кӯҳна бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд. Табобати беморони гирифтори сабуки ин беморӣ на бо доруҳо, балки бо воситаҳои табиие, ки масуниятро баланд мебардоранд, машқҳои ҷисмонӣ ва доруҳои гиёҳӣ васеъ карда мешавад.

Барои ба кор ҷалб намудани менеҷерони замонавӣ ва гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии 23 маркази тиббӣ, 12 донишгоҳ, 2 маркази такмили ихтисос дастур дода шуд. Натиҷа бояд ҷорӣ кардани усулҳои нави таълими духтурон ва ҳамшираҳои шафқат, беҳтар намудани сифати муолиҷа, пешгирӣ кардани таъин кардани доруҳои сершумор, ва аз ҳама муҳимаш дар муассисахои табобатӣ ташаккул додани муҳити клиникаҳои пешқадам бошад.

Дар тӯли ду соли охир барои рақамисозии соҳаи тиббӣ аз буҷа 90 миллиард доллар ҷудо шуда буд. Дар натиҷа, дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ осонтар ва қулайтар шуд. Минбаъд системаҳои «Дармонгоҳи электронӣ», «Беморхонаи электронӣ» ва «Корти тиббии электронӣ» ба кор андохта мешаванд. Доруҳое, ки ба бастаи кафолатдодашуда ворид мешаванд, дар асоси ресепти электронӣ дода мешаванд. Беморхонаҳои вилоятӣ низ ба системаи муроҷиати электронӣ пайваст карда мешаванд.

Сарвари давлат қайд кард, ки ҳар як фавт дар байни модарон ва навзодон бояд ҳолати фавқулода арзёбӣ шавад. Дар бобати бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонидани таваллудхонаҳо, беҳтар намудани саломатии занони ҳомила ва синну соли таваллуд, таълими иловагии акушерка ва ҳамшираҳои шафқат вазифаҳо гузошта шудаанд.

Иҷрои вазифаҳои аз ин пеш дар соҳаи маданият муайяншуда таҳлил карда шуд. Масъалаҳои дар ҳар ноҳия сохтани хонаи маданияти дорои толори кино, китобхонаю маҳфилҳо, дар маҳалҳо гузарондани чорабиниҳои маданӣ-равшаннамоӣ ва ба санъат ҷалб намудани ҷавонон муҳокима шуданд.

Дар бобати ба яке аз намудҳои спорти оммавӣ махсус гардондани маҳаллаҳо, ташкили мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ низ вазифаҳо гузошта шуданд.

Масъалаҳои омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпӣ, ки имсол дар Париж баргузор мешаванд, низ баррасӣ шуданд. Зимнан зикр гардид, ки барои варзишгарон барои дарёфти литсензия ва омодагии хуб ба мусобиқаҳо тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Муҳимияти муоинаи амиқи тиббӣ, ёрии босифати фармакологӣ ва парҳезии онҳо қайд гардид.

Оид ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда шахсони масъул ҳисобот доданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: