12-умин партияи доруҳои зидди гепатити С, ки ҳукумати Миср пешниҳод кардааст, ба Ӯзбекистон оварда шуд

Аз Шарм-аш-Шайхд ба тошканд бо рейси ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» партияи дувоздаҳуми доруҳои зидди гепатити С, ки онро ҳукумати Миср ба сифати ёрии башардӯстона ба мамлакати мо ҷудо кардааст, оварда шуд.

7200 бастаи доруи «Sofosbuvir-400 mg» дар 30 қуттӣ ба беморони Пажӯҳишгоҳи вирусологияи назди Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дода мешавад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Бояд гуфт, ки Миср дар мубориза бо вирусҳои гепатити В ва С ба пешравиҳои назаррас ноил шудааст. Ба иттилои вазорати тандурустии Миср, аҳолии кишвар аз ин беморӣ комилан шифо ёфтанд, гуфт вазир Холид Абдуғаффор дар иҷлосияи 76-уми Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки рӯзҳои 21-30 майи соли ҷорӣ дар Женева баргузор шуд.

Ба фикри мутахассисон, ёрии беғаразонаи Миср ба мамлакати мо дар мубориза бар зидди «гепатити С» бюҷети давлатро 35 миллиард сӯм сарфа намуд, ки дар натиҷа ин маблағҳо имконият медиҳанд, ки ҳаҷми «скрининг»-и аҳолиро барои ошкор намудани бемории гепатит аз 10 ҳазор нафари ҳозира то 1 миллион нафар  зиёд гардонда, вирусҳои пинҳонӣ ошкор карда ва имконияти пурра барҳам додани касалӣ фароҳам оварда шавад.

Мавриди зикр аст, ки ин иқдом тибқи тавофуқномаҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Миср рӯзҳои 20-21 феврали соли 2023 ба имзо расидаанд ва ҳамчунин музокироти вазоратҳои тандурустии ду кишвар сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ки танҳо таҳқиқи оммавии аҳолӣ ва муборизаи доимӣ бо гепатит метавонад то соли 2030 ба ин беморӣ хотима бахшад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: