ФИЛМИ КОРГАРДОНИ ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КИНОИ ОСИЁ ДАР ФАРОНСА СОҲИБИ ДУ ҶОИЗА ГАРДИД

Дар шаҳри Везули Фаронса Ҷашнвораи байналхалқии 30-юми кинои Осиё, ки аз 6 то 13 феврал идома дошт, анҷом ёфт.

Дар анҷумани кино зиёда аз 100 филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатии кишварҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна, Осиёи Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ намоиш дода шуданд, онҳоро тайи рӯзҳои ҷашнвора беш аз 30 ҳазор бинандагони минтақаҳои гуногуни Фаронса тамошо карданд. 
Дар доираи ҷашнвораи кино намоиши озмунии 9 филми бадеӣ аз мамлакатҳои Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Ҷумҳурии Куриё, Тайланд, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка ба вуқӯъ омад. 
Нахустнамоиши аврупоии филми коргардони ҷавони Ӯзбекистон Шокир Холиқов «Sunday» («Якшанбе») баргузор шуд, ки боиси рағбати зиёди бинандагон гардид ва аз ҷониби ҳакамоти байналхалқӣ таҳти роҳбарии таҳиягар ва коргардони машҳури Эрон Муҳсини Махмалбоф баланд тақдир карда шуд. 
Филми ӯзбекӣ соҳиби ду ҷоиза – Ҷоизаи муҳаббати тамошобин ва Ҷоизаи мунаққидони байналхалқии кино гардид. Тавре ки дар маълумоти матбуотии кумитаи ташкилии ҷашнвораи кино ифода ёфтааст, ҳакамоти байналхалқии мунаққидони кино қарор дод филми «Sunday»-ро тақдир намояд, зеро композитсия ва санъати махсуси он писанди ҳакамот омадааст. Аъзои ҳакамот аз иқтидори коргардон, ки ҳаёти ҳамарӯзаи ҷуфти солдидаи бо бозсозии ҷомеа рӯ ба рӯ омадаи деҳотро шоирона ифода карда тавонистааст, ба ҳайрат омаданд. 
Жан-Марк ТЕРОАН, директори Ҷашнвораи байналхалқии кинои Осиё:
– Соли равон Ҷашнвораи байналхалқии кинои Осиё дар Везул сисолагии худро таҷлил кард. Метавон бо эътимод гуфт, ки тӯли даврони сипаришуда ҷашнвора ба ҷамъомади бонуфузи кинои Осиё дар Фаронса, ҳамчунин дар тамоми қитъаи Аврупо табдил ёфт. 
Махсус таъкид менамоям, ки дар байни мо ва ҳамкорони ӯзбекистонӣ, коргардонҳои кино, Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Фаронса, ки ташаббусҳои моро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд, муносибати хуб ба вуҷуд омадааст. 
Дар чорабиниҳои байналхалқии солҳои охири кино иштирок карда, мо аз хусуси филми коргардон Шокир Холиқов «Sunday», ки дар як қатор ҷашнвораҳои Осиё намоиш дода шуд, огоҳӣ доштем, бино бар ин онро ба ҷашнвораи худ даъват намудем. Дар филми мазкур гуногунрангии анъанавии ҳаёти ҷуфти солдидаи деҳа ва навгониҳои технологӣ дар ҳаёти кунунӣ бо санъати нозуки кинематография нишон дода шудааст. 
Мехостам бо қаноатмандии бузург таъкид намоям, ки соли 2022-юм мо якҷо бо ҳамсарам Мартин Тероан, ки арт-директори Ҷашнвораи кинои Осиё ба шумор меравад, барои иштирок дар Ҷашнвораи байналхалқии XIV-и кинои Тошканд «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» даъват шуда будем. Сафар ба Ӯзбекистон, кори хуб бобати ташкили хуби ҷашнвораи кино дар дили мо таассуроти фаромӯшнопазир гузоштанд. Ҷашнвораи кинои Тошканд, воқеан дурдонаи Роҳи абрешим аст. 
Доминик РИТС, тамошобин, сокини шаҳри Везул:
– Ба ман тамошои кинофилми «Sunday»-и коргардон Шокир Холиқов хеле маъқул шуд. 
Бояд гӯям, ки баҳори соли равон ният дорам бо сафари дуҳафтаина ба Ӯзбекистон равам. Аз ин рӯ тамошои филми мазкур барои ман як навъ шиносоӣ бо маданият ва урфу одати ҳаёти ҳамарӯзаи кишвари шумо гардид. 
Муҳтавои филми «Sunday» барои мо-франсавиён низ фаҳмо ва рӯзмарра мебошад, зеро ҷараёнҳои бозсозиро дар ҷомеаи кунунӣ инъикос мекунад. 
Доминик БЕЗОТСИ, тамошобин, сокини шаҳри Авинон:
– Ман ба анҷумани кинои Осиё аз Ҷануби Фаронса, шаҳри Авинон, ки бо ҷашнвораи театрии худ дар тамоми олам машҳур аст, ба Везул омадам. 
Филми бағоят пурмаънии «Sunday»-и коргардони ӯзбекистониро, ки дар ҷашнвораи кино намоиш дода шуд, бо қаноатмандӣ тамошо кардам. Филми мазкур барои мо кашфиёти ҳаққонии кинои ӯзбек гардид. Ба коргардони ӯзбекистонӣ барои ин филми хубаш ташаккур мегӯям. 

АИ «Дунё», 
шаҳри ПАРИЖ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: