ТАБИБЕ, КИ ХУДМУОЛИҶАРО ТАВСИЯ МЕДИҲАД

Саломатӣ барои инсон давлати бузург аст.

Тани инсон дарднок бошад ва ба бемории бедавое гирифтор бошад, ба назараш на ҷоҳу ҷалол, на мансаб ва на молу мулк менамояд. Абӯалӣ Сино фармудааст: «Табибе, ки инсоншинос нест, забони бемори худро хуб намедонад ва ба умқи қалби ӯ сар дароварда, аз ҳоли олами ботинии ӯ огоҳӣ пайдо намекунад, аз донишу маҳорати ӯ чӣ суд?»

Муллозуҳур Тоҳириро, ки бо обу гиёҳ табобат мекунад, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистон низ ҳамчун табиби ҳозиқ, донандаи касби худ хуб мешиносанд. Ӯ сарвари Ассотсиатсияи гиёҳпизишкон ва табибони халқии Тоҷикистон. Ба қарибӣ дар Конгресси байналмилалии нависандагону табибон дар ноҳияи Айнӣ, дар осоишгоҳи «Доктор Тоҳирӣ» доир ба китобҳои табибон, комёбиҳо ва гиёҳҳои нави доруворӣ сухан гуфт. Тоҳирӣ чунин гирдиҳамоиҳоро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барпо намудааст. 
Ҳадафи асосии доктор Тоҳирӣ ҳамчун табиби халқӣ муҳимтар аз ҳама пешгирии беморӣ ва омӯзондани худмуолиҷакунӣ аст. Ба ақидаи ӯ ҳар як инсон вазифадор аст, ки дар мавридҳои зарурӣ ба худ ва дигарон кумаки аввалаи тиббӣ расонда тавонад. Ӯ ҳамаи сафарҳояшро дар гӯшаю канори Тоҷикистону Ӯзбекистон бо маблағи шахсии худаш анҷом медиҳад. Баҳри ҳифзи солимии мардум аз ҳеҷ душворӣ ҳарос надорад. Маромаш некӣ ба бор овардан аст.  
Чанде пеш табиби хирадманд бори дигар меҳмони рӯзномаи «Овози тоҷик» гардид. 
– Муттасил ба машқҳои ҷисмонӣ ва обутоби бадан машғул шудан, дар ҳавои кушод сайр намудан манбаъҳои асосии солимии тан аст. Об беҳтарин дору аст. Бемории табобатнашаванда нест, ҳастанд бемороне, ки хоҳиши табобатро надоранд, – мегӯяд табиб. 
Системаи солимгардонӣ ва дарозумрӣ бо усули доктор Тоҳирӣ чунин аст: Ҳар субҳ пеш аз ғизо 500 мл. ва пас аз 1 соати қабули ғизо 200 мл. оби ширгарм нӯшед. Ҳар рӯз ду маротиба пеш аз ғизо як қошуқи ош асал истеъмол намоед. Ҳар субҳ 15-20 дақиқа бо машқи ҷисмонӣ машғул шавед. Ду маротиба дар як рӯз 10-15 дақиқа бо машқҳои нафас машғул шавед, ҳар рӯз 4-10 км. пиёда роҳ гардед. То як кг. сабзавот, меваҷот ва кабудӣ истеъмол намоед. То 30-40 дақиқа ханда ва табассум намоед, ханда ва хушҳолӣ ба инсон хусусияти шифоӣ дорад. Ҳар бегоҳ 15-20 дақиқа рақс кунед. Машқҳои худоромкунӣ: пеш аз хоб чашмҳоро пӯшида, аз Худо барои гуноҳҳоятон узр пурсед ва ибораҳои зеринро такрор намоед: ман солим, ман ҷавон, ман зебо, батахту бабахт, ман то 100 сол умри солим мебинам...
Дарҳақиқат, ба гуфтаи табиб саломатии инсон дар дасти худи ӯст. Соҳибдиле фармудааст:
Гар ният пок асту дил пок асту пок аст орзу,
Ҳар чӣ дилхоҳе, ки мехоҳӣ, ба дастат мерасад. 

С. БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».                
       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: