Президенти Ӯзбекистон зарурати куллан васеъ гардондани ҳамкории бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Қазоқистонро таъкид намуд

  • Президенти Ӯзбекистон зарурати куллан васеъ гардондани ҳамкории бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Қазоқистонро таъкид намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 март ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Қазоқистонро таҳти сарварии Сарвазир Олҷас Бектенов қабул кард.

Сарвари кишварамон Сарвазир Олҷас Бектеновро ба муносибати ба ин вазифа таъин шуданаш самимона табрик гуфта, дар фаъолияти масъулиятнокаш комёбиҳои бузург таманно намуд.

Дар навбати худ сарвари Ҳукумати Қазоқистон ба Президенти Ӯзбекистон салом ва таманнои беҳтарини Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаевро расонд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Қазоқистон баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, ба ташаккул додани рӯзномаи нави ҳамкории амалӣ дар чаҳорчӯби тайёрӣ ба чорабиниҳои муштараки дарпешистодаи сатҳи олӣ таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд.

Зарурати бартараф намудани монеаҳо ва андешидани чораҳои ҳамоҳангшуда оид ба зиёд намудани ҳаҷми муомилоти тарафайни мол, аз он ҷумла дар ҷараёни фаъолияти гурӯҳи корӣ, ки вазоратҳои ваколатдор сарварӣ мекунанд, қайд гардид.

Инчунин масъалаҳои амиқсозии кооператсия дар саноат, нақлиёт ва логистика, ки дар фазои стратегии ду кишвар самти калидӣ ба ҳисоб мераванд, баррасӣ шуданд.

Мақсаднок будани фаъолона пеш бурдани маҷмӯи нави барномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок ва лоиҳаҳои инфрасохтории аҳамияти минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва энергетика таъкид гардид.

Президенти Ӯзбекистон аҳамияти идома додани робитаҳои наздик ва низомнокро дар сатҳи ҳукуматҳо ба мақсади куллан васеъ гардондани ҳамкории ба ҳамдигар муфиди байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон таъкид намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: