НУҚТАҲОИ НАВИ АҲОЛИНИШИНИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Мавзее, ки мувофиқи меъёрҳои замонавӣ бунёд мегардад, бинобар ҳамоҳангии хосаш бо табиати атроф, манзараи зебои сарсабзи худ нодир аст.

Дар ин ҷо бунёди ҳавзҳо ва фаввораҳо, майдони серсоя барои саёҳат ва истироҳат, майдончаҳои бозии бачагона ва консертӣ, гулбоғ, боғ пешбинӣ шудааст, ки бо истифода аз технологияи камасрифи энергетикӣ сохта мешаванд. 
Тавре ки шумо пай бурдед, сухан дар бораи мавзеи «Ӯзбекистони Нав» – шаҳраки ба худ хоси экологӣ меравад, ки дар шаҳри Фарғона бунёд меёбад. Ҳангоми боздидаш аз вилояти Фарғона Президент бо ҷараёни ин корҳо шинос шуд.
Алҳол сохтмон дар ҳудуди бузурги масоҳаташ 300 гектар идома дорад. Дар ин ҷо 298 хонаи бисёрҳуҷра барои зиёда аз 65 ҳазор сокин қад рост мекунад. Ин барои шаҳри сераҳолии Фарғона ва тамоми вилоят аҳамияти махсуси иҷтимоӣ дорад.
– Ҳудуди вилояти мо дар минтақаи сейсмологии 7-8 хол қарор дорад, маҳз барои ҳамин ҳам ба тобоварии сейсмологии биноҳо эътибори зиёд дода мешавад, – мегӯяд мутахассиси пешбари инспексияи ҳудудии вилоят оид ба назорати соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзиливу коммуналӣ Умедҷон Узоқов. – Ҳамзамон мо сифати маводи сохтмонро мунтазам назорат мекунем ва ба меъёрҳои давлатӣ риоя менамоем. Барои ин дар ноҳия лаболаторияи махсус мавҷуд аст. Барои мисол, танҳо намунаҳои хишт, семон ё худ арматурае, ки дар лаборатория тадқиқ шуда, ба мо расидаанд, қабул карда мешаванд. Дар ҷараёни ин раванд беш аз 20 ҳуҷҷати идоравӣ бинобар маводи бадсифат тайёр ва ба ташкилотҳои масъул пешниҳод шуданд.
Аз ин муносибат ашхоси масъули ташкилоти сохтмонӣ низ розианд, зеро онҳо аз мустаҳкамии иншооти бунёдкардаашон, ки метавонанд солҳои дароз ба мардум хидмат кунанд, манфиатдоранд. 
– Мо ду хонаи истиқоматии 7 ошёна месозем ва аз назорати мунтазами созмонҳои масъул манфиатдор мебошем, – мегӯяд роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мадина» Мирзоакбар Расулов. – Ҳамчунин талаботи нав бобати таъмин сохтани самаранокии энергетикӣ иҷро шуданд: болопӯши биноҳо базалтӣ буда, дар бом панелҳои офтобӣ ва коллекторҳои аз нури офтоб гармкунандаи об гузошта шудаанд, хонаҳо бо лифтҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Барои сокинони шаҳр тамоми қулаиҳо фароҳам оварда шудаанд. Ташкилоти таълими томактабии дорои 420 ҷой, мактаб барои 990 хонанда, поликлиникаи соҳиби 220 кат тақрибан тайёранд, дар онҳо корҳои охирин бурда мешаванд. Тасаввур кунед, ки аз хона баромада, кӯдаки худро дар боғчаи бачагона ё худ мактаб мегузореду бо хотири ҷамъ ба коргоҳатон меравед. Ё худ шумо метавонед дар вақти хостаи худ аз хидмати поликлиникаи наздиктарин истифода бубаред. Иншооти дигари иҷтимоӣ ва истироҳатӣ, чунончи истгоҳи автомобилӣ, дуконҳо низ дар шафати хонаи шумо қарор доранд. Шомгоҳ метавонед бо аҳли оила ба боғи «Ӯзбекистони Нав» равед ва аз ҳавои тоза ҳаловат бубаред. 
Акнун биёед ба ҷиҳате, ки боиси рағбати аксарият мебошад, назар дӯзем: арзиши хонаҳои дар ин ҷо сохташуда чӣ гунаанд ва чӣ тарз метавон соҳиби хона шуд? – Мо хонаи нӯҳошёна месозем ва аллакай 50 ҳуҷраро фурӯхтем. Харидорон омада хонаро бо чашми худ мебинанд ва шартнома мебанданд, – мегӯяд менеджери оид ба фурӯши ширкати сохтмони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Reverem Gold» Абдувосит Зоҳидов. – Одамонро ҳавои тоза, хатти махсуси обгузаронӣ, пӯшиши хубу мустаҳками бом, ороиш ва дизайни замонавии даромадгоҳҳо, истифода аз маводи босифати сохтмон, ҳамчунин мавқеи ба мактаб, боғчаи бачагона, масҷидҳо наздик ҷалб менамоянд. Ҳоли ҳозир як метри мукааби ин хонаҳо ба ҳисоби миёна 5 миллион сӯм мебошад. Бо дарназардошти фикру ақидаи харидорон дар ин ҷо манзилҳои 2,3,4 ҳуҷрагӣ сохта мешаванд, ҳамчунин ҳуҷра – студияҳо мавҷуданд. Дар мо вомҳои ипотекӣ нестанд, вале дароз кардани муҳлати пардохт то ба 48 моҳ ба роҳ монда шудааст. Аъзобадали аввалинро дар ҳаҷми 10-15 фоиз метавон дар шакли гуногун пардохт.
Бояд таъкид кард, ки дар шаҳр хонаи махсуси савдои хидматҳои бонкӣ кушода шудааст. 
Мо тайёрем ба онҳое, ки мехоҳанд дар ин шаҳраки экологӣ хона харид кунанд, кӯмак расонем. Дар ин ҷо ҳар рӯз ходимони масъули ҳафт бонки вилоят кор мекунанд, – мегӯяд сардори маркази хидматҳои бонкии «Туронбонк»-и Фарғона Паҳлавон Эгамов. – Мо ба ҳамватанони худ вомҳои ипотекии 18 фоизаи солонаро ба муҳлати то 20 сол пешниҳод мекунем. – Шаҳрвандон на камтар аз 15 фоизи миқдори умумии қимати ҳуҷраро мепардозанд, 85 фоизи боқимондаро бонк пардохт мекунад.
Пешбинӣ мегардад, ки соли равон 80 хона барои истифода супурда шавад.  Солҳои минбаъда сохтмони хонаҳои бисёрошёна, мактаб ва кӯдакистонҳо, меҳмонхонаҳо идома меёбанд, дар ҳудуди ҳамшафат минтақаи хурди саноатӣ сохта шавад. Бо гузашти айём ин шаҳр мавзеи хуби   аҳолиро бо манзил ва музди меҳнат таъмин кардани аҳолӣ, намунаи беҳтарини шаҳрсозии замонавӣ хоҳад шуд. 

Масъудҷон
 СУЛАЙМОНОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: