САНГИ АСОСИ РУШД – ИЛМУ МАЪРИФАТ

Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли наврас хидмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт. (А. С. МАКАРЕНКО).

Муҳимтарин ҳадаф ва вазифаҳое, ки дар назди кишвари мо истодааст, ворид шудан ба сафи давлатҳои демократии пешрафтаи ҷаҳон, бунёди зиндагии озоду обод барои мардум аст. Бояд насли доною тавоноеро, ки ба донишу истеъдоди худ такя мекунад, аз ҳеч кас кам нест ва аз ӯҳдаи ҳар кори пуршараф мебарояд, тарбия кард. Санги асоси рушд ва неруе, ки кишварро тавоно ва миллатро бузург мегардонад, илму маърифат аст.

Асри XXI асри мутахассисони дорои неруи баланди зеҳнӣ, донишу малакаи баланд, ҷаҳонбинии нав ва тафаккури мустақил аст. Маҳз бо ҳамин мақсад дар Ӯзбекистон барои рушди ҳамаҷонибаи сохтори таълим ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос қувваю маблағи зиёд равона карда мешавад. Бемуболиға, ҳар як дастоварди кишвари мо ба пешрафти илму маърифат ва фидокории устодону мураббиён алоқаманд аст. Тавре ки Сарвари давлатамон таъкид кардааст, «Мо бояд ҷомеаеро бунёд кунем, ки дар он омӯзгорӣ яке аз касбҳои бонуфузтарин бошад. Ҷомеае, ки омӯзгорро гиромӣ медорад, албатта, ба мақсади худ мерасад»   
Омӯзгор соҳиби касби пуршарафест, ки насли ҷавонро ба қуллаҳои баланди дониш раҳнамун месозад.         
Ҳар киро устод набвад кор бар 
бунёд нест,             
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар 
аз устод нест. 
Ин сатрҳо гӯё ба омӯзгори фидоӣ Назира Охунҷонова бахшида шудаанд. Ӯ яке аз муаллимонест, ки таҷрибаи калони педагогӣ, дониши кофӣ дошта, имрӯз ҳамчун зани фаъол, ташаббускор дар пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлол ҳиссагузор аст. Фарзандону шогирдонро дар роҳи расидан ба мақсад – фардои дурахшон ҳидоятгар аст. Ӯ соли 1973 дар маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон таваллуд ёфтааст.
Соли 1990 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо имтиёз дохил шуда, соли 1995 онро хатм кардааст. Худи ҳамон сол дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 8-уми ноҳияи Косонсой фаъолияти педагогиашро сар кард. 
– Дар камолёбии мо дар ҳаёт ва фаъолияти педагогӣ ҳиссаи устодамон – Муаллими хидматнишондодаи Ӯзбекистон Усмонхон Хайриддинов калон аст, – мегӯяд Назира Охунҷонова. 
Дар мактабамон анъанаи устодиву шогирдӣ ба роҳ монда шудааст. Шогирдонам Тилобат Абдумаҷидова, Нигора Хайриддинова, Одина Темирова, Рисолат Абдуқаҳҳорова ва Носирхон Дадахоновҳо аз пешқадамонанд.  
Назира Охунҷонова соли 2007 дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» иштирок намуда, ҷойи аввалро ишғол намуд ва ба унвони Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон сазовор гардид. Дарсҳои Н.Охунҷонова намунаи ибрат аст. Тӯли солҳо муаллима софдилона меҳнат карда, бо такя ба худу таҷрибаи устодон корро ба роҳ монд. Ӯ дар кори таълиму тарбия на вақт ва на қувваи худро дареғ медорад, таҷрибаи худро бо ҳамкасбонаш ба ҳам мебинад. Кору фаъолияти ӯ ба сифати ҷонишини директор оид ба корҳои таълим шоистаи таҳсин аст. 
– Мактабамон дар ноҳия яке аз мактабҳои пешқадам буда, ҷамъ 1855 хонандаро дар бар мегирад. Он ба фанҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ ихтисосонида шудааст. Дар Соли гиромидошти инсон ва сифати таълим тарбияи насли наврас дар маркази эътибори давлатамон қарор дорад, – таъкид кард Н.Охунҷонова. – Пурзӯр намудани эътибор ба забони модарӣ, ки рамзи худшиносии миллӣ ва пояи маънавияти мост, яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Донистани забони хориҷӣ, саводнокии компутерӣ, шавқу ҳавас ба касбу ҳунар, ташаккул додани тафаккури озод дар ҷавонони боистеъдод вазифаи муҳим зикр гардидааст. Имрӯз, ки технология босуръат рушд меёбад, хонандагон имкон доранд ба ҳамаи маводи таълимӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Барномаҳои мактабӣ дар заминаи барномаҳои таълими байналмилалӣ куллан ислоҳ гардида, барои таҳияи китобҳои дарсӣ ва ҷорӣ намудани андозаву усулҳои пешрафтаи таълим лабораторияҳои алоҳидаи илмӣ таъсис дода шудаанд. Яке аз вазифаҳои асосии мо дар соли 2023 баланд бардоштани сифати таълим дар мактаб ва обрӯйи омӯзгор дар ҷомеа аст, ки дар ин ҷода бисёр корҳо амалӣ мегарданд.
Хонандагони мактаб аз рӯйи «5 ташаббус» ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва 1 нафар дар озмуни «Китобхони беҳтарин» сазовори ҷойи фахрӣ гардид.
– Моҳи феврал сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба мактаби мо ташриф оварданд. Ин ташриф аз оғоз то анҷом хотирмон гузашт. Сафир ба хазинаи китобхонаи мактаб китобҳои бадеӣ тақдим намуданд, – мегӯяд бо арзи сипос муаллима. 
Мактаби мо, инчунин, дар лоиҳаҳои «Опен буҷа» ду бор ғолибиятро ба даст дароварда, бо воситаҳои таълимӣ, тахтаҳои электронӣ, компутер, ҷиҳозҳои ошхона ва панелҳои офтобӣ таҷҳизонида шуд. Дар соли хониши 2022-2023 20 нафар хонандагони мо пеш аз муҳлат ба донишгоҳҳо дохил шуданд. Семинар ва дарсҳои намунавӣ дар миқёси вилоят гузаронида шуд, ки ин натиҷаи меҳнати муаллимони фидоӣ аст, – мегӯяд директори мактаб Каримахон Аббосхонова. 
Тавре ки Сарвари давлатамон таъкид кардааст, «Агар дар мактаб усули таълим тағйир наёбад, сифат, мазмун ва муҳити таълим низ тағйир намеёбад». Чун ҷаҳону муҳити мо тағйир меёбад, мо низ бояд тағйир ёбем. Дар кор бо насли наврас омӯзгорон бояд сифатҳои шахсӣ ва касбӣ дошта бошанд, ки дар барқарор кардани робита бо хонандагон мусоидат мекунад. 
Муаллими муосир бояд аз таҷриба натарсад, шаклу усулҳои нави корро ҷустуҷӯ кунад, ахлоқи ҳамида ва мавқеи худро дошта бошад. Имрӯз дар кишварамон барои баланд бардоштани сифати таълим ва рағбатноксозии омӯзгорон як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шудаанд. Муаллимон аз меҳнати маҷбурӣ озод карда шуданд. Ҳоло болоравии музди меҳнати муаллим дар чаҳорчӯби имкониятҳо ҷараён дошта, ба гуфти Президент ба 1000 доллар расонида мешавад. 
Дар мактаби мазкур низ ба омӯзгороне, ки сертификатҳо оид ба забонҳои хориҷӣ ва фанҳои умумитаълимӣ доранд, иловапулӣ дода мешавад. Ин таваҷҷӯҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо сол то сол ҷойгоҳу мақоми шоистаи худро пайдо мекунад. 

Махфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.                     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: