Полковник Анвар Ҳалимов 27 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногун адои хизмат намуда, ба нафақа баромад.
Полковник Анвар Ҳалимов 27 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногун адои хизмат намуда, ба нафақа баромад. Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Самарқанд бо ҳамин муносибат тантанаи хосса ба вуқӯъ пайваст. Сардору ҳамкасбон дар бораи ин марди кордон суханҳои таҳсиномез гуфта, аз рӯи анъана ҷомаву тоқӣ пӯшонда, истироҳати бофароғат таманно намуданд.
Рӯзи дигар либоси худро иваз карда, сӯи дари кӯча мерафт, ки ҳамсараш Зӯҳро ба маънои «ҳа, боз ба куҷо?» суоломез сӯяш нигарист.
– Ба қабули ҳокими ноҳия рафта, илтимос мекунам, ки замин диҳад ва ман бо боғбонӣ машғул шавам, – гуфт ӯ. – Аз бекор – Худо безор.
Собиқ ҳокими ноҳия Баҳодур Саъдуллоев меҳмонро хуш пазируфт ва сабаби ташрифро пурсид.
– Раҳматӣ қиблагоҳам устухони мо, фарзандонро бо нони деҳқонӣ сахт кардааст, – гуфт Анвар Ҳалимов. – Агар шумо замин ҷудо кунед, анъанаи неки падари бузургворамро идома медодам.
Баҳодур Саъдуллоев назди худ заминченкуни ноҳияро даъват кард ва маслиҳат пурсид.
– Муроҷиати ин кас ҳал мешавад, – табассум дар лабони танобчӣ ҳувайдо гашт. – Лекин камтар муаммо дорад. Гап дар он аст, ки фермерҳо заминҳои корами худро намедиҳанд.
Агар розӣ шаванд, марҳамат, дар мавзеи Чунгул (собиқ Қумзор) замин ҳаст. Бесоҳиб ва ба ободӣ муҳтоҷ.
– Дар нафақа ҳастем. Оҳиста-оҳиста боғу токзор барпо мекунем-дия, – гуфт Анвар Ҳалимов.
Баъди тайёр шудани ҳуҷҷатҳо ӯ бо заминченкун ба қитъаи ҷудошуда омаду ба тааҷҷуб афтод. Танобчӣ рост гуфта буд.
Барои ба замини корам табдил ёфтани қумзору партовгоҳи мардум се моҳ техникаи пуриқтидор заҳмат кашид. Баъзе ҳангоматалабон гумон доштанд, ки фермери нав тушбераро хом шумурдааст. Вай албатта, аз баҳри замин баромада меравад ва ин ҷо боз ба чарогоҳи бесоҳиб табдил меёбад.
Мард он аст, ки лаб бандаду бозу бикшояд. Чи ҷои руст кардан аст, гоҳ-гоҳ ҳамсараш дилсӯзона ғурунгос мезад, ки нафақа кофист, писару духтарҳо бо кор банд. Бинобар ин, гашти пирӣ ронад — беҳтар. Дар чунин лаҳзаҳо ӯ ҷавоб медод:
– Мард бояд боиси фахри сад писар бошад! Аҳду вафо гуфтаанд.
Дере нагузашта дар матбуот фармони сарвари давлат доир ба ривоҷ додани фаъолияти хоҷагии фермерии бисёрсоҳа эълон шуд, ки ба фаъолияти ӯ илҳом бахшид.
Чанде пеш мо ба хоҷагии фермерии «Тӯхта Тӯти боғлари» рафта, аз комёбиҳои Анвар Ҳалимов дар ҳайрат мондем. Қариб 7 гектар майдон ба боғу токзор табдил ёфтааст. Инчунин, дар ин ҷо беш аз 50 сар чорво парвариш меёбанд.
Бояд таъкид намуд, ки фермер барои рӯёндани ҳосили фаровон ба чанд вилояти кишварамон азми сафар намуд. Дар водии Фарғона сирру асрори ангурпарвариро омӯхт. Навдаи токро ба симвоиш бардоштанро ба роҳ монд, ки барои нобуд нашудан ва рӯёнидани ҳосили фаровон муфид аст. Тадбирҳои агротехникӣ – дорупошӣ, шаклдиҳӣ гарави серҳосил гардидани току дарахтон шуд.
– Дар мо об муаммо буд, – гуфт ӯ. – Ана барои чӣ чоҳ кофтем. Ҳоло аз 80 метр чуқурӣ оби ҳаёт ҷорист. Сонӣ, таҷрибаи падари бузургворам Тӯхтамуродбобо кор дод. Қиблагоҳам низ солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот адои вазифа карда, одати бо бонги хурӯс хестанро доштанд. Баъди намози бомдод ҳама дар замин меҳнат мекардем, ки дар оила хариди маҳсулоти деҳқонӣ вуҷуд надошт. Модарам Тӯтиая дар хоҷагии ҷамоатӣ сардори звено буданд.
Ҳоло фарзандонам низ ба замин меҳру муҳаббати хосса доранд. Писари кенҷаам Хуршедҷон дар шафати ман аст.
Писари калонии оила Алишер Ҳалимов низ аз паси падар рафта, Академияи корҳои дохилии Тошкандро хатм карда, дар вилоят бо корҳои ҷустуҷӯи ҷиноӣ машғул буд. Сад дареғо, ки ҳангоми иҷрои вазифа ҳалок гардид. Майор Алишер Ҳалимов пас аз вафот бо ордени «Ҷасорат» мукофотонида шудааст. Писари дуюми ӯ Улуғбек сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нарпай мебошад.
Анвар Ҳалимов инсони ғайратманду меҳнатқарин аст. Бо вуҷуди серкорӣ вақт ёфта ба шикор меравад, ба таҳияи шаҷараи авлодаш машғул мешавад, китобҳои таърихиро варақ мезанад. Боз як хислати аҷиби ӯ хайру эҳсон аст. Ҳар сол аз ҳисоби даромад ба оилаҳои камбизоат ёрии моддӣ мерасонад. Шиори ӯ «Хайру эҳсон – сифати неки инсон» аст.
– Ҳоло барои тадбиркорон, – мегӯяд қаҳрамони мо Анвар Ҳалимов, – Президент тамоми шароитро фароҳам овардааст, ки меҳнат кунем ва маблағ ёбем. Охир беҳуда нагуфтаанд:
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ заръ, гоҳе бӯстон аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.