ДАР ТУРКМАНИСТОН РӮЗҲОИ МАДАНИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН БАРГУЗОР МЕШАВАНД

Вазири фарҳанг Озодбек Назарбеков бо сафири Туркманистон дар Ӯзбекистон Шадурди Мередов мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, ки барои татбиқи муштарак пешбинӣ шудааст, баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, 26-27 марти соли 2024 дар шаҳри Анау (Туркманистон) чорабиниҳои «Пойтахти фарҳанги ҷаҳони туркӣ», сафари ҳайат ва гурӯҳи эҷодӣ таҳти раҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст. Дар рафти мулоқот масъалаҳои ташкилии сафар мувофиқа карда шуданд.
Дар баробари ин вазифаҳое, ки барои иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи васеъ ҷашн гирифтани 300-солагии шоир ва мутафаккири бузурги туркман Махтумқулӣ Фироғӣ» аз 19 феврали соли 2024 пешбинӣ шудаанд, муфассал мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Оид ба офаридани филми бадеӣ дар бораи Махтумқулӣ якҷоя бо кинематографистони Туркманистон, ба саҳна гузоштани спектакл дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоир, баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ бо иштироки вокалчиёни ҷавони ӯзбек «Иҷрокунандаи сурудҳои беҳтарин ба шеърҳои Махтумқулӣ» бо иштироки мутахассисони туркман, шаби эҷодӣ бахшида ба хотираи мутафаккир ва шоири бузург мубодилаи афкор ба амал омад.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи соли равон баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Туркманистон, инчунин дар бораи ташкили гастролҳои ҳунарпешагони халқӣ аз кишвари бародар ба мамлакати мо ба мувофиқа расиданд.
Озодбек Назарбеков намояндагони халқи бародариро барои ширкат дар ҷашнвораи «Лазгӣ», ки 25-30 апрел дар Хева ва ҷашнвораи санъати мақом, ки 26-28 июн дар ноҳияи Зомин баргузор мегарданд, даъват кард.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои иштироки намояндагони санъати Туркманистон дар Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», Конфронси байналмилалӣ оид ба санъати бахшигӣ, ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандӣ, Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии фолклории «Роҳи бузурги абрешим», ҷашнвораҳои театрӣ ва дигар чорабиниҳо, ки дар Самарқанд баргузор мешаванд, баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон масъалаҳои ҷудо намудани квота барои намояндагони Туркманистон дар муассисаҳои таълими Ӯзбекистон, ки ба самти фарҳанг ва санъат ихтисосонида шудаанд, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи театр баррасӣ шуданд.

Н.УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: