ДОНИШГОҲАМ, АЗ ТУ МАН ҚАДР ЁФТАМ!

Маърифат, илму дониш равшангари ҳаёти ҷомеа аст.

Пас ҳар кас метавонад бо илму дониши худ ҳалли ҳар гуна мушкилотро дарёбад. Шоири ширинкалом Камолиддин Биноӣ беҳуда нагуфтааст:
Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
Ман баъди хатми мактаби миёна орзуи ба донишгоҳ дохил шуданро доштам. Ҳуҷҷатҳоямро ба бахши тоҷикии панҷ донишгоҳи ҷумҳуриамон супоридам. Вақте ки натиҷаи имтиҳонҳо баромад, ман донистам, ки ба Донишгоҳи давлатии Тирмизшаҳр ба тариқи гранти давлатӣ дохил шудаам. Дар аввал андаке дудила шудам. Чунки дар дигар вилоят таҳсил кардан (ман худ зодаи деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ҳастам), дур аз падару модар ба назарам хеле душвор менамуд.
Аммо вақте ки ба донишгоҳ омадам, тамоман фикри ман дигар шуд. Ин донишгоҳи бузург дар маркази шаҳри Тирмиз ҷой гирифта буд. Он аз соли 1955 фаъолияти худро оғоз намудааст. Дар он 14-то факулта мавҷуд буда, ба толибилмон зиёда аз 700 нафар профессору номзадҳои илм ва дигар устодон таълиму тадрис мегӯянд. Ректори донишгоҳ Авазҷон Мараҳимов, декани факулта Поён Бакиров ва мудири кафедраамон Рамазон Абдуллоев мебошанд.
Дар ин донишгоҳ таҳсил гирифтани ҳар як толибилм бахти бузурги ӯст. Ҳар сол ҳазорҳо довталабон ба он қабул карда мешаванд. Ман ҳам аз қатори он донишҷӯёни хушбахтам, ки имрӯз дар курси дуюми гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи рус ва забонҳои Шарқ таҳсил мекунам. 
Барои ҳар як факултет бинои алоҳида мавҷуд буда, ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Ба мо бештар устодони кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ, ки аз 15-сентябри соли 2006 ба сифати кафедраи забон ва адабиёти тоҷик фаъолияти худро пеш мебарад, дарс медиҳанд. Шароити хонаҳое, ки мо таҳсил мекунем, барои дарс хеле хуб аст. Аз ҷумла, дар ҳар як хона телевизор, компутер мавҷуд ва аз тарафи устодон дарсҳо бо метод, слайд, видео гузаронида мешавад. Бо роҳбарии мудири кафедраамон, номзади фанҳои филологӣ, дотсент Рамазон Абдуллоев кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ ва Маркази миллии тоҷикони Сурхондарё чандин сол боз фаъолият дорад. Ҳоло дар кафедра 2 нафар дотсент, 2 нафар номзади илм ва 4 нафар муаллим машғули таълиму тадриси мо – ҷавонон ҳастанд. Устодони кафедраамон, ки ба мо таҳсил медиҳанд,  устодони боилму бомаҳорат мебошанд. Аз тарафи дотсент ва устодон то имрӯз 6 монография, 15 рисолаи илмӣ, 4 китоби дарсӣ, 12 таҳия ва тарҷимаи китобу мақолаҳо, 5 маҷмӯаи шеър, зиёда аз 450 мақолаи илмиву оммавӣ табъу нашр шудаанд. Дар донишгоҳ зуд-зуд чорабиниҳои хотирмон гузаронида мешавад. Барои вақти холии ҷавононро пурмазмун гузаронидан дар байни донишҷӯён маҳфили адабии «Равзанаи маърифат», бозиҳои заковат ва дигар озмунҳо низ ташкил карда шудааст. Барои ҳар яки мо, ки аз вилоятҳои гуногун ҳастем, аз тарафи донишгоҳ хобгоҳ ҷудо гардидааст. Дар ҳудуди донишгоҳ 6 хобгоҳ мавҷуд буда, дар онҳо барои зистан ҳама шароит муҳайё мебошад. Боз дар паҳлӯи роҳи калони донишгоҳ бинои ҳаштошёнаи факултаи «Технологияи ахбор» сохта шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2022 фаъолияти худро оғоз кард.
Ман аз устодони Донишгоҳи давлатии Тирмиз хеле мамнунам ва ба онҳо миннатдории худро баён мекунам. Устодони кафедра ҳамеша ба мо ғамхориву кумак мекунанд. Меҳнату дониши моро одилона баҳогузорӣ менамоянд. Фикр мекунам, ки дӯстонам ҳам бар ин ақида ҳастанд. Ман дар ин ҷо худамро танҳо ҳис намекунам. Баъди хатми донишгоҳ низ хоҳони онам, ки Донишгоҳи давлатии Тирмиз аз ин ҳам ободтару зеботар шаваду устодони пурмеҳри мо ҳамеша сиҳату саломат ва комёб бошанд.

Муаттар АБДУЕВА, 
донишҷӯйи соли дувуми шуъбаи тоҷикии 
Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: