АРТИШИ ПУРИҚТИДОРИ ЗАМОНАВӢ – ГАРАВИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

Вақте ки мо азму шуҷоати писарони далеру мард ва аз ҳар ҷиҳат баркамолро мебинем, диламон аз ифтихор лабрез мегардад.

Посбонони кишварро, ки дахлнопазирии сарҳадҳоро таъмин ва осоиштагии моро ҳифз мекунанд, қадр кардан лозим аст.
Имсол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ 32 сол пур мешавад. Дар натиҷаи ислоҳоти пайгиронаи давраи кӯтоҳи таърихӣ иқтидори низомии кишвари мо боз ҳам афзун гардид. Дар шууру дили ҷавонони мо ҳисси ифтихор аз артиш, эҳтиром нисбат ба касби пуршарафи муҳофизи Ватан торафт афзун мегардад. 
Имрӯз артиши мо таҷрибаи пешқадамтарини сохтмони ҳарбии ҷаҳонро дарбар мегирад. Сохтори таълим дар мактабҳои ҳарбии мо ба куллӣ тағйир меёбад. Дар мактабҳои ҳарбӣ таълиму тарбияи афсарони оянда ба талаботи замони ҳозира комилан ҷавоб дода, дар асоси таълимӣ-техникӣ ва маънавию ахлоқии комилан нав ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷаи фаъолияти бахшҳои ҳарбию маъмурӣ инфрасохтори шаҳракҳои ҳарбӣ ба куллӣ нав шуда, полигонҳои нави таълимӣ барпо шуданд. Натиҷаи ҳамин саъю кӯшиш аст, ки ҳарбиёни мо дар бисёр мусобиқаҳои бонуфузи варзишии ҳарбӣ, дар арсаҳои байналхалқӣ сазовори ҷойҳои бонуфуз ва комёбиҳои намоён гардиданд. Танҳо соли гузашта артиши Ӯзбекистон аз лиҳози иқтидори низомӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал ва дар ҷаҳон дар ҷойи 62-юм қайд шудааст.
Дар бораи дигаргуниҳои ин соҳа сухан ронда, қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳафт соли охир ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳофизони Ватан пурзӯр шуда, бисёр оилаҳо бо манзили зист таъмин гардиданд, фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси имтиёз дохил шуданд. Дар ин давр ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ҳарбию ватандӯстӣ диққати махсус дода шуд. Хусусан, дар маҳаллаҳо зиёда аз 24 ҳазор чорабиниҳо гузаронида, ба ҷамъомадҳои таълимии «Мактаби мардонагӣ» бештар аз 5 ҳазор нафар ҷавонон ҷалб карда шудааст.
Ба шарофати корҳое, ки дар асоси тамоюли «Халқ ва армия – як тану як ҷон» ба амал бароварда мешавад, имрӯзҳо шаҳрвандони мо кумаку дастгирии ҳаматарафаи артишро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳис мекунанд. Ин, дар навбати худ, барои баланд бардоштани ҳисси ифтихор ба армияамон дар қалби ҷавонон, эҳтиром ба касби пуршарафи муҳофизи Ватан хидмат мекунад.
Ба туфайли ислоҳот дар низоми Қувваҳои Мусаллаҳ нуфузи хидмати ҳарбӣ дар байни ҷавонон хеле баланд гардид. Хоҳиши дар сафи артиши миллӣ ҷой гирифтан боз ҳам пурзӯр шуд. Бо ибораи дигар, хидмат дар сафи армия кори пуршараф гардид.
Дар баробари ин, анъанаҳои ҷанговаронаи бобоёни мо аз қабили Ҷалолиддин Мангубердӣ, Амир Темур, Заҳириддин Муҳаммад Бобур ба қадри кофӣ идома доранд. Албатта, ин беҳуда нест. Зеро онҳо дар замони худ на танҳо ҳукмдори одил, балки фармондеҳони лашкарҳои мағлубнашаванда ҳам буданд. Бисёр корҳои ибратбахши ба таълиму тарбияи ҳаррӯзаи қӯшуни ҳарбӣ, таъмини вазъияти ҷанговарона нигарондашуда анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, Амир Темур ҳарчанд вазифаҳои махсусеро, ки ба вазъи ахлоқию маънавии хидматчиёни ҳарбӣ шуғл меварзанд, ҷорӣ накарда бошад ҳам, мансабдорони ҳарбии ҳамаи рутбаҳо оид ба таълиму тарбияи хидматчиёни низомии тобеи худ кор пеш бурдаанд. Бо ин далел лашкари ҷангии ӯ бо маҳорати стратегӣ ва тактикаи худ комилтарин ва тавонотарин артиши он замон маҳсуб мешуд.
Хулоса карда гуфтан мумкин аст, ки дар натиҷаи ислоҳоту саъю кӯшишҳои дар ҳафт соли охир анҷомёфта, Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа, гарави боэътимоди суботу рушди кишварамон ва ба як институти муҳими дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон ва хидматчиёни ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Имрӯзҳо ҳарбиёни мо дар амал исбот мекунанд, ки аз ҷиҳати дараҷаи тайёрии касбии худ аз ҳарбиёни артиши мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон кам нестанд. Онҳо маҳорат, қувваи маънавӣ, азму ирода ва пирӯзмандии худро нишон дода, давомдиҳандагони арзандаи ниёгони бузурги мо будани худро равшан нишон медиҳанд.
Хулоса, барои садоқатмандона ва фидокорона хидмат кардани фарзандони халқи мо дар сафи артиши миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Мо ҳам шодем, ки дар сафи артиши миллии мо ҳарбиёни тавоно, доно ва шуҷоатманд хидмат мекунанд, ки ба ҳифзи дахлнопазирии марзу бум, истиқлолияти кишвар ва зиндагии мо қодир ҳастанд.
Воқеан, то даме, ки мо чунин писарони мард ва ҷасур дорем, кишварамон ҳамеша осоишта, осмонамон софу беғубор, парчамамон дар фазо парафшон мешавад.

Баҳром РАҲМОНАЛИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: