КОРИ ПУРШАРАФИ МУАЛЛИМ

Дар замири ин ҳикмат зиёда маъно нуҳуфта аст.

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
Ва аз падар устод дар пеш аст.
Дар замири ин ҳикмат зиёда маъно нуҳуфта аст. Омӯзгорӣ корест шарафнок. Омӯзгорро қадр мекарданд, байни мардум ҳурмату эҳтироми хос дошт. Омӯзгор меомӯхт то биомӯзонад, маҳорати педагогиро такмил медод, месӯхт то бисозад. Имрӯз ба пешаи омӯзгорӣ бештар эътибор дода мешавад. Нуфузи омӯзгорон баланд мегардад. Солҳои пеш омӯзгорон аз имтиёзҳо маҳрум гардида буданд. Қадри омӯзгор поин рафт. Бисёр омӯзгорон аз пешаи муаллимӣ даст кашида, ба корҳои дигар машғул мешуданд. Сафи омӯзгорони мард кам гардида буд.
Ислоҳоти соҳаи таълим дар амал тадбиқ меёбанд. Муҳокимаи тадбирҳои рушди таълими томактабӣ ва мактабӣ  қадами нав дар соҳаи таълим буд. Шиносоии Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти пешниҳоду таклифҳо оид ба инкишофи системаи таълими томактабӣ ва мактабӣ нишонаи эътибори Сарвари давлат ба кори таълиму тарбия мебошад. Маоши омӯзгорон зиёд гардида, обрӯ ва мавқеи онҳо дар ҷомеа мустаҳкам гардид. Бунёди Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб ибтидо мегирад, таъкид намудааст Сарвари давлат. Кулли бунёдкориҳои ҷомеа, рушду нумӯи кишвар ва дар ин замина беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ ба ҷавонон, ба дониш ва таҷрибаю маҳорати онҳо вобаста аст. Ҳар гуна ҷомеа ба ҷавонони донишманду соҳибкори бомаърифат ниёз дорад.
– Ислоҳоти соҳаи таълим, эътибори бевоситаи Сарвари давлат омили муҳими болоравии қадру шаън ва нуфузи омӯзгорон гардид. Ҳаёти моддӣ ва иҷтимоӣ беҳбудӣ пайдо кард. Муҳайё гардонидани шароит ва имконоти фаъолияти таълимию тарбиявӣ дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ моро водор мекунад, ки бештар омӯзем, маҳорати педагогиамонро такмил диҳем, – мегӯяд муаллимаи мактаби рақами 17-уми шаҳри Навоӣ Дилдора Қоматова. – Ман 28 сол мешавад, ки ба шогирдон аз фанни технология сабақ медиҳам. Соли хониши равон роҳбарии хонандагони синфи 11- «Г»-ро дар ӯҳда дорам. 30 нафар духтару писарони ташнаи донишу илм ба шоҳроҳи ҳаёт қадам мегузоранд. Онҳо натанҳо бо хониши аъло, балки бо одобу рафтори намунавӣ, орзуҳои наҷиб ва комёбиҳояшон ифтихори мактаб мебошанд. М. Тошпӯлатова, С. Рустамова, Ш. Баротова, М. Холбӯтаева, Т. Абдинабиевҳо толибилмони пешқадами синф мебошанд. Имони комил дорам онҳо дар бунёди Ӯзбекистони Нав саҳм мегузоранд.
– Мактаби рақами 17-уми шаҳри Навоӣ дар вилоят яке аз таълимгоҳҳои бонуфуз мебошад. Дар ин даргоҳи таълим 2208 нафар толибилмон таълим мегиранд. Ба онҳо 186 нафар омӯзгорон сабақ медиҳанд. Ба омӯзгорони ҷавон муаллимаҳои соҳибтаҷриба Хурсандой Ҳотамова, Замира Бозорова, Ойша Тӯрақулова ва омӯзгорони тоифаи олӣ – Шаҳноза Абдуназарова, Матлуба Эргашева, Саодат Ашурова, Шоиста Ҷумъаева, Ирода Тағоева, Нафиса Қурбонова ҳамеша кумак ва маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: