ТУЛӮЪИ БОЗ ДУ СИТОРА ДАР ФАЗОИ САМАРҚАНД

Дар арафаи Рӯзи байналхалқии занон бо қарори Президент «Дар бораи сарфароз гардондан бо мукофоти давлатии Зулфия» хабарнигори рӯзномаи «Қӯшчинор»-и ноҳияи Тайлоқ Наргиза Юнусова ва талабаи синфи даҳуми мактаби таълими умумии рақами 51-уми шаҳри Самарқанд, узви дастаи мунтахаби миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба гимнастикаи бадеӣ Вилана Савадян бо мукофоти мазкур сарфароз шудаанд, ки бо истеъдод ва фаъолияти ибратбахши худ лоиқи таҳсину пайравист ва намуна аст барои ҷав

Наргиза журналист  ва Вилана варзишгар аст. Вале дар Самарқанд  шуҳратёр  ва ситораи дурахшон шудани  онҳо – аз  дилбастагӣ ба касбу ҳунари  дӯстдоштаи  худ  аст.
Таъкид гардид, ки Наргиза Юнусова дар  бисёр  озмунҳои ҷумҳуриявӣ комёб  гардида, мукофотҳои  гуногунро ба  даст овардааст. Соли 2020 ӯ  дар зинаи ҷумҳурии озмуни «Аз ҳама  бузург, аз ҳама  азиз»  ҷойи саввумро  соҳиб шуд. Пас аз  як  сол  дар  озмуни байналмилалӣ барои  ҷоизаи  миллии ХV – «Олтин  қалам» дар  ду самт пирӯз  гашт.
Инчунин,  Наргиза Юнусова эҷодкори  рангинхаёл буда, муаллифи чанд  маҷмӯъаи  шеърҳо  мебошад. 
– Соҳиби  мукофоти  ба  номи  Зулфия  шудан бахти  бузург аст, – бо ҳисси  шодмонӣ гуфт ӯ, – зеро  аз  айёми бачагӣ ба мероси адабии Зулфия  дил баста, дар  пайравии вай  эҷод мекунам. Аммо  ба  фикрам, мукофоти мазкур ҳам  масъулият ва  талабот ба  пешравист...
Вилана дар  панҷсолагӣ ба толори  варзиш  омада, аз чолокиву истеъдоди бонувон дар  ҳайрат  монд. Модараш аз ӯ пурсид, ки ту ҳам  мехоҳӣ, бо онҳо  машқ  кунӣ? Вай  бо ризоият сар ҷунбонд. Албатта барои ба комёбиҳои назаррас ноил гардидан хеле арақи ҷабин  рехтан, пайваста бо  варзиш машғул  шудан  лозим шуд.
– Ҳоло  ҳаёти  худро  бидуни гимнастикаи бадеӣ  тасаввур карда  наметавонам,– мегӯяд  Вилана, – бо устоди сахтгир, вале меҳрубону дилсӯз қариб  ҳар рӯз машқ карда, истеъдоди хешро сайқал  медиҳам. Ана барои чӣ  дар  мусобиқаҳои байналхалқии Хитой, Белоруссия, Аморати Арабистон, Русия ширкат варзида  ҷойҳои  фахрӣ  насиб гашт. Вақте ки дар Хитой  чемпиони Осиё  шуда, ба  шоҳсуфаи баланд баромадам ва парчами ватани  азизам  дар  зери  садои мадҳияи Ӯзбекистон алвонҷ хӯрд, ҳиссиёти  аҷибе  вуҷудамро  фаро гирифт. Чунин  лаҳзаҳои  фараҳбахш  ҳангоми  гирифтани  мукофоти  ба номи Зулфия  низ рух дод.
– Имрӯзҳо  мо бо  шогирдам Вилана  ба олимпиадаи навбатӣ, ки дар  Фаронса  баргузор мешавад, тайёрӣ  мебинем, – ба  суҳбат ҳамроҳ шуд  мураббии ӯ Мафтунабону Шамсиева. – Мақсади мо соҳиби  медали  тилло гардида, нуфузу эътибори  Самарқандро боз ҳам ба  олами варзиш зиёд  кардан мебошад. 
– Ман чанде пеш тавассути  оинаи  нилгун дидам, ки сарвари давлатамон дар  мактаби гимнастикаи  Чусовитина шуда, бо варзишгарон суҳбат  оростанд. Агар мо – самарқандиҳо  низ  шӯҳратёр  гардем, бешубҳа ба  диққату эътибори  Президентамон хоҳем афтод. 
Воқеан, Вилана Савадян дар  мактаб низ бо баҳои хубу аъло таҳсил гирифта, адабиёти  бадеиро  дӯст медорад ва  дар лаҳзаҳои  холӣ пайваста китоб  мутолиа мекунад. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: