ҲАЁТИ ИНСОН АРЗИШ ДОРАД

Мо бо доктори улуми тиб, профессор, дилшиноси машҳур Дилшод Зукирович Зикриёхоҷаев дар Тошканд дар арафаи 75-солагии ӯ ҳамсуҳбат шудем.

Санаи муҳимтарини ҳаёти худро вай чун анъана дар Ӯзбекистон таҷлил менамояд. Ӯ дар ин ҷо таваллуд шуд ва ба воя расид, дар Тоҷикистон бошад, ба сифати олими маъруфу ҷарроҳи пурдон шинохта гардид. Алҳол дар Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии ба номи Гертсени Маскав кор ва дар ҳамин шаҳр зиндагӣ мекунад. Ноиб-президенти Иттиҳодияи директорони марказ ва пажӯҳишгоҳҳои онкологиву рентгенолорадиологии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авроосиё, узви ҷамъиятҳои онкологии кишварҳои гуногун ба шумор меравад, алоқаҳои байналхалқиро дар соҳаи тадқиқоти илмӣ ва табобати бемориҳои онкологӣ инкишоф медиҳад. Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти академии ИМА мебошад. Вай зуд-зуд ба Ӯзбекистон ҳам омада, ба ҳамкорон маслиҳатҳо медиҳад, бобати мубодилаи таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ кумак мерасонад. 
– Рушди бемориҳои онкологӣ ин мушкилотест, ки алҳол тамоми инсониятро нигарон кардааст, – мегӯяд Д. Зикриёхоҷаев. – Бинобар маълумоти Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ соли 2022-юм дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 19 миллион ҳодисаи нави саратон ва 9,7 миллион фавт аз бемории онкологӣ ба қайд гирифта шудааст. 
Омори рӯзафзун дар ИДМ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, ба фикри ман, бо имконияти ташхиси саривақтӣ, яъне ҳадаҳа ошкор намудани ин касалӣ вобаста мебошад. 
Ман медонам, ки солҳои охир Ӯзбекистон бобати рушди кумаки онкологӣ ҷиддан пеш рафт. Барномаҳои махсус татбиқ мегарданд, барои бунёди марказҳои махсус, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии баландтехнологии ташхис ва табобат, аз ҷумла барномаҳои скринингӣ, беҳтар намудани дастёбӣ ва баланд бардоштани самарабахшии табобат, таҳкими иқтидори кадрӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд. Бо марказҳои пешқадами ҷаҳонӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд. 
– Воқеан, тиб хеле зуд тараққӣ мекунад. Вале имрӯз ҳам одамон бемории саратонро ба сифати ҳукми марг қабул мекунанд...
– Бешубҳа, ҳанӯз бинобар табобати бемории онкологӣ мушкилоти зиёд мавҷуданд, ки бояд ҳаллу фасл шаванд. Яке аз онҳо, ки хеле ҷиддӣ мебошад, ин хабардории ками аҳолӣ аз омилҳои хатар, табиати бемориҳои онкологӣ, имкониятҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати он ба шумор меравад. 
– Дилшод Зукирович, вобаста ба ин шумо маълумоти хеле доманпаҳнкардаро оид ба бемории онкологӣ тасдиқ мекунед ё на? Оё касалии саратон илоҷнопазир аст? 
– Алҳол бисёр намудҳои ин касалиро дар мавриди саривақт ошкор гардидани онҳо метавон бомуваффақият табобат кард. Технологияҳои олии замонавӣ имкон медиҳанд, ҳатто ҷароҳатҳои ҳаҷмашон хурдтаринро ҳам ташхис ва муайян намуд. Сипас табобат таъин карда мешавад, ки аз маҷмӯи зиёди чорабиниҳо: табобати ҷарроҳӣ, кимиёӣ, нурафканӣ ва ғайра иборат аст. 
Барои табобати дертари беморӣ терапияи муваққатӣ (паллиативӣ) таъин карда мешавад, ки метавонад дар зиёда аз 90 фоизи иллат ҳаёти беморро дарозтар ва сифати онро беҳтар кунад. Дар бисёр кишварҳо барои нигоҳубини беморони вазнин хосписҳо кушода мешаванд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба андешаи ман, бинобар хусусияти мардуми мо ин намуди кумак ҳанӯз инкишоф наёфтааст. Бо вуҷуди душвор будан наздикони бемор нисбати ӯ дар хона, дар шароити оилавӣ ғамхорӣ карданро беҳтар медонанд. 
Маро он чиз ба ташвиш меоварад, ки то ҳол бисёр одамон барои шифо ёфтан ба табибон муроҷиат менамоянд ва онҳо бо як «нӯшоба» аз гиёҳ тамоми касалиҳоро рафъ месозанд. Дар таҷрибаи бисёрсолаи худ ман боре надидаам, ки ин навъи табобат ба ягон бемор нафъ расонида бошад. Вақти гаронбаҳоро беҳуда исроф накунед, ба мутахассис муроҷиат намоед!
– Оё касалӣ аз насл ба насл мегузарад?
– Омили меросӣ дар мавриди баъзе намудҳои беморӣ ҷой дорад, аз ҷумла саратони ғадуди сина, тухмадон, шуш, рӯдаи ғафс. Вале имкони пешгирии онҳо низ ҳаст. Барои ин бояд мунтазам аз назорат гузашт, саломатии худро эҳтиёт кард. 
Алҳол барои муайян намудани аз насл ба наслгузарии касалӣ дар бисёр кишварҳо тадқиқоти амиқи генетикӣ гузаронида мешаванд. Бешубҳа, ин иқдом басо гаронбаҳо мебошад. Бо вуҷуди ин, бояд дар кишварҳои мо низ чунин тадқиқот бештар шаванд. Тадқиқоти скринингӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ғайр аз ин, тавре ки шумо медонед, дар Ӯзбекистон низоми шифокори оилавӣ амал мекунад, ки бояд табиати организми тамоми оиларо омӯзад, эҳтимоли бемории меросиро ошкор кунад, онро назорат ва саривақт ташхис намояд. 
– Имкони пешгирӣ кардани беморӣ ҳаст?
– Дар мавриди аз байн бурдани омили хатар, ки аксаран ба он эътибори зарурӣ намедиҳанд, тақрибан 30-50 фоизи бемориҳои онкологиро пешгирӣ кардан имконпазир аст. 
Беэътиборӣ нисбати саломатии худ сабаби оқибатҳои вазнин шуда метавонад. Яке аз он фарбеҳшавӣ аст. Бояд ғизохурии сарфакорона ва боэътидол ба роҳ монда шавад. Одамоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, зуд-зуд ба бемориҳои вазнин, аз ҷумла диабети қанд, ки омили асосии сар задани хатари бемории онкологӣ мебошад, гирифтор мешаванд. 
Сониян, машғул нашудан ба тарбияи бадан. Садама. Ҳаяҷон. Шаробхурӣ ва сигоркашӣ. Саратони шуш низ мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ паҳнкунандаи асосии бемориҳои онкологӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар байни ин навъи беморон қисмати зиёдро сигоркашон ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки алҳол мувофиқи омори ҷаҳонӣ дар байни сокинони кишварҳои Осиё ин касалӣ аз ҳисоби паҳншавии сигоркашӣ меафзояд. 
Вазъи муҳити зист низ ба сар задани ин иллат сабаб мегардад. Собит шудааст, ки газҳои аз автомибилҳо хориҷшаванда боиси пайдо гардидани варами пайҳои нафаскашии шуш мешаванд. Чунончи, бинобар натиҷаи тадқиқот олимони Белгия муқаррар намудаанд, ки сокинони хонаҳои назди чорроҳаҳои сермошин аз бемории онкологӣ бештар азият мекашанд.
Бидуни шубҳа, иқлим низ ба беморӣ мусоидат менамояд. Чунончи, саратони шуш дар байни сокинони Аврупо бештар мушоҳида мегардад. Бошандагони кишварҳои осиёӣ бошанд, бинобар радиатсияи офтобӣ аксаран ба саратони пӯст гирифтор мешаванд. 
– Оё саратон воситаҳои давоӣ дорад? 
– Алҳол доруворе ҳастанд, ки барои табобати бемориҳои онкологӣ истифода мешаванд. Инҳо воситаҳои таргетӣ мебошанд. Ҳоли ҳозир дар бисёр кишварҳои пешқадам миқдори табобати консервативӣ аз миқдори давои ҷарроҳӣ хеле бештар аст. Дар ин маврид умрбинӣ ва сифати ҳаёти беморон нисбати онҳое, ки ҷарроҳӣ шудаанд, бад нест, баъзан ҳатто беҳтар аст. Воситаҳои давоии зиддиварамии баландсифат ва камзарар истифода мешаванд. Албатта, онҳо хеле қиматанд. Зеро барои коркард, тадқиқ, санҷиши ин дорувор садҳо нафар олимони номдор, лаборатория ва пажӯҳишҳои пешқадамтарини ҷаҳон тайи даҳсолаҳо машғул мегарданд. Ҳамаи ин ба арзиши дорувор таъсир мерасонад. Чун қоида, баъди гузаштани вақт ин воситаҳои давоӣ арзонтар мешаванд. 
– Дилшод Зукирович, барои ҷавобҳои муфассал ташаккур. Бигӯед, ки шумо ҳамчун шифокори бемории саратон чӣ орзу доред? 
– Аз ҳаёти инсон гаронтар чизе нест. Бинобар ҳамин ҳам, пеш аз ҳама, орзу мекунам, миқдори онҳое, ки аз бемориҳои онкологӣ азият мекашанд, хеле кам шавад. Мехоҳам, ки дар бемористонҳо шифокорони баландихтисосу сазовор кор кунанд. 
Технологияҳои олӣ ба пешрафти ташхис ва табобат таъсири бузург расонданд. Вале ҳамзамон онҳо шифокорро аз миҷоз дур карданд. Ҳол он ки беморро зарур аст дарди худ, ғаму ҳасратҳои дилашро баҳам бинад, ба шифокор бовар кунад. Тавре ки таҷрибаи бисёрсолаи ман нишон медиҳад, маҳз ана ҳамин мулоқоти боэътимоду самимӣ 50 фоизи муваффақияти табобатро таъмин месозад. 
Инсоният дар таърихи худ ба бисёр касалиҳо, аз ҷумла тоун, вабо, сил, сурхак... пирӯз шудааст. Тӯли солҳои охир шифокорони саратон бомуваффақият табобат кардани як қатор бемориҳои занонаи онкологиро омӯхтанд. 
Ман бовар дорам, ки мо бар саратон зафар мекунем. Барои ин бояд илмро дастгирӣ кунем ва инкишоф диҳем, дар соҳа ҳамкориҳоро ба роҳ монем, барои беҳтар намудани ҳаёти одамон, инкишоф додани кумаки тиббӣ ва арзонии он тамоми имкониятҳоро истифода бубарем. 
Ҳафтаи оянда дар Душанбе анҷумани 16-умини онкологҳои ИДМ баргузор мешавад. Дар он ҳам ҷавонон ва ҳам мутахассисони ботаҷриба, олимону омилон, аз ҷумла аз Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Мо дар бораи мушкилоти ҷиддитарини онкологӣ мулоқот мекунем, умедворам, ки баррасии ин беморӣ моро ба ҳаллу фасли чунин як вазифаи муҳим қадре наздик мекунад.

Суҳбаторо Фирӯза КУБАРЕВА.                          

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: