ХАЛҚЕ, КИ ВАҚТРО БА ИМКОНИЯТ, ИМКОНИЯТРО БА МУВАФФАҚИЯТ, МУВАФФАҚИЯТРО БОШАД, БА АСОСИ ПЕШРАФТ ТАБДИЛ ДОДА ТАВОНИСТ, ХАЛҚИ БУЗУРГ АСТ

  • ХАЛҚЕ, КИ ВАҚТРО БА ИМКОНИЯТ, ИМКОНИЯТРО БА МУВАФФАҚИЯТ, МУВАФФАҚИЯТРО БОШАД, БА АСОСИ ПЕШРАФТ ТАБДИЛ ДОДА ТАВОНИСТ, ХАЛҚИ БУЗУРГ АСТ
  • ХАЛҚЕ, КИ ВАҚТРО БА ИМКОНИЯТ, ИМКОНИЯТРО БА МУВАФФАҚИЯТ, МУВАФФАҚИЯТРО БОШАД, БА АСОСИ ПЕШРАФТ ТАБДИЛ ДОДА ТАВОНИСТ, ХАЛҚИ БУЗУРГ АСТ

31 август дар шаҳри Тошканд тантанаҳо ба муносибати сию дуюмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуданд.

Дар чорабинӣ Президент Шавкат Мирзиёев иштирок кард. Роҳбари давлат халқи моро бо ин воқеаи хотирмон муборакбод намуд. 
Сарвари кишвар таъкид сохт, ки Ӯзбекистон дар давраи сипаришуда, дар санҷишҳои роҳи тайнамуда обутоб ёфта, таҷрибаи зарурӣ ҷамъ овард ва чун давлати мустақиле, ки мақсад, роҳ ва мавқеи мушаххаси худро дорад, ташаккул ёфт.  
– Меҳнати ҳамарӯзаи шумо, азизони ман, муҳаббату садоқататон ба Ватан барои таҳкими минбаъдаи истиқлолияти Ӯзбекистон хидмат мекунад. Аз ин нуқтаи назар, агар гӯем, ки ҷашни истиқлол – ҷашни умумии мо, Ӯзбекистони мустақил бошад, ифтихор ва шаъну шарафи умумии мост, дуруст хоҳад буд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Бешубҳа, роҳи халқи мо ба мустақилӣ, фаровонҳолии кунунӣ осон набуд. Саъю кӯшишҳои сиёсӣ ва маърифатии гузаштагони мо дар самти мазкур тӯли ним садсолаи охир нерӯ гирифтанд. Қаҳрамонони миллат, ки барои озодӣ саъй мекарданд, табъид гардиданд. Ба шарофати истиқлол номи неки онҳо барқарор карда мешавад. 
То дарёфти истиқлолият тамоми иқтидори халқи мо ба хоҷагии қишлоқ равона шуда буд. Вожаи «ӯзбек» ба онҳое мутааллиқ буд, ки шабу рӯз дар саҳрои пахта меҳнат мекарданд. Сиёсати пахта Аралро хушк кард, низоми экологии моро ба буҳрон рӯ ба рӯ намуд, иқтисодиёт, низоми таълимро аз қолаб берун сохт.
Алҳол дар пахтакорӣ равандҳои иқтисодиёти бозаргонӣ ҷорӣ гардид, меҳнати иҷборӣ ва бачагона решакан карда шуд. Муаллим ба мактаб, духтур ба беморхона баргашт, Ӯзбекистон аз «рӯйхати сиёҳ»-и байналхалқӣ хориҷ карда шуд. 
Барои ҳеҷ кас пушида нест, ки дар пояи мустақилии сиёсӣ пеш аз ҳама мустақилии иқтисодӣ қарор дорад. Барои мустаҳкам шудани пойдевори он корҳои васеъмиқёс ва натиҷаҳои бадастомадаи солҳои охир мусоидат карданд. Исботи равшани он тӯли шаш соли охир дар мамлакат беш аз 1,5 баробар афзудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, 2 баробар зиёд шудани миқдори субъектҳои соҳибкорӣ ба шумор мераванд, афзоиши саноат аз 40 фоиз гузашт. 
– Вале моро лозим аст, ки имрӯзро на бо дирӯз, балки бо фардо муқоиса кунем, корро бо дарназардошти ин ба роҳ монем. Зеро оянда аз қадамҳое оғоз мегирад, ки мо имрӯз мегузорем, – гуфт Президент.
Таъкид шуд, ки таълим барои асоси пешрафт хидмат мекунад, корҳое, ки дар ин соҳа иҷро шуданд, қайд гардид. 
– Таърихи сеҳазорсолаи давлатдории мо аз он шаҳодат медиҳад, ки ниёгони мо ҳамеша дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нафақат бо меҳнати ҷисмонии худ, балки бо фаъолияти зеҳниашон саҳми бузург гузоштаанд. Мо ворисони шахсиятҳои бузурге ба шумор меравем, ки оламро нафақат бо захираҳои моддӣ, балки пеш аз ҳама бо натиҷаҳои илм, маърифат, суннатҳои маънавӣ ғанӣ гардонидаанд. Бешубҳа, сифатҳои олии хоси онҳо, анъанаҳои шуҳратёри офаридаашон имрӯз ҳам дар қалбҳо, шуури мо зиндагӣ мекунанд, дар ҳаёти ҳамарӯзаи мо ҳузур доранд. Ман муътақидам, ки мо барои сазоворона идома додани ин роҳи таърихӣ қодир мебошем, – таъкид кард роҳбари давлат.
Президент дар суханронии худ эътибори ҷомеаро ба вазифаҳои муҳиме, ки имрӯз дар назди кишвари мо қарор доранд, ҷалб сохт. Ин мушкилоти экологӣ, ҳарчи зудтар гузаштан ба иқтисодиётест, ки ба муносибати эҳтиёткорона нисбати об, энергетика ва захираҳои дигари табиӣ, ба роҳ мондани корхонаҳои инноватсионии истеҳсолӣ нигаронида шудааст.
– Мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки захираҳои табиӣ ин сарвати барои насли оянда дахлдор маҳсуб меёбанд. Бинобар ҳамин ҳам моро зарур аст, ки аз онҳо оқилона истифода бубарем, нафақат аз хусуси имрӯз, балки дар бораи фардо андеша бикунем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Боз як вазифаи муҳим барои занон фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ба шумор меравад. Аз ин хусус ҳарф зада, Президент суханони ниёи бузурги маърифатпарвари мо Абдурауф Фитрат: «Занон – модари миллатанд»-ро ба забон овард. 
Таъкид шуд, ки инсоният солҳои охир бо санҷишҳои мураккаб рӯ ба рӯ шуд, дар чунин шароит халқҳои муттаҳиди дорои иродаи мустаҳкам метавонанд мунтазам инкишоф ёбанд. 
– Ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон бояд таъмин сохтани ваҳдати халқи мо, якпорчагии мамлакатро вазифаи ҳаётии худ донад. Танҳо дар ваҳдат мо халқи ягона, танҳо якҷо мо кишвари муқтадирем! – гуфт Президент.
Сарвари Ӯзбекистон таъкид кард, ки халқи сулҳпарвари мо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфиди тарафайнро бо давлатҳои хориҷи наздик ва дур инкишоф хоҳад дод. 
Зикр шуд, ки бо вуҷуди муҳим ва мурракаб будани вазифаҳои пешистода мо дар ҳамҷиҳатӣ барои ҳаллу фасли онҳо нерӯ ва имкониятҳои зарурӣ дорем. 
– Тавре ки таърих шаҳодат медиҳад, халқе ки вақтро ба имконият, имкониятро ба муваффақият, муваффақиятро бошад, ба асоси пешрафт табдил дода метавонад, халқи бузург аст. Алҳол халқи меҳнатдӯст, мард ва саховатманди мо маҳз чунин сифатҳоро зоҳир мекунад, – гуфт роҳбари давлат.
Президент ба тамоми ҳамватанон, ба кулли халқи мо, ки дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав фидокорона заҳмат мекашанд, миннатдорӣ баён намуд. 
– Зинда бод халқи мо – созандагони тамоми дастовардҳои мо! Бигузор дар кишвари зебои мо ҳамеша сулҳу салоҳ ҳукмрон бошад! Бигузор Худованд мудом муҳофизи Ватани мо бошад! Бигузор истиқлолияти мо абадӣ бод! – Президент суханронии худро бо ин суханон анҷом дод.
Ҷашн бо барномаи муҳташами консертӣ, ки дар он орзуву ормонҳои гузаштагони мо оид ба озодӣ инъикос ёфтаанд, идома ёфт. Хотираи фарзандони диловаре, ки барои ҳаёти осудаи мамлакат ҳалок шудаанд, қадр гардид. Дар суруд ва оҳангҳои классикӣ санъати ғанӣ ва ҳувиятҳои халқи мо равшан зуҳур ёфтанд, дар баромади ҷамоаҳои фолклориву этнографӣ ҷиҳатҳои нодири тамаддунҳои мухталифи Ӯзбекистон инъикос гардиданд.  
Тантанаҳо бевосита аз тариқи телевизион ва интернет намоиш дода шуданд. 
Чорабиниҳои идона ба муносибати сию дуюмин солгарди истиқлолияти Ватани мо дар саросари ҷумҳурӣ идома доранд.

ӮзА.
Сурати Хидмати матбуоти 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: