Мулоқоти президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия баргузор шуд

Дар ҳошияи ҳамоиши умумиҷаҳонии иқлим, ки дар Дубай баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған мулоқот анҷом дод.

Масъалаҳои пешбурди минбаъдаи лоиҳаҳо ва барномаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.

Оид ба қадамҳои минбаъда ба мақсади муборизаи босамар бурдан бо тағирёбии иқлими ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷадвали чорабиниҳои оянда низ баррасӣ гардид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: