ҶУМЛАҲОИ МУХОТАБДОРУ МУШАДДАТ ДАР “ОЛАМИ ИРФОН”

Омӯзиши китобу матолиби шавқовар барои шахс судбахш аст.

Боиси эътироф аст, ки таи солҳои охир нашри китобҳо дар мавзӯи гуногун афзуд. Яке аз чунин китобҳо, ки аз  ҳаёти кӯдакон сухан мегӯяд, бо номи “Олами ирфон” соли 2021 чоп шуд. Китоби мазкур ба қалами узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Маликаи Бахтиёр мансуб буда, дар он шеъру ҳикояҳо, матолиби ибратбахш ва тавсияҳои дилангез, ки дар ҳаёти кунунӣ муҳим аст, ҷамъоварӣ гардидааст. Яъне ба масъалаи ҳифзи саломатӣ дар шароити пандемия, бахусус тандурустии кӯдакон эътибори ҷиддӣ зоҳир гардидааст.  Чуноне ки Дилрабо Насимӣ мегӯяд, М.Бахтиёр “...маводи хондание иншо сохтааст”. Асар бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба чоп омода гардида, дар он хонанда метавонад завқи беғубори  бачагиро эҳсос намояд. Мо хостем танҳо аз қисми тоҷикии асари  “Олами ирфон” чанд ҷумлаи мухотабдор ва мушаддадро дар ин ҷо зикр кунем. Шояд ин  дар фаъолияти дарси забони тоҷикии мактабҳо чун маводи иловагӣ кӯмак расонад. Дар поён аз ҳикояҳои эҷодкори ҷавон мисолҳо меорем.
Калима, таркиб ё иборае, ки гӯянда ба воситаи он муроҷиат мекунад, мухотаб ном дорад.  Мухотаб бештар ба шахс, ниҳоят кам ба предмет нигаронида мешавад. Агар мухотаб дар аввали ҷумла ояд, пас аз он, дар охири ҷумла омада бошад, пеш аз он ва дар байни ҷумла омада бошад, аз ду тарафи он вергул гузошта мешавад.
Ҳикояҳои асар хурд-хурд буда, лек дар аксари он ҷумлаҳои мухотабдор ба назар мерасанд.
– Бобоҷон, ба шумо гапи зарурам ҳаст. (Саҳ.24) – Гап занед, ҷони бобо. (Саҳ.24) – (Ҷумлаҳо аз ҳикояи “Ҳарфи Р”). 
Дар ҷумлаи аввал мухотаб – Бобоҷон дар аввали ҷумла омадааст, бинобар ҳамин пас аз калимаи «бобоҷон» аломати вергул гузошта шудааст. Ҷои мухотаб дар ҷумлаи дуюми охири ҷумла акси худро ёфтааст. Аз ҳамин сабаб пеш аз калимаи ҷони бобо аломати вергул сабт гардидааст. 
Дар ҷумлаҳои дигар ҷойи мухотаб, ки дар аввал, байн ва охир омадааст, диданамон мумкин.  
– Бобоҷон, агар ман дар вақти дуо кардан он чиро, ки хоста омин гӯям, ҳамааш амалӣ мешавад?
– Албатта, ҷони бобо. (Ҷумлаҳо аз саҳифаи 25-и ҳикояи “Дуо”).
– Робия, ман туро хеле пазмон шудам. (Саҳ.26)  Робияҷон, вирус нест шаваду ба хона биёӣ ман дигар ҳамроҳи ту ҷанг намекунам. (Саҳ.26) – Ҳоло тамом намешавад, Робия. (Саҳ.26) 
(Ҷумлаҳо аз ҳикояи “Суҳбати махфӣ”).
– Бийиҷон, ман аз легоям (бозичаҳо) ду нафар боғчахолаамро сохтам. (Ҷумла аз саҳифаи 28-и ҳикояи “Коронавирус дафъ шавад!”)
– Бобоҷон, натарсида фароед. (Саҳ.29) 
(Ҷумла аз ҳикояи “Дилсӯзӣ”). 
– Бобоҷон, гӯшатонро доред, як гапи зарурам ҳаст. (Ҷумла аз саҳифаи 30-и ҳикояи “Агар коронавирус ба дастам афтад...”). 
– Бобоҷон, маро дуруст фаҳмед. (Саҳ. 31) – Аввалаш, Бобоҷон, ман ниқоби ҳимоя дорам. (Саҳ. 31) (Ҷумлаҳо аз ҳикояи “Риояи қоидаҳо”).
 – Бобоҷон, ба наздам биёед, як чизро гуфтаниам, – пас аз садои бобояшро шунидан гуфт Ирфонҷон. (Саҳ. 32). Чӣ мегӯӣ, ҷони бобо? (Саҳ. 32). (Ҷумлаҳо аз ҳикояи “Аз хотирам баромадааст”). 
– Апаҷон, аз як тараф карантин зӯр-а? – гуфт, Ирфонҷон. 
– Барои чӣ ин хел мегӯӣ, Ирфонҷон? (Саҳ. 33). (Ҷумлаҳо аз ҳикояи “Аз як тараф карантин зӯр”).
– Бобоҷон, ман ҳам гул шинонида, пас онро ба ҷӯраҳову боғчахолаҳоям туҳфа кунам, майлаш. 
– Албатта, ҷони бобо. (Саҳ. 34). – Бобоҷон, ба гулҳои ман кӣ расид? (Саҳ. 34). – Бобоҷон, агар дар он ҷо низ ҷӯраҳои ман бошанд, майлаш гулҳоро тӯҳфа кардан гиред. (Саҳ. 35). 
(Ҷумлаҳо аз ҳикояи “Тӯҳфа”).  
Ғайр аз ин дар ҳикояҳои китоб истеъмоли калимаҳои мушаддад бамаврид истифода гардидааст, ки чанде аз онҳоро хоҳем дид. 
– Бобоҷон, ман талаффузи ҳарфи “Р”-ро ёд гирифтам. Мана бинед: арра, барра, дарахт, Сардор, Сарвар, Собир, Амир... ва дигар калимаҳоеро, ки ҳарфи “Р” дорад, бехатову бурро қатор кард. (Саҳ.24). – Албатта, ҷони бобо. (Ҷумлаҳо аз саҳифаи 25-и ҳикояи “Дуо”).
– Аввалаш, бобоҷон, ман ниқоби ҳимоя дорам. (Саҳ. 31). Ҳатто дар вақти бо ҷӯраам тӯббозӣ кардан ҳам бинед масофаро нигоҳ медорем. (Саҳ. 31).(Ҷумла аз ҳикояи “Риояи қоидаҳо”). 
Дар ҷумлаҳое, ки калимаҳои шаддадор корбаст мегардад, раванди дарс аз китоб истифода карда нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандаро сайқал додан мумкин. Масалан, ....арра, барра, албатта, аввалаш, ҳатто ва ғайраҳо. Ин вожаҳоро мувофиқи меъёр талаффуз кунему дар тахтаи синф нависем, тарзи аз сатр ба сатр кӯчонидани онро дарк намоем, ба мақсади дарси муайян ноил хоҳем гашт.
Хулоса, мисолҳои болоӣ барои хониши мустақилона ва ё кӯмаке барои омӯзонидани мавзӯҳои мухотабу шадда, инчунин барои сайқал додани дониши хонандагон саҳм мегузорад. 

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,
омӯзгор аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: