Дар Ӯзбекистон автобусҳои ройгони мактабӣ ба роҳ монда мешаванд

Лоиҳаи Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва соҳибкорӣ» ба муҳокимаи умум гузошта шуд.

Тибқи лоиҳаи Барномаи давлатӣ дар соҳаи таълим, аз ҷумла, иҷрои корҳои зерин пешбинӣ шудааст:

то охири соли 2024 1400 объекти шарикии давлатию хусусӣ, аз он ҷумла, кӯдакистонҳои оилавӣ ташкил какрда мешаванд;

518 мактаб аз нав сохта, 30 мактаб аз бақарор карда, 175 ҳазор ҷойи хониш ташкил карда мешавад;

китобҳои нави дарсӣ аз рӯи 31 номгӯй, дафтарҳои машқ, айёниятҳои услубӣ барои муаллимони мактабҳо офарида мешаванд;

барои хонандагони 100 муассисаи таълими ҳамагонии ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар автобусҳои ройгон ба роҳ монда мешавад;

шумораи ташкилотҳои таълимии ғайридавлатӣ ба 470 адад расонда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: