ХАЙРУ ЭҲСОН – АМАЛИ ХАЙРИ ИНСОН

Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон намояндагии вилоятии Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ва имом-хатибони шаҳру ноҳияҳо аз ҳоли аҳолии ниёзманди кӯмакҳои иҷтимоӣ, пиронсолон ва беморон хабар гирифта, ба онҳо дастыи ёрӣ дароз мекунанд.

Дирӯз имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъи ноҳияи Ургут бо кумаки сарпарастон ба 189 оилаи ниёзманд, ки саробонашонро аз даст додаанд ва шахсони ногироидошта ёрии моддӣ расониданд. Илова бар ин, барои намояндагони 30 оилаи ниёзманд дастархони ифторӣ ороста, туҳфаҳо тақдим карданд.
— Худоро шукр, мардуми саховатманду дасткушод дорем,  — гуфт саримом-хатиби ноҳияи Ургут Aбдуғанӣ Ҳасанов. — Тадбиркорон, шаҳрвандоне, ки кори савоб кардан мехоҳанд, ба оилаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунанд. Аксар инсонҳо ба оилаҳое, ки худ медонанд, ҳамсоягонашон ёрӣ мерасонанд. Баъзе шаҳрвандон ба ҷои гузарондани маросимҳои дабдабанок маҳсулоти онро дар байни хонаводаҳо тақсим мекунанд. Чунин амалҳои хайр меҳру муҳаббати одамонро нисбат ба ҳамдигар мустаҳкам намуда, тифоқии халқамонро таъмин менамоянд.
Саримом-хатибони вилоят ва шаҳри Самарқанд низ ба маркази дастгирии иҷтимоии вилоят омада, ба 145 нафар пирамарду пиразанҳо, ки дар ин ҷо иқомат доранд, туҳфаҳои идона супурданд. 
Чунин чорабиниҳои хайриявӣ дар ноҳияҳои Булунғур, Иштихон, Нарпай ва Нуробод низ баргузор гардиданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: