ЗАНҲО ДАР БАРҚАРОРИИ СУБОТ НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАНД

Иттиҳодияи иҷтимоии “Институти демократия ва ҳуқуқи инсон”-и ҷумҳурӣ қарор кард, ки бо дархости сокинони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бори нахуст дар Осиёи Марказӣ “Гурӯҳи робита бо занон барои барқарории субот ва ҳалли масъалаҳои хушунатомез”-ро таъсис намояд.

Иттиҳодияи иҷтимоии “Институти демократия ва ҳуқуқи инсон”-и ҷумҳурӣ қарор кард, ки бо дархости сокинони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бори нахуст дар Осиёи Марказӣ “Гурӯҳи робита бо занон барои барқарории субот ва ҳалли масъалаҳои хушунатомез”-ро таъсис намояд. Ба ин гурӯҳ занони маъруфи ҷумҳурӣ, вакили СММ, депутатҳои собиқи Олий Маҷлис, олимон ва ҳуқуқшиносон ҷалб гардидаанд.
Аъзои ин гурӯҳ мӯътақиданд, ки дар ҷараёни пиёда кардани музокираҳо барои рафъи низоъҳо истифодаи фаровони дипломатияи халқӣ хеле манфиат мебахшад ва натиҷаҳои мусбат ба бор меорад. Дар қарори Шӯрои амнияти СММ аз соли 2000-ум эътироф шудааст, ки дар марҳилаҳои барқарор намудани сулҳу субот корбасти масъалаҳои гендерӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Хосатан, дар бартарафсозии низоъҳо ва пешгирии он занон метавонанд нақши муассир бозанд. Зеро эътибори бештар ба нақши занон ба суръати барқарории субот ва тараққиёти ҷомеа ҳатман суръат зам хоҳад кард.
– Ноҳияи Сӯх нисбат ба минтақаҳои дигари кишварамон аз чаҳор самт дар иҳотаи Ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ гаштааст. Бо вуҷуди ин, Сӯх як пораи хоки Ватани бузургу паҳновари мо  мебошад. Мутаассифона, дар ин гӯшаи мамлакат муддати чанд ба ин сӯ зиддияту низоъҳои гуногун батакрор рух додаанд. Аҳолии ноҳия сол аз сол афзоиш меёбад. Мавҷудияти гузаргоҳҳои марзӣ, ришватхорӣ, камбудии об, зиддиятҳои этникӣ, камситоиҳо ва амсоли он мушкилоти мардуми ноҳияи Сӯхро беш аз пеш дучанд намудааст, – мегӯяд роҳбари гурӯҳ, директори Институти демократия ва ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ, полковники адлия Сайёра Хоҷаева.
Вай афзуд, ки рӯйдоди ахири ноҳияи Сӯх маҳз бар асари моҷарои об сар задааст ва ба муносибатҳои неку дӯстонаи ду халқи ҳамҷавор таъсири манфӣ гузоштааст. “Гурӯҳи алоқа бо занон” маълумотҳоро роҷеъ ба ин ҳодисаҳо мавриди омӯзиш қарор додааст, ки дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва расонаҳои мустақил нашр шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ин гурӯҳ барои бартараф намудани низоъҳо ва барқарории субот дар минтақаи мазкур аз дипломатияи халқӣ низ кор гирифтааст. Дар ин замина бо намояндангони эътилоф (коалитсия)-и созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Ҷумҳурии Қирғизистон перомуни ҳуқуқи занон ва кӯдакон мулоқоту гуфтушунидҳо анҷом додааст.
– Ба далели пахши пандемия мулоқоти аввалини мо бо чунин созмонҳои ҳимоятгари ҳуқуқи занон ва кӯдакони вилояти Боткенти Қирғизистон аз тариқи онлайн сурат гирифт. Мо ҳамаи масъалаҳои марбут ба минтақаҳои наздимарзиро ба таври васеъ ва ошкоро баррасӣ кардем. Баъди ин мулоқотҳо Институти демократия ва ҳуқуқи инсон ба манзури омӯзишу таҳқиқи вазъияте, ки дар ҷои ҳодисаи рухдода ба миён омадааст, ҳамчунин кӯмак барои иҷрои талабҳои қарори Шӯрои амнияти СММ таҳти рақами 1325 аз соли 2000-ум ба дафтари маркази минтақавии Дипломатияи превентивӣ нома ироа намуд. Дар ин нома дархост гардид, ки барои таъмини молии гурӯҳи занон бо маблағ ва сафари хидматӣ ба ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона мусоидати молӣ намояд. Намояндаи хоси Дабири кулли СММ, роҳбари маркази минтақавии Дипломатияи превентивӣ Наталя Герман ба ин нома посухи мусбат дод, – иброз дошт Сайёра Хоҷаева.
Дар мулоқот бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров вай нақша ва ҳадафҳои сафари хидматӣ ба ноҳияи Сӯхро ташреҳ кард. Сайёра Хоҷаева гуфт, ки танҳо боздид аз ин ноҳия ва мулоқот бо мардуми он тасаввуроти аъзои гурӯҳро мукаммал месозад ва онҳо ҷиҳати рафъи масъалаву мушкилиҳо иқдом хоҳанд кард.
Дар ин мулоқот аз сарнавишти 22 нафар низ ёдоварӣ гардид, ки дар рӯйдоди 31 майи соли 2020 дар деҳаи наздимарзии Чашмаи ноҳияи Сӯх ширкат кардаанд ва дар айни замон нисбати онҳо мурофиаҳои додгоҳӣ идома доранд. Гуфта шуд, дар байни ин 22 нафар ҷавонони 17-18-сола низ ҳастанд, ки нав ба арсаи ҳаёти мустақилона қадам мегузоранд. Таъкид гардид, ки ба ҷазо кашидани ин ҷавонмардони сӯхӣ, ки аксарияти онҳо ба таври стихиявӣ ва бидуни дарки маънӣ дар ин моҷаро мушорикат доштанд, ҳаргиз ҳалли масъала нест.
Хайрулло Бозоров гуфт, ки дар 15 соли охир ягон сокини ноҳияи Сӯх ба ҷазо кашида нашудааст. Минбаъд низ талош хоҳад кард, ки корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат мебахшанд.
– Дар кишварамон устувории қонун таъмин аст. Парвандаҳои ин ҷавонмардон низ дар доираи қонун баррасӣ ва ҳаллу фасл хоҳад шуд. Ҳаргиз касе беҳуда мавриди муҷозот қарор нахоҳад гирифт, – гуфт ҳокими вилоят.
Дар мулоқот масъалаи вайрон шудани ҳуқуқи сокинони ноҳияи Сӯх ва пайдо шудани кайфияти норизоӣ дар миёни онҳо низ ошкоро матраҳ гардид.
Сафари хидматии аъзои гурӯҳи алоқа ба ноҳияи Сӯх аз убури марзи Қирғизистон шурӯъ шуд. Баъд онҳо масофаи 65 километр роҳи байни Қадамҷо ва Сӯхро дар зарфи бештар аз ду соат тай карданд. Ногуфта намонад, ки баъзан мардуми Сӯх ин масофаи роҳро дар зарфи 5-6 ва ҳатто 8-10 соат тай мекунанд. Зеро баъди ду-се соати роҳтайкунӣ онҳоро лозим меояд, ки соатҳо вақти худро барои убури марзи миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар гузаргоҳҳо ройгон харҷ кунанд.
Дар мулоқот бо ҳокими ноҳияи Сӯх Сайидбаҳром Сайидмӯсоев аз қарори вижаи Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” ёдоварӣ шуд. Ба гуфтаи ҳокими ноҳия бар асоси ҳамин қарор дар деҳоти ин ҷо дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ мепайванданд.
– Мо барои барқарор ва устувор нигаҳ доштани муносибатҳои байни мардуми ду самти марз чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мекунем. Аксар вақт дар мусобиқаҳои варзишӣ намояндагони ду халқ ширкат мекунанд. Пою қадами шумо муборак омад, зеро имрӯз се нафар навраси сӯхӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат карданд ва яке чемпиони ҷумҳурӣ ва ду нафар ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд. Ин наврасонро бо тантанаи хос истиқбол гирифтем, – изҳор кард Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Ҳокими ноҳия афзуд, ки лоиҳаҳои зиёд таҳти иҷро қарор гирифтаанд ва оҳиста бо фаро овардани ҷойҳои нави шуғл сафи бекорон коҳиш меёбад. Ба гуфтаи ӯ барои бо ҷои кор таъмин кардани занон лоиҳаҳои хос татбиқ карда хоҳанд шуд.
– Барои он ки дар ин ҷо масъалаҳои зиёд ҳаллу фасл шаванд, равуои мардум бояд сода гардад. Агар роҳи оҳан сохта шавад, мушкилоти зиёди мардум худ аз худ аз байн мераванд. Ҳалли ҳамин масъаларо бояд ба миён гузошт ва роҳҳои ҳалли онро бояд пайдо кард, – гуфт ноиби раиси Шӯрои парасторони Хазинаи байналмилалии “Замин”, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Лола Саидова.
Вай афзуд, ки ин ҷо занони кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунанд ва набудани обу гази табиӣ мушкилоти онҳоро меафзояд. Ба таъкиди Лола Саидова мардуми мо дар замони патриархалӣ ба сар мебаранд ва ҷомеаро мардҳо роҳбарӣ мекунанд. Барои ҳамин занҳоро лозим меояд, ки ҳаёташонро худашон дигаргун кунанд ва ба мақсаду маромашон ноил шаванд.
– Дар ҳоле, ки дарозумрӣ дар Ӯзбекистон 78-солро ташкил мекунад, дар ноҳияи Сӯх ин нишондод хеле паст будааст. Дараҷаи фавт низ афзоиш ёфтааст. Занҳо на мисли бибиҳои худ, балки бо тарзи нав бояд зиндагӣ кунанду пеш раванд. Майл ба зебоӣ ҳаётро хушу гуворо месозад. Дар кишварамон панҷ ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунанд, аммо тақрибан занҳои сӯхӣ ба ин ҳизбҳо шомил нашудаанд, – тазаккур дод Лола Саидова.
– Дар ноҳияи Сӯх пизишкзанон хеле каманд. Теъдоди гинекологҳо ё пизишки занҳо бояд афзоиш ёбад. Дар миёни ҳафт нафар ҷавононе, ки ба донишгоҳҳои тиббӣ дохил шудаанд, танҳо як нафар духтар аст. Агар духтарони сӯхӣ ба донишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон низ  дохил шаванд, мушкиле эҷод нахоҳад шуд. Ояндаи миллат дар дасти модарон аст, – гуфт раиси маркази “Савоб”, номзади улуми тиб Шоира Орипова.
Зимни дидору мулоқот бо занони маҳаллӣ аъзои гурӯҳ  суол карданд, ки кадом мушкилот онҳоро бештар азият медиҳад. Чӣ бояд кард, ки ҳаёти онҳо беҳбуд ёбад.
– Мо аз Президенти мамлакат хеле розӣ ҳастем. Деҳаҳои мо хеле ободу зебо мешаванд, ҳаёт маънои нав касб менамояд. Барои иҷрои корҳои зиёд маблағҳои калон ихтисос дода мешаванд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз мо бо оби ошомиданӣ ва гази табиӣ пурра таъмин нашудаем. Ҳамаи мушкилиҳои мо аз набудани ҳамин ду чиз маншаъ мегиранд, – гуфт сокини нафақахӯри деҳаи Ҳушёр Зебинисо Қамбарова.
– Ман ҳамшира шуда кор мекунам. Ба наздикӣ хабар ёфтем, ки шуъбаи бемориҳои сироятиро аз деҳаи мо ба маркази ноҳия мекӯчонанд. Дар он сурат пизишкону ҳамшираҳои шафқат ва коргарони техникии ин шуъба, ки аксарияти онҳоро занону духтарон ташкил мекунанд, бекор хоҳанд монд. Агар ин эътирози мо ба тарзи мусбат ҳал шавад, аз аъзои гурӯҳи шумо хурсанд мешавем, – гуфт ҳамшираи шафқат Диёра Одилова.
Як қатор занону духтарон изҳор карданд, ки ҳанӯз дар ноҳия имкони дурусти пайдо кардани кор мавҷуд нест. Аксарияти занону духтарон хонашин ҳастанд.
– Агар бонк барои ман кредит ҷудо кунад, солуни зебоӣ  мекушоям ва ба занону духтарони ноҳия хидмат мекунем. Мехостам дар ин ҷода ба ман кӯмак расонед, – гуфт Майлинисо ном зани сӯхӣ.
– Бародарам Назирҷон Ҷӯраев, ки соҳиби чор фарзанд аст, бо тӯҳмати иштирок дар руйдоди 31 май беш аз шаш моҳ боз дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Модари пир ва ману фарзандамро низ вай мехӯронду мепӯшонд, – гуфт Озода Аслонова.
– Ман коллеҷи омӯзгориро бо тахассуси тарбияи ҷисмонӣ хатм кардаам. Омӯзгорони ин соҳа чандон зиёд нестанд, бо вуҷуди ин маро ба кор қабул намекунанд. Мехостам, ки дар ноҳия гурӯҳи духтарони теннисбозро  ташкил кунам, аммо шароити мусоид нест, – гуфт Санохон Хӯҷаева.
Дар ин мулоқот занону духтарони зиёд бештар масъалаҳои маиширо ба миён гузоштанд, ки ҳаллу фасли он ба дӯши ҳокимияти ноҳияи Сӯх вогузор шуд.
– Ҳамаи инҳо масъалаҳоеанд, ки бо қарори ҳокими ноҳия метавон онро ҳаллу фасл намуд. Барои ҳамин муовини ҳокими ноҳия оид ба масъалаи занону духтарон Мадина Сафарова вазифадор шуд, ки  масъалаҳои ба миён гузошташударо ҳаллу фасл кунад. Масъалаҳои ҳаллашон мушкилро мо ба идораҳои болоӣ мерасонем, то мусоидат намоянд, ки ҳаёти мардуми ноҳияи Сӯх ба маҷрои дуруст дарояд, – иброз дошт Сайёра Хоҷаева.
Вай афзуд, ки аъзои гурӯҳ зимни ташриф ба ноҳияи Сӯх аз баъзе ҷойҳои таърихии он боздид карданд. Ба гуфтаи Сайёра Хоҷаева ҳар ҷо равад, ҳатман ба бозори он медарояд ва бо нархи наво ошно мегардад. Аз боздиди яке аз бозорҳои ин ноҳия ба чунин натиҷа расид, ки баъзе маводи хӯрокворӣ нисбат ба шаҳрҳои Фарғонаву Тошканд ин ҷо арзон будааст. Аммо нархи молу маводи дигар дар ҳамаи бозору мағозаҳои кишвар як хел мебошанд.
Сафари нахустини хидматии аъзои “Гурӯҳи робита бо занон барои барқарории субот ва ҳалли масъалаҳои хушунатомез” дар ноҳияи Сӯх ба фарҷом расид. Аммо баъди чанд муддат ба манзури санҷидани иҷрои вазифаҳое, ки ҳокимияти маҳаллӣ вазифадор гардидааст, дубора ба ноҳияи Сӯх ташриф хоҳанд овард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: