Шоми 16 октябр баъди анҷоми барномаи чорабиниҳо дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин бо сафари амалӣ ба Чин рафт.
Сарвари давлатамон мувофиқи барномаи сафари худ дар Пекин дар Анҷумани сеюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок мекунад. Музокирот бо Раиси ҶМЧ Си Сзинпин ва раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Ҳунин ва як қатор мулоқотҳои дигари дуҷониба низ дар назар аст.