Дар Тошканд ҷамъоварии кумаки башардӯстона барои мардуми Туркия оғоз шуд

Палатаи савдо-саноати Ӯзбекистон ва Бунёди «Ҷавонон - ояндаи мо» аз номи корчаллонҳои ду кишвар дар Ӯзбекистон UTID, DEIK, MUSIAD ба мардуми бародари турк кумакҳои башардӯстона ташкил мекунанд.

Дар натиҷаи заминларзаи шадиде, ки дар минтақаҳои ҷануби шарқии Туркия рух дод, бар асари он шумораи зиёди одамон ҳалок ва талафоти зиёд дидаанд, аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон ва Бунёди «Ҷавонон – ояндаи мо»  ба халқи бародари турк аз номи корчаллонҳои ҳар ду мамлакат УТИД, ДЕИК, МУСИАД дар Узбекистон, кумаки инсонпарварона фиристода мешавад.                                                                                                                                                             Рӯйхати маҳсулотҳои зарурӣ. Шахсоне, ки хоҳиши расондани ёрии инсондӯстона доранд, хоҳиш карда мешавад, ки ба нишонаи зерин муроҷиат кунанд: технопарки Донишкадаи саноати сабук ва бофандагии Тошкент. Шаҳри Тошканд, кӯчаи Бобури

Ноҳияи Яккасарой, хонаи 30-юм.

Ҷойгиршавӣ дар истиноди зерин.

Вақт: Аз 8 феврал, ҳар рӯз аз 10:00 то 20:00. Барои маълумоти иловагӣ: (78) 150-60-06, 1094.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: