Илми мамлакат талафоти гарон дод.
Илми мамлакат талафоти гарон дод.
3 ноябри соли равон дар синни 80 олим-шарқшиноси машҳур, доктори илмҳои таърихӣ, профессор Убайдулла Уватов вафот кард.
У.Уватов 23 феврали соли 1940 дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё таваллуд шуд. Факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло – Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон)-ро солҳои 1958-1969 хонда, тамом карда, соҳиби ихтисоси филологияи араб гардид ва фаъолияти меҳнатии худро дар ҳамин мактаби олӣ ба сифати омӯзгор оғоз намуд. Аспирантураи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистонро хатм кард, рисолаи номзадӣ, сипас рисолаи докториро дифоъ намуд. Ҳамчун мутахассиси баландихтисос оид ба забони арабӣ дар Миср, Ироқ ва Либия ба сифати тарҷумон кор кард.
У.Уватов, ки дорои иқтидори баланди илмӣ ва ташкилотчигӣ буд, солҳои истиқлолият дар вазифаҳои масъули роҳбарияти олии идораҳои кишвари мо, аз ҷумла мудири шуъбаи дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини аввали раиси Кумитаи оид ба дини назди Девони Вазирон, ҳамчунин муовини аввали раиси Бунёди Амир Темур, муовини аввали раиси Бунёди байналхалқии хайрияи «Олтин мерос» пурмаҳсул кор кард ва дар эҳёи суннатҳои милливу динии мо, ҷамъоварӣ, омӯзиш ва тарғибу ташвиқи намунаҳои мероси илмиву фарҳангиамон саҳми сазовор гузошт.
Олими меҳнатдӯст дар вазифаҳои мудири шуъбаи «Захираи дастнависҳо»-и Донишгоҳи исломии Тошканд, роҳбари Маркази байналхалқии Имом Бухорӣ ва то охири ҳаёташ директори Маркази байналхалқии илмию тадқиқотии Имом Тирмизӣ фидокорона кор кард. Ба сифати профессори Академияи байналхалқии исломӣ дар Ӯзбекистон вай бинобар омӯзиши амиқ ва тарғибу ташвиқи мероси олимони бузурги мо, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос фаъолона иштирок намуд.
Бисёр мақола, китоб ва рисолаҳои олими машҳур, ки ба омӯзиши ҳаёт ва мероси илмии чунин шахсиятҳои маъруф, аз ҷумла Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Имом Мотурудӣ, Маҳмуд Замахшарӣ, Абӯ Мӯин Насафӣ, Амир Темур бахшида шудаанд, тарҷимаи дастнависҳои нодири арабӣ дар байни ҷомеаи илмии кишвари мо ва мамлакатҳои хориҷӣ хуб маълум буда, саҳми бебаҳо дар рушди илми шарқшиносии кишвар гардидаанд.
У.Уватов дар корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, диниву маърифатӣ, конфронс ва вохӯриҳое, ки дар кишвари мо гузаронида шудаанд, фаъолона ширкат ҷустааст, ҳамчунин дар роҳи тарбияи халқ, бахусус ҷавонон, дар рӯҳи эҳтиром ба таърихи қадимии мо, садоқат ба анъанаҳои гузаштагон поквиҷдонона меҳнат кардааст.
Таҳти роҳбарии бевоситаи ин омӯзгори соҳибистеъдод, мураббии ғамхор даҳҳо номзадҳо ва докторони илм тайёр карда шудаанд.
Хидматҳои профессор У.Уватов бобати рушди илми кишвари мо сазовори баҳои арзандаи давлат гардидаанд. Вай бо унвони ифтихории «Мураббии хидматнишондодаи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон», орденҳои «Меҳнат шуҳрати» ва «Фидокорона хизматлари учун» мукофотонида шудааст.
Хотираи олими шинохта, мураббии ғамхор, инсони хоксор ва самимӣ Убайдулла Уватов дар қалбҳои мо боқӣ хоҳад монд.
Ш.МИРЗИЁЕВ, Т.НОРБОЕВА, Н.ИСМОИЛОВ,
А.АРИПОВ, Б.ЙӮЛДОШЕВ, У.АЛИМОВ