АНВАР ОЛИМҶОНОВ ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

Байни нависандаи барҷастаи қазоқ Анвар Олимҷонов ва адибони тоҷик риштаи оқибат мустаҳкам буд.

Баъди Қазоқистон, ки китобҳои адиби худро дар вақташ ба табъ мерасонд, маҷмуаҳои ӯро шояд Тоҷикистон (қиёсан ба дигар ҷамоҳири бародарӣ) аз ҳама пеш ва ба адади зиёд чоп мекард. Хонандагони тоҷик, баробари ҳамин, китобҳои Анвар Олимҷоновро ба самимият истиқбол мекарданд.
Дӯстонаш аз Тоҷикистон мепурсиданд: «Чаро ному фамилияаатон тоҷикӣ?» Вай бо лабханд мегуфт: «Ба назари ҳамқаламони ӯзбекистониам исму фомилам ӯзбекӣ. Номи қазоқиам – Ануарбек. Лекин бисёр мехостам тоҷикон гӯянд мо як авлод. Ҳануз дар давраи мактабхонӣ ба адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ дилбастагӣ ҳис мекардам. Баъдтар ин эҳсос ба муҳаббати бузург табдил ёфт. Вақте асарҳоям ба тоҷикӣ рӯйи нашр дид, ба худ меболидам,ки қаҳрамонҳоям ба кадом маъние ба қаҳрамонҳои лирикиву ҳамосавии Рӯдакиву Фирдавсӣ барин бузургворон ҳамзабон».
Анвар Олимҷонов асарҳои дар шаклу жанр гуногуни худро асосан бо забони русӣ менавишт. Дар тарҷума ва чопи осори манзуму мансури дӯстони тоҷикаш бо русӣ кумак мекард. Яке аз тарғибгарони фаъоли адабиёти тоҷик ҳисоб меёфт.
Вай зодаи овули Қорлиғоши вилояти Тӯлдиқӯрғони Қазоқистон. Соли 1954 Дорулфунуни давлатии Қазоқистонро ба итмом расондааст.Чанде дар рӯзномаи «Ленинская смена» ба сифати сармуҳаррир фаъолият кард, баъд мухбири «Литературная газета» дар Қазоқистон таъин шуд. Чанд сол ҳамчун мухбир дар рӯзномаи «Правда» хидмат кардааст.  Дар «Қазоқфилм» низ фаъолият бурд. Баъдтар Анвар Олимҷоновро ба Иттиҳоди адибони Қазоқистон роҳбар таъин карданд (аз соли 1971 то 1978). Дар даврае, ки котиби аввали ташкилоти адабӣ буд, дӯстии адабии қазоқону тоҷикон амиқтар реша давонд. Наздикии ӯву шоири бузурги тоҷик Муъмин Қаноатро намунаи олии рафоқат байни ду миллат мешумурданд. Дар як шеъри ба Анвар Олимҷонов бахшидашудаи Қаноат низ шарораҳои меҳр равшан ба назар мерасад.
Зикршуда аз охири солҳои панҷоҳум ба майдони адабиёт қадам ниҳодааст. Соли 1958 аввалин дафтари ҳикоёташ бо унвони «Дӯсти сафед, дӯсти сиёҳ ва дӯсти зард» ҷомаи табъ ба бар карда буд.
Яке аз асарҳое, ки А.Олимҷоновро дар миқёси умумихалқӣ машҳур гардонд, қиссаи «Решаҳои ҷовид» мебошад, ки соли 1960 рӯйи дунё дид. Ин повест соли 1963 ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр гашт. Адиб барои дигар аз қиссаҳояш «Корвон рӯ ба офтоб равонааст» (1963) ба гирифтани Мукофоти ҷавонони Қазоқистон муяссар гашт. Соли 1964 хонандагони тоҷик тавонистанд ин қиссаро низ бо забони модариашон мутолиа кунанд. Худи ҳамон сол дар Алмаато «Кӯҳҳои кабуд»-и нависанда рӯйи чоп дид ва вай соли 1967 барои ин асар лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абай гардид. Маҳсули хомае,ки ба А.Олимҷонов шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид «Армуғони Утрор» (1966) мебошад. Барои ин асар ӯ ба дарёфти Мукофоти байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру муваффақ гардид (баъдтар боз ба ду мукофоти байналхалқӣ – «Нилуфар» ва ба номи Нето шарафёб шудааст). Тарҷумаи тоҷикии «Армуғони Утрор» (номи дигараш «Тангаи Утрор») аз тариқи «Ирфон» соли 1970 сурат гирифт. Худи ҳамон сол адиб бо «Ҷоми Ҷам»-и худ низ ба дили ҳазорон ҳаводорони адабиёти бадеъ мустаҳкам ҷой гирифт. Вай мегуфт номи ин асарам сирф тоҷикист, умедворам пирони адабиёти форс мадад намоянд. Дар ин асар воқеаҳои машъуми солҳои бистуму сиюм тасвир ёфтааст. Дар он нафақат ҳаёти вазнини халқҳои минтақаи мо, айни замон муборизаи озодихоҳонаи мардуми Осиё ва Африқо ба таври бадеӣ инъикос ёфтааст. Асар бо унвони «Ойинаи Ҷамшед» низ машҳур аст.
А. Олимҷонов яке аз романҳояшро «Пайкони Маҳамбет» ном гузошт. Ин низ асари таърихист. Нависанда бо ин асараш дигарбора собит намуд тараннумгари орзуву умедҳои халқи қазоқ аст. Ин бор низ тоҷикон имкон ёфтанд романи адиби писандидаашонро бо забони модарии худ мутолиа созанд.
Адиби қазоқ, тавре мушоҳида мекунем, ба таърихи пуршаън, айни замон пурфоҷиаи халқҳои минтақаамон таваҷҷуҳи зиёд дошт. Классикҳои Мовароуннаҳрро пири маънавии хеш мешумурд. Ба Бухорову Самарқанд ва Панҷакент сафарҳо менамуд. Мехост ҷойҳоеро, ки бештар аз ҳазор сол қабл Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ зиндагиву эҷод карда буд,бо чашми сар бинад. Дардҳои шоирии Одамушшуароро дар қалб эҳсос созад. Вай аз сарзамини Рӯдакӣ бо таассуроти бузург бармегашт. Сафарномаҳо менавишт. Хусусан як очерки адабии ӯ «Маснади Рӯдакӣ» (дар доираи умумииттифоқ – «Трон Рудакӣ») хонандаи зиёд пайдо кард. Халқи бародари қазоқ бо шарофати ин очерк (онро повести таърихӣ низ ном мебаранд) ба Рӯдакии бузургвор наздиктар шинос шуд. Очерк ҳануз соли 1967 ба тоҷикӣ баргардонда шуда буд ва тавре мебинем, аз байн чӣ қадар солҳо гузаштаанд, вале таассуроти нависанда аз боздиди зодгоҳи саромади адабиёти классикии форс-тоҷик ҳамон диққатҷалбкунанда ба назар мерасад.
«Армуғони Утрор»-и адиб оиди таърихи қадимаи халқҳои ҳамҷавори Осиёи Марказӣ қиссаест дилангез.
Навъе ишора рафт, А.Олимҷонов дар чорабиниҳои адабӣ ва маънавие, ки дар Душанбе рӯйи кор меомад, фаъолона ширкат меварзид. Вай  дар якчанд съезду пленумҳои ИН Тоҷикистон, ҷашнҳои адибони тоҷик, ҷаласоте, ки дар онҳо умдатарин масоили насри муосири тоҷик мавриди муҳокима қарор мегирифт, баромадҳо кардааст. Мақолаҳои ӯ бо забони русӣ оид ба эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода,Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигарон дар нашрҳои бонуфуз рӯйи чоп дид ва он навиштаҷот аз ҷониби доираҳои адабию ҷамоатӣ гарм истиқбол карда шудаанд.
Анвар Олимҷонов 63 сол умр дид. Вай чун яке аз дӯстони адабиёти тоҷик низ дар дилу хотири мо зинда аст.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: