БАҲРИ СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАДРИС

Дар соли «Эътибор ба инсон ва таълими босифат» баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тадрис дар вилояти Сурхондарё корҳои назаррас амалӣ мегардад.

Чунон ки дар мақолаҳои аввал ёдрас карда будем, дар соли хониши нави 2023-2024 бояд 61 мактаби вилоят, ки ба тоифаи мактабҳои шароиташон вазнин шомиланд, таҷдид карда шавад. Аз ҷумла, мактаби рақами 3-юми ноҳияи Тирмиз, ки ба таҷдиду таъмири куллӣ  эҳтиёҷ дошт, ба маблағи 3,9 млрд. сӯм пурра таҷдид гардида, ба истифода дода шуд. Акнун 1176 нафар шогирдони дабистон дар мактаби замонавии дорои ҳама гуна шароит таълиму тарбия мегиранд. Синфхонаҳо бо ҷиҳозҳои замонавӣ таъмин гардидаанд. Аз бунёди толори варзишӣ, компутерхона, китобхона, ошхона мактабиён беҳад мамнун. 
Дар чорабинии кушодашавии мактаб намояндагони ҳокимияти ноҳия, Саридораи таълими халқи вилоят ва фаъолону собиқадорони маҳалла ширкат варзиданд. Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов устодону шогирдон, падару модаронро бо бунёди чунин як мактаби замонавӣ шодбош гуфт ва таъкид намуд, ки ба шарофати ғамхориҳои ҳукумат ин мактаб ба чунин қиёфа омад ва мактабиён низ бояд ба он лоиқ шаванд. 
Навгонии дигар ин аст, ки дар мактаби рақами 16-уми Тирмизшаҳр барои мактабу мактабиён туҳфаҳои арзанда супорида шуд. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё
.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: