БОҒИ СОБИҚАДОРОНИ МАКТАБ

Ибтикори наҷибе, ки дар чорчӯбаи тадбири «40 рӯзи зарбдор» дар таълимгоҳи миёнаи рақами 73-юми шаҳр (собиқ рақами 14-уми ноҳияи Самарқанд) ба вуқуъ пайваст, бунёди «Боғи собиқадорон» дар ҳавлии мактаб буд.

– Дар атрофи бинои мактаби мо қариб се гектар майдон буда, як қисми он бекор мехобид, – гуфт сарвари таълимгоҳ Озода Назарова. Бо ҷамоати муаллимон машварат ороста аҳд кардем, ки «Боғи собиқадорон»-ро бунёд намоем. Иқдоми некро толибон низ дастгирӣ карда ниҳолҳои мевадор ва манзаравӣ, гулбуттаҳои бисёрсола оварданд. Дар ҳашари ободонию хуррамсозӣ собиқадорони таълими халқ, падару модарон низ ширкат варзиданд.
Умед аст 140 бех ниҳолҳои зардолу, гелос, шафтолу, чормағз, тути балхӣ ва 200 бех гулҳои рангоранг нашъунамо ёбанд.
Бояд таъкид намуд, ки мактаби миёнаи мазкур таърихи беш аз 80-сола дошта, дар ин ҷо ҳазорон нафар фарзандони деҳаҳои Навбоғчиён, Кӯл, Темурқишлоқ ва ғайра таълиму тарбия гирифтаанд. Дар байни онҳо олимони маъруф, ходимони намоёни тиб, ҳимоятгарони ватан, ҳуқуқшинос, кишоварз ва соҳибони дигар касбҳо ҳастанд.
Ҳоло дар мактаб 460 нафар толибилмон аз 65 нафар устодон дар синфхонаҳои компютердор, хушҳаво, равшан сабақ мегиранд. Мавсума Ҷӯраева, Мавлуда Қобилова, Ҳусайн Рустамов, Моҳчеҳра Буриева барин омӯзгорони соҳибтаҷриба кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шогирдон соҳиби илму дониш шаванд.
– Имсол 51 нафар насли наврас мактабро хатм карда, қариб 20 нафар донишҷӯйи мактабҳои олии Самарқанд ва Тошканд шуданд, – иброз дошт Озода Эргашевна.
Дар омади гап таъкид намуд, ки собиқадорони таълими халқ тез-тез ташриф оварда, барои беҳдошти илму дониш гирифтан маслиҳат медиҳанд, ки аз онҳо сипосгузор ҳастем. Ана ба ҳамин хотир боғ ташкил ёфт.
Инчунин дар беш аз як ҳазору 200 мактаби миёнаи вилояти Самарқанд тадбири «Макони сабз» идома меёбад. Бино ба маълумоти котиби матбуоти садорати идораи таълими халқ бо ғайрату ҳашари педагогҳо ва хонандагон дар вилояти Самарқанд беш аз 300 ҳазор бех ниҳолҳои мевадор ва манзаравӣ, гулбуттаҳои бисёрсола шинонда шудааст 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: