СОҲИБКОРЗАНҲОИ ФАРҒОНӢ

Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар дар Конститутсия ва қонунгузории мо устувории мулки хусусӣ сабт ва кафолатҳои боварноки он таъмин гашт.

Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар дар Конститутсия ва қонунгузории мо устувории мулки хусусӣ сабт ва кафолатҳои боварноки он таъмин гашт. Ғайр аз ин як қатор механизмҳои қонунгузорие офарида шуданд, ки ба ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон нигаронида шудаанд ва онҳо сол то сол такмил ёфтанд. Вале маҳз тӯли се-чаҳор соли охир дар ин самт дигаргуниҳои куллӣ ба чашм расида, муҳимаш, барои соҳибкор шудани ҳама ва ҳар кас имкониятҳо фароҳам омаданд. Занону духтарон низ дар ин боб маҳорат санҷида, ба чӣ қодир будани худро нишон медиҳанд.
Эргашой Турсунова 55-сола аст. Собиқаи 30-солаи педагогӣ дорад. Баробари омӯзгорӣ ба соҳибкорӣ шуғл меварзад. Айни замон вай директори мактаби таълими умумии рақами 38-уми ноҳияи Бувайда. Дар ин дабистон 950 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд, 80 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Назар ба таъкиди роҳбари мактаб 25-30 фоизи хатмкардагон ба муассисаҳои таълими олӣ дохил мешаванд.
Барои толибилмони пешқадам курсҳои репетиторӣ ташкил ва мониторинг ба роҳ гузошта шудааст. Толори варзишӣ ва китобхона бачаҳоро ба худ мекашад, духтарон аз асрори дӯзандагӣ воқиф мегарданд. Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Эргашой 2 боғчаи хусусӣ ташкил намудааст. Дар боғчаҳо барои 150 ҷой бештар аз 30 ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Э.Турсунова бо кӯмаки шавҳар ва фарзандонаш хоҷагии фермерии «Ойбек Шоҳрух саховати»-ро ташкил намудааст, ки 70 гектар майдон дорад, 20 сар моли наслнок парвариш менамояд.
«Як марду чил ҳунар» мегӯянд дар урфият. Имрӯз «маликаҳои чил шаҳри ҳунар» ёфт мешаванд. Дигар аз соҳибкорзанҳо роҳбари хоҷагии фермерии «Акмалҷон Мадмӯсоев»-и ноҳияи Қува Эъзозхон Мадмӯсоева. Ӯ соҳиби 60 гектар майдони кишт буда, дар 37 гектар ғалла, дар 23 гектар пахта парвариш ва ҳар сол нақшаҳоро барзиёд ба иҷро мерасонад. Дар хоҷагӣ 43 нафар меҳнат мекунанд. Баъди ғунучини гандум ба 24 нафар ҷавонон замин тақсим карда мешавад, то истифода баранд. Дар майдонҳои аз ғалла тозашуда мош парвариш ва ҳосили дуюм низ даромади хуб меорад.
Соли 2020 Э.Мадмӯсоева дар миқёси вилоят чун фермерзани аз ҳама фаъол эътироф гашт, ҷоизадори «Мӯътабар аёл» гардид. Вай мегӯяд нақшаҳои мо дар соли равон кушодани сехи бофандагӣ, рушди чорводорӣ, истифода аз гармхонаҳо. Нақшаҳо амалӣ гарданд, 18 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад.
Оилаҳои камтаъмин ва ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷро Э.Мадмӯсоева ҳамеша хабар мегирад, дасти ёрӣ дароз мекунад.
Фарғонагиён Гулшаной Фозиловаро ҳамчун дӯзандаи дасташ гул ҳурмат менамоянд. Вай соли 2018 узви иттиҳодияи занони соҳибкор гардид. Ҳамон сол 48 миллион сӯм вом гирифт ва бо 8 мошини дарздӯзӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин ҷараён 10 ҷойи корӣ ташкил кард. То соли 2020 ба сифати соҳибкори хурд фаъолият карда бошад, баъде қомат рост кард, ба кушодани корхонаи оилавӣ ҷуръат намуд ва коргарҳо ба 20 нафар расиданд. Анъанаи «устодӣ-шогирдӣ» ба роҳ гузошта шуд. Шахсан худаш ба якчанд бону нозукиҳои дӯзандагиро омӯзонд. Барои он ки онҳо мустақилона кор сар кунанд, кӯмак намуд.
Ба соҳибкор Г.Фозилова аз ҷониби шуъбаи вилоятии Федератсияи иттиҳодияҳои касаба 130 миллион сӯм кредити бефоиз ҷудо карда шуд. Дар натиҷа вай соҳиби бинои алоҳида гашт. Аз ҳисоби худ бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳалларо таъмир кунонд. Ҳоло бисёр занону духтарон аз Қува, ки соҳибкор шуданианд, ба Гулшаной муроҷиат ва аз кӯмаку маслиҳатҳояш баҳраманд мешаванд.
Г.Фозилова ният дорад маҳсулоти худро ба хориҷ экспорт намояд. Дар ин самт ӯро роҳбарони секторҳо дастгирӣ месозанд. Умуман, аз имкониятҳое, ки фароҳаманд, соҳибкорзани қувагӣ самаранок истифода менамояд.
Ба хоҷагии фермерии «Ихтиёр СМИК», ки соли 2002 бо 2 гектар замин фаъолияти худро оғоз намуда буд, ҳоло Муътабар Аҳмадова роҳбарӣ менамояд. Хоҷагӣ даставвал ба боғдорӣ махсусонида шуда бошад, баъд бо саъйи роҳбари он соҳаҳои дигари истеҳсолиро низ фаро гирифт. М.Аҳмадова дар лоиҳаҳои гуногун иштирок ва муваффақ гардид. Майдонҳои хоҷагӣ имрӯз ба 250 гектар расидааст. Дар хоҷагии фермерии бисёрсоҳа аз пахта, ғалла, сабзавот ҳосили дилхоҳ ба даст меояд. Чорводорӣ низ сердаромад аст. Дар ин ҷо 84 нафар меҳнат мекунанд. Ба кӯмаки онҳо 10 техникаи гуногун ҳамеша омода. Эътиборан аз соли 2019 нақшаҳои солона барзиёд ба иҷро мерасанд.
Имсол аз Олмон 30 сар моли наслдеҳ оварда шуд, чорвои калони шохдор ба 110 сар расид.
Дар шароити пандемия маҳсулоти озуқаворӣ – гӯшт, шир ва сабзавот ба камтаъминҳо ба сифати кӯмак тақсим карда шуд.
Умуман, дар рушди соҳибкорӣ, минҷумла, аз ҳар ҷиҳат худро намоён сохтани хоҷагиҳои фермерӣ бонувон низ дар вилояти Фарғона саҳми муносиб мегузоранд. Дар натиҷа рӯзгор обод, тарзи зисти одамон дигаргун мегардад.

Рустам МАМАҶОНОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: