ё худ боз мегӯям, ки «мо аз дигарон кам нестем»
Субҳе садои мобилӣ баланд шуд.
– Муаллим, шодбошӣ диҳед, мактаб дар ноҳия ҷойи аввалро гирифт, – гуфт Абдураҳмон ҳолпурсиро як сӯ гузошта.
Пай бурдам, ӯ бисёр хушнуд асту эҳсосоти худро пинҳон надорад. Чӣ хел ҳам шодмон набошад. Бори аввал аст, ки мактаби таълимаш ба забони тоҷикӣ байни 55 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактаб-интернати ихтисосёфтаи эҷодии ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ дар зинаи аввал қарор гирифт. Бешубҳа, ин комёбии камназир аст.
Мактаб омадам. Саҳнаи мактаб тозаву озода. Толибилмон дар дарс буданд. 5-6 нафар муаллимони аз дарс озод зери дарахти зардолу рӯйи курсии чӯбин нишаста, бо ҳам самимона суҳбат доштанд. Пас аз ҳолпурсии маъмулӣ бо комёбии мактаб дар ноҳия гуфтам.
– Ҳа, заҳматҳои шабурӯзии муаллимон ва саъю ҳаракати шогирдон самараи худро дод, – ба сухан омад ҷонишини директор оиди корҳои маънавӣ-маърифатӣ Дилмурод Қӯзиев. – Хонандагони мактаб анъанаи бародарони худро давом дода, ҳамаи хатмкунандагон донишҷӯи донишгоҳҳои кишвар гардиданд. Дар соли 2021 ҳам 12 нафар хатмкардагони мактаб 100 фоиз донишҷӯ гардида буданд. Соли хониши гузашта ин нишондод 70 фоизро ташкил карда буд.
Ба хонаи кории ҷонишини директор оиди корҳои таълим Абдураҳмон Раҳимов ворид шудам. Ӯ сари компутери кориаш нишаста, бо директори мактаб Тангир Раҳмонов сари кадом масъалае суҳбат дошт. Ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, ҳар дуро шодбошӣ гуфтам.
– Маълум аст, ки ҳар сол баъди ҷамъбасти имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олии мамлакат рейтинги мактабҳо маълум карда мешавад. Рейтинги мактабҳои ноҳияи Нураторо эълон кардаанд. Бобати ба мактабҳои олӣ дохилшавии довталабон ва чанд талаботи дигар мактаби мо, яъне мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 30-юм байни 55 мактаби ноҳия ҷои аввалро ишғол намуд, – гуфт директори мактаб Т. Раҳмонов.
– Мактабҳои ноҳияро вобаста ба мавқеи ишғолнамудааш ба чор гурӯҳ ҷудо намуда, бо чаҳор ранг – сабз, зард, қаҳваранг ва сурх ишора намудаанд. Мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рақами 30, 47 ва 32-юм бо ранги сабз ишора гардида, мутобиқан ҷойҳои 1-3-юмро ишғол намудаанд. Мактабҳои номбурда мутобиқан холҳои зерро ба даст овардаанд: 108,17; 98,23 ва 95,4. Мактаби мо аз ҷои дуюм бо даҳ хол тафовут мақоми аввалро гирифт, – гуфт бо хушнудӣ А. Раҳимов, аз мобилӣ рӯихати натиҷаи рейтинги мактабҳои ноҳияро нишон дода.
Мактаби рақами 30 дар деҳаи Сойхурди маҳаллаи «Каттасой» ҷойгир аст. Соли 1985 ба мактаби миёна табдил ёфт. То ин вақт чун филиали мактаби овозадори рақами 43 фаъолият дошт. Толибилмон чаҳор сол ин ҷо таълиму тарбия гирифта, аз синфи панҷум то хатми мактаб дар деҳаи Эҷ таълим мегирифтанд. Алъон беш аз 20 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд. Ҳамаи омӯзгорон маълумоти олӣ доранд. Таълим дар мактаб ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Нурато кори таълиму тарбия дар панҷ мактаб ба забони тоҷикӣ пеш бурда мешавад. Вазъи мактабҳои тоҷикиро медонем: бо сабабҳои гуногун забони таълими садҳо мактаби тоҷикӣ тағйир дода шуд. Чунин «пешниҳод» доири тағйири забони таълими мактабҳои тоҷикии ноҳияи Нурато низ аз ҷониби болонишинон ба миён омада буд. Ва бо даву този чанд нафар равшанфикрон пеши роҳи ин ҳаракат гирифта шуд. Гӯё толибилмони мактабҳои тоҷикӣ ба донишгоҳҳо дохил шуда наметавонанд. Камина дар мақолаи «Мо аз касе кам нестем» («Овози тоҷик», 15 сентябри соли 2023) доири ин муаммо андешаҳои худро иброз доштаам.
Такрор мегӯям: – Мо аз касе кам нестем! Ҷуз мактаби рақами 30-юм, мактабҳои тоҷикии рақами 21 ва 43-юм дар рейтинги муассисаҳои таълимии ноҳия мутобиқан ҷойҳои шашум ва ҳаштумро ишғол намудаанд. Довталабони мактаби 21-уми деҳаи Соб 100 фоиз донишҷӯи донишгоҳҳо гардиданд.
А. Раҳимов рӯихати хонандагонро дод, ки соли равон ба донишгоҳҳо дохил шудаанд. Байти машҳури шоир:
Хишти аввал гар ниҳад
меъмор каҷ,
То Сурайё меравад
девор каҷ,
-ро ёдовар шуд Абдураҳмон. Гуфт, ки толибилм дар мактаб нӯҳ сол таълим мегирад. Маҳз ҳамин омӯзгорон дасти каҷи ӯро рост мекунанд. Бо имтиҳон ба литсей дохил мешаванд. Ошкор аст, ки хонандагони беҳтарин он ҷо мераванд. Ду сол он ҷо таҳсил намуда, донишҷӯ мегарданд. Ва зимни ҳисобот онҳоро дастоварди литсей медонанд. Заҳмати нӯҳсолаи омӯзгори мактаб ба инобат гирифта намешавад. Ба андешаи камина ин асло аз рӯйи адолат нест.
Воқеан, хишти аввали ин синфро омӯзгори соҳибтаҷриба Шӯҳрати Нурназар гузоштааст. Беҳуда нагуфтаанд, илм дар ҷавонӣ нақш бар санг аст. Омӯзгор тавонист дар дили кӯдакон шарораҳои донишомӯзиро фурӯзон намояд. Дар синфҳои болоӣ фанҳои алоҳидаро аз А. Раҳимов, С. Турсунов, Д. Қӯзиев, Н. Қиличова, Ҳ. Рӯзиев, Т. Раҳмонов, Раҳими Набӣ, Н. Нурназаров, Ф. Нурназаров ва дигарон омӯхтаанд. Бешубҳа, саҳми ҷамоаи омӯзгорони мактаб дар таълиму тарбияи фарзанди халқ беназир аст.
Дар мақолаи «Мо аз касе кам нестем» навиштаам: «... зимни як суҳбат муаллиме аз ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё (дақиқан мактаби рақами 9) гуфта буд: «Шумо – эҷиён фахр мекунед, ки шогирдонатон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб меоянд. Фаромӯш мекунед, ки онҳо танҳо аз забон ва адабиёти тоҷик дастболо гардидаанд. Фанҳои дигар-чӣ?» Ин буд ҷавоб ба суоли ман, ки: «Чаро фарзандонатонро ба синфҳои тоҷикӣ намесупоред?» Дар мақола ба ин суоли он рафиқ ҷавоб гуфтаам, вале набояд фаромӯш кард, «Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, омӯхтани сад забон осон гардад». Интихоби забони таълим ихтиёрист. Набояд фаромӯш кард, кӯдак ҳамеша бо забони модарӣ андеша мекунад, пас ба забони дигар ибрози дил мекунад. Набояд фаромӯш кард, мо қобилияти илмазхудкунии кӯдаконро суст мекунем. Худ тасаввур намоед, кӯдак танҳо ҳангоми мулоқот бо омӯзгор ба забони таълим мулоқот мекунад. Ҳатто дар давоми дарс бо ҳамнишини худ бо забони модарӣ ҳарф мезанад. Дар танаффус, дар кӯчаву хона низ бо забони модарӣ гуфтугӯ мекунад.
Зимни навиштани ин мақола бо ҷонишини директор оиди корҳои таълими мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунобод Баҳодур Бекназаров дар тамос шудам. Оиди дохилшавии довталабони мактабҳои олӣ суолаш додам, ки гуфт:
– Соли равон синфи тоҷикиро 13 нафар ва гурӯҳи ӯзбекиро (аксарият тоҷиконанд) 27 нафар хатм намуданд. Аз синфи тоҷикӣ 3 нафар ва аз гурӯҳи ӯзбекӣ ҳамагӣ 4 нафар донишҷӯ гардиданд. Хулоса – аз шумо.
Имрӯз собиқ хатмкардагони мактаби №30 дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Тирмизу Фарғона, Ҷиззаху Бухоро ва Навоию Чирчиқ сарбаландона таҳсил доранд. Аксарияти ин донишҷӯён бо гранти давлатӣ мехонанд ва собит намудаанд, ки аз касе кам нестанд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.