НУСХАИ ПАДАР

Нафаси зимистон нармтар шуда, ниҳоят бо қадами Арӯси сол ба Ватан баргаштам.

Рӯзи равшан ба коми шом буд. Офтоб дар сари қуллаҳои барфашон барҷойи кӯҳи Фарҳод тоҷи хурӯсро мемонд.
Инак, поям дар Ватан аст...
Ҳоло аз ҳавои ҷононаш ҳарисона сина пур мекунам. Рӯйи ҷодаи хокӣ оҳиста қадам мениҳам, хокаш гӯё қолии хушгули мулоим аст. Аз тамошои дарахтони ғарқи гул, манзараи шиноси атроф –деворҳои похсаи ду бари роҳ, хоркулоҳи сари онҳо, шиғтавораи ҳотаҳо... сер намешавам. «Афсона, афсонаи зинда!» – мегӯям зери лаб. Ба гӯшам хониши якмароми мурғакони шохсор менишинад, ки якҷо бо садоҳои мухталифи хоси муҳити деҳа – овози бузу гӯсфандон, гову гӯсолаҳои ширмаст, ҳатто хеле нофор аст, ҳангоси маркабу ав-ави сагҳои ҳушёр... ба навои дилангезе мубаддал мегардад. Ҳоло ба ин сару садоҳо оҳиста нафаси шом расида, ногузир қатъ меёбанд. Аммо ҳарчӣ мешунавам, кифоят мекунад, ки аз таъсираш чун кӯкнорие дар олами рӯъёҳо ба парвоз оям. Махмурам ман. Чӣ хуш, ки ҳоло хотирам комилан болида. Якзайл масофа паймуда, бори вазнини китфонамро сабук ба сӯйи манзил мебарам. Бо фахр ба самти шонаҳоям нигоҳ меандозам. Туҳфаҳо табъи диланд – ду сумка кафам мегуфтанд. 
Ана... дарвоза, нимабоз аст...
Садои дилам баланд мешавад – гӯё синаам коргоҳи оҳангарон буд. Ин ҷо, дар паси дарвозаи оҳании рангаш парида, хонаи падарии мост. Дар домани сабзи ин хоки шинос бачагӣ – айёми басо беғубори ман ҳам гузаштааст. Манзара ҳамон буд, ки соле пеш, ҳатто бештар...дида будамаш. Дар гардани буридаи тути пир халтаи ҷурғот овезон... Ёдҳои айёми мозӣ аз чашмони равғанбастаи он чак-чак фуруд меоянд. Баъд аз сари падар ободгарии ин лонаи замонаҳое сербача ба дасти додари кенҷаам уфтодааст... Мо акнун меҳмонем! Модарам ҳам инҷост. Бечора, чароғи раҳматӣ хомӯш нашавад гуфта, аз остона дур намеравад. Вайро дар ҳамон ҷое нишаста ёфтам, ки як сол пеш низ он ҷо нишаста буд. Ёдам ҳаст...
Он лаҳза рӯ ба қибла оварда, даст ба дуо кушод. Он кафҳои пур аз гуҳар маҳин меларзиданд. Дилаш побанди дардҳо, чашмонаш тобеи ашк... маро ба сафари роҳи дур гусел карда буд. 
– Акнун ту одами хурд не... Оиладор! Ҳар қадаматро санҷида гузор... Он ҷо мулки бегона...
– Хотирҷамъ бошед, очаҷон.
Вай муддате ба нигоҳ қаду басти маро чен карда:
– Хайр, сиҳат раву саломат баргард, бачем, – гуфт маҳзун, ки яқин дар дилаш гумонҳо ғалаён мекарданд. Вай медонист, ки ман хеле шӯхам. Шӯхиҳоям баъзан боиси дилхирагӣ ҳам шудаанд. Шояд дилаш пур набуд, ки дур аз чашми хурду бузурги қавм ман боз шох намебарорам. Чӣ илоҷ? Акнун он одати ганда ба ҳеч ваҷҳ – на ба гуфтан, на ба кӯфтан ва на ба суфтан... нағз намешуд. Худам ҳам аз  хӯйи вайрон ҳайронам...
Ва... ана, рафтаву ҳоло дубора баргаштаам!
Хонаи падариамро маъвои фаришта ёфтам. Модарам...
Вай дар ҷойи азалан дӯстдоштааш нишаста буд. Дар баландии дастнораси девор, болои сараш як тоблуи мунаққаш овезон, ки дар қафасаи он сурати падарам ҷой гирифтааст. Модарам дӯст медорад, ки ҳамеша он ҷо нишинад ва насиҳаташ аз он ҷо мудом муассир ба самъ мерасад. Гӯшаеро сурати рангаи ману фарзандонам обод мекунад. Яқин дидагони интизори модарам ба он расм дӯхта шудаву аксар дар олами хаёлот мезияд. Ҳоло низ набераи хурдӣ дар бағал, ба самти сурати ман нигариста, намедонам, аз дили дардошнояш чиҳо мегузаштанд. Шояд фарзанди муҳоҷири худро пазмон шудааст, ё боз кӣ медонад? Мумкин аз рӯзгори хоҳаракам меандешад, ки ҳаёти вай сомон надорад... Вақте сумкаҳои пурборро ба замин гузошта, бо салом ворид гаштам, ҳавои хона дар як дам ба сурур омехт. Ҷиянҳо бо ҳою ҳу худро ба ман овехтанд. Додарам оғӯш кард. Янгаам хушнуд дастам фишурд. Баъд ман фориғ гаштаву тозон ба қадами модар ғалтидам.
– Эҳ, ширини оча, ин чӣ корат? – дар хиҷолат ба сари китфи ман даст монд ӯ.  Хаёле ба гунаҳои ожангбастааш сурхӣ давид.
– Биҳишт ин ҷост, гуфта буд муаллимамон.
– Ё тавба, ту, ки дар ягон дарс ҳозир набудӣ? – хандон гуфт модарам. – Хез аз ҷоят.
– Аз паси дари синф шунидаам, – хандидам ман.
– Биҳишт ин ҷост, бачем, – ашки шодӣ рехта, маро ба оғӯш гирифт ӯ...
Ман муддате дар биҳишт будам!
Навбати тақсими туҳфаҳо расид. Ҳама насибаи худро гирифтанд. Ба пеши модарам ду ҷуфт ҷуроби пашмини гарм ва як рӯймоли хушгули фарангӣ гузоштам. Чеҳрааш чаманистон...
– Як ҷуфт ҷуроб мардона?
– Бале, – гуфтам ман ва беихтиёр ба болои сари модар чашм бурдам. Он ҷо сурати падар...Вақте модарам ҳам ба он нуқта нигоҳ давонд, ман оҳиста хеста берун баромадам. Чашмонам нам, дилам аз фироқи он азиз побанди ғам...
Муддате бо мушояати ҷиянчаам Баҳман ҳавлиро давр задам. Ҳарчанд  торик, ҳар ҷо менигарам як хӯшае аз бачагиам табассум мезад. Аз токи ҳавоза, дарахтони ба гул нишаста, аз ҳар шайъи ин манзил нақши дастони падар чун алмоспорае ба ҷило меоянд. Сигор равшан намуда, ғами синаамро ҳалқа – ҳалқа берун фикандам. Баъд аз чӣ буд, ки даст ба бағалкиса бурдам ва гӯё барқ зада бошадам ногоҳ қомат рост гирифтам. Абрувонам фавран боло ҷастанд, дидагонам даҳони пиёла ва равшантар шуданд. Зуд ба хона баргаштам. Ҳамон лифофаеро, ки як кампираки рус «Ба модарат аз мани пир туҳфа», – гуфта дода буд, аз киса берун овардам. Ламс карда, аз дил гузаронидам: «Шояд аз нӯки нафақааш чанд сӯмак гузоштааст.» Ба ҳайрати ҳама афзуда, он лифофаро ба дасти очаҷонам додам. 
Ёдам ҳаст ...
***  
Вақте сурати сармохӯрдаву ошуфтааш дар остона падид омад, ӯро дар ҳайрат гузошта, дари даромад ба «эҳтиромаш» оғӯш кушод – ду табақаш мулоим ба ду самт рафта, гӯё «Хуш омадӣ» гуфт.
«Қаблан мағоза ин гуна дар надошт. Пас, як сол барин ба ин самт тоб нахӯрдааст, ки аз муъҷизаҳо хабар надорад. Ҳоло, ана, дар худкушою худбандак шудааст. Фаршро, ки як замон симонӣ буд, бо мармар пӯшидаанд...»
Ин замон як доман ҳавои сард оҷил ба толори мағоза рехт ва ба дами гарми муҳит вохӯрда, ногузир мунҳал гашт. Ба рӯйи пиразан ҳам ҳавои гарм нишаст ва ӯ сабукак тан афшонда, гӯё сардиро аз вуҷудаш дур афканд. Як лаҳза хаёлан сармои берунро бо гармии дохили мағоза ба қиёс гирифта: «Илоҳо, номаш гум шавад, мегазаде, падарқусур!»– гуфт дар дил, ҳавои зимистонро маломат карда. Баъд, айнакашро ба чашм гузошт, нафаспечон ба чор самт назар партофт. Дар рӯбарӯ, болои сандуқи як гӯшааш роғ – хайроти мардуми эътиқодманд аз ин роҳ ба шиками он медаромад – сурати Исои Масеҳро дид. Дидан баробар таъзим ба ҷо овард ва дар ҳаво салиб кашида, пич-пич чиҳое гуфт, ки аз ин масофа ба гӯшҳои ман нарасиданд. Ман машғули корҳои худам... Маҳсулоти беҷошудаи рафҳоро мураттаб месозам, агар шуморашон кам мондаанд, аз анбор ёфта пур мекунам... Кампир аз паси шишаҳои мусаффои айнак боз умедвор ба атроф нигарист. Ҳар ҷо-ҳар ҷо духтару писарони хушлибос фориғбол машғули гуфтумони худ буданд: аз лаби зарфҳои зебо ҷуръа-ҷуръа оби ҷав ё ягон нӯшобаи ширин менӯшиданд. Як ҷуфт ошиқи ба гардани ҳам овезон аз хурмои лабҳояшон мечашиданд. Ба ҳадде асири олами афсонаи худ буданд, ки агар дунёро об барад, пинакашон вайрон намешуд... Пиразан миёни абрувон гиреҳ андохт, мазмун: ҷавонони имрӯза ҳаё чист? – фаромӯш кардаанд. «Эҳ, дунёи одамиро Худо задааст, Худо!» – андешаманд ба самти толор нигарист. Ягон-ягон харидорон бо майли хотир сабадча дар даст, ё аробачаеро пешандоз карда аз як раста ба растаи дигар гузашта, маводи даркорӣ меҷустанд. Онҳо низ ба ташвиши худ банд...Пиразан, умедаш кӯр, хост худ то растаҳои мамлуи маҳсулот равад, чизи дилхоҳашро интихоб кунад, пас ба назди касса ҳозир шудаву... Аммо аз қазо ваҳм гирифташ. Тарсе ба дилаш даромада, бас мушавваш шуд. Охир, мабодо дар рӯйи фарши мармарӣ асозанон ба гардиш ояд, лағжидаву биафтад... «Эҳ, Худоҷон-э, худат нигаҳбон шав! – миёни абрувонаш гиреҳ афтод ва ҳаросон гиребон ҷуфт кард вай. – Не, яқин лағжонак аст фарш, агар афтам, тамом – ягон устухони сиҳат дар ин тани фартут нахоҳад монд. Дар дами пирӣ аз ин бадтар азоб ҳаст магар?!»
Ду олуфта аз пеши кампир гузашта, хаёлманд ба мағоза даромаданд. Вай нав лаб кушоданӣ буд, ки онҳо ҳамон бепарво дур рафтанд. 
Кампир... боз ба атроф чашм бурд. Бефоида... Чӣ кор кунад? Таваккал ба Худои карим гуфта, роҳ равад, ё мунтазир истад. Ҳамин сад қадам масофаи аз хонааш то мағозаро сангпуштвор тай зада, ҷони ларзонашро дар кафи даст гирифта, аз рӯйи барф қадам монда омад. Афсӯс, неруи тани худро ба ҳисоб нагирифт. Замоне, ки Федяаш зинда буд, чолу кампир асои ҳамдигар шуда, ба сайри мағоза меомаданд. Гоҳе дасти ҳам доштаву ба сайри боғҳо мерафтанд.
Дар лабони кампир табассуми заифе пайдо шуд.
... Аз мағоза вай худаш ҳар чизи дилхоҳро интихоб мекард. Ба Федя як бутил арақ, ё вино бас буд,  гӯё як доман тилло ёфта бошад, филфавр дунёаш чароғон мегашт. Ҳамонро ҳам раҳматӣ ба сад илтиҷо мехаронд. Чаро мардуми мо ин қадар ошиқи шайдои он оби ганда ҳастанд? – андешидаву ҳеч ба субуташ намерасад.
«Хайр, сазои сарашон...» – нафраташ омада, пешонӣ чин намуд ва: «Аз афташ, меҳру муҳаббати инсонӣ ҳам завол ёфтааст!» – дилаш ганда шуда, ноилоҷ ба самти сабадчаҳои холӣ даст бурд. – «Ҳар чӣ бодо бод, агар худам бори худамро кашола накунам, имдодрасе нест...»
Ин дам дар рӯ ба рӯяш як чеҳраи хандонро дид. Ман будам, ки ба ёдам модари пирам расида, аз дасташ сабадчаро гирифтам.
– Модар, чӣ хидмат? – гуфтам дар тавозӯъ.
Пиразан ба ҳаяҷон омада, муддате ба рӯйи ман хира шуд. Пас, андаке тоб хӯрд ва ба сӯйи сурати Исои Масеҳ боз таъзим ба ҷо овард, дар ҳаво дубора салиб кашид. 
Баъд:
– Агар як пораяк дар хона нон медоштам, дар ин сармои ваҳшӣ аз остона берун пой намегузоштам. Гурусна мондам, бачем... Набераам, ки ду моҳ боз ба ман кумак мекард, бенишон ғайб зад... Куҷо рафт? – намедонам. Ана, ду рӯз боз бедарак. Манаки содда боз хонаву дарро ба номаш гузарондаам. Ҳоло аз барояш дилам зиқ... Пешам буд, хонаро гарм мекард, мағоза мебаромад, аммо... – ғамгин китф дарҳам кашид кампирак. – Акнун ночор ҳама корҳоро худам мекунам.
– Чӣ кумак кунам?
– Исто ки, маро модар гуфтӣ-а? Ман садқаи забони ширинат... Фарзандони худам ба ташвиши худ андармон. Аз афташ дигар модар лозим нест ба онҳо. Ба сад зорӣ аз духтарам Мишаро пурсида гирифтам, ки ба мани пир асо шавад... Ана, вай ҳам гуми Ҳақ. Раҳмат ба ту, ташаккур ба тарбиятгарат, – вай миёни оби чашм ба самти ҷавонони фориғбол назар кард, ки ғарқи дунёи худ буданд. Боз ба ман нигарист. Лаб газид, андешаманд сар такон дод.
– Дар ҳамин мағоза кор мекунӣ?
– Бале...
– Номи ман Любахола, Любов Андреевна. 
– Ман...Фозил.
Пиразан номи барояш ғайриодии маро чанд бор дар зеҳн такрор намуда:
– Писар, агар аз шипанг ба хонаам ҳезум кашонда медодӣ, сарам ба осмон мерасид. Бе ташвиш бош, туро албатта розӣ мекунам. Ҷойи зистам дар кӯчаи Садовое, 15...
– Баъд аз кор медароям, – ваъда додам ман.
Любахола ҳарчӣ дилаш мехост, харид ва ӯро то таксӣ гусел кардам. Мошин оҳиста ба ҳаракат даромад, аз паси тирезаи пӯшидаи он овози пасти пиразан ба гӯшам омад, ки беист дуо мекард ва ба ронанда дар таърифи ман чиҳое мегуфт. 
Баъд чанд бор ба хонаи ӯ рафтаву ба кору бораш кумак намудам. Баъзан бо хоҳиши вай аз мағоза нону шир, қаймоқу кефир ва дигар маҳсулотро харида, ба хонааш расондам. Вай маро писар мегуфт, ман ӯро модар! Чанд бор ба ҷонибам пул дароз кард. Хафа шудам. Дар ҳайрат монд.
– Савоб, – гуфтам рӯҳам болида.
– Савобро хона бурда натавонӣ..?
– Пеши Худо мебарам.
– Худо..? – сураташ шукуфон мулоим талаффуз кард. – Аҷоиб мардумонед шумо. Дилатон соф... Ростӣ, ҳавасам меояд, – хурсанд шуд Любахола. – Ин хел одоб дар байни мо ноёб.
Вақте ба ватан бармегаштам, ба дасти ман ҳамин лифофаро қапонда, гуфт:
–Ба модарат медиҳӣ, аз мани пир як тӯҳфа. Тӯҳфаи ноарзандае...
 *** 
Ҳоло «тӯҳфаи ноарзанда»-и Любахоларо кушода модарам дар таҳайюр ба ман менигарист. Як варақи калони сап-сафед... Дар саргаҳаш ба забони рӯсӣ ду ҷумла навишта шудааст: 
«Ташаккур ба модаре, ки фарзанди шоистае ба дунё овардаву тарбият намудааст. То дунё ҳаст, сипосгузорам!
Бо эҳтиром:
Любов Андереевна. 
12-уми марти соли 2014.»
Ҳарчанд ҳиҷҷо карда мехонад, аммо чизе нафаҳмида ба даҳони ман менигарад. Аҳли хонадон ҳам мунтазиранд, ки тарҷума кунам.
– Чӣ навиштааст, амак? – мепурсад Баҳман беқарор шуда.
Ман як-як маънидод мекунам. Саргузашти он кампиракро ба тафсил гуфта медиҳам. Дар чашмони модарам ашк ҳалқа мезанад ва он мактубро дубора ба лифофа гузошта, бо эҳтиром ба сина пахш мекунад. Мебинам, ки ноаён ба сурати падарам менигарад ва як гӯшаи қарси сафедашро ба дандон газида, гӯё хаёлан ба ёри биҳиштиаш мегӯяд:
«Ҳеч хавотир нашавед, додош. Орому осуда бихобед. Писараки гандаатон айнан нусхаи худатон шудааст – инсони баоқибат! Акнун хотири ман ҳам ҷамъ шуд...»
Ман сарам дар осмонҳо шодон аз ҷой мехезам. Аз бозуи ҷиянчаам дошта, ӯро низ ба пой рост мегузорам ва дархост мекунам, ки шеъре бихонад. Вай дар ҳаяҷон оғоз мекунад:
«Дедмороз, дедмороз...» 
Ҳанӯз мисраи дуюмашро нагуфта, худро сарнагун мебинад. Ман аз ду пояш боло бардошта, эзорашро поин овардам ва ба думбачааш шарт-шурт зада, исрор варзидам:
– Ба забони модариат хон.
– Модариаш чӣ? – аз шарм сурх шуда пурсид вай.
– Забони очаат, – фаҳмондам ман.
– Ҳамин шеърро очаам ёд дод. Ман чӣ кунам? – дона-дона оби чашм рехт ӯ.
Ман Баҳманро раҳо кардам.
Модарам ангушт ба бари рухсор гузошта, лаб газид ва:
– Ин бача, асло одам намешавад, – гуфт миёни шодиву итоб ба ман нигариста ва набераашро ба оғӯш гирифта, оби чашмони вайро бо остин пок кард ва намедонам чӣ насиҳатеро ба гӯшаш рехт.
Ман тағйир наёфтаам...
Шариф ХАЛИЛ

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: