ДАР НАМАНГОН «ШӮРОИ СОҲИБКОРОН» ТАЪСИС ЁФТ

Дар асоси ташаббуси Президент «Оиди татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва ба минтақаи аз бекорӣ озод табдил додани вилояти Намангон» ҷамъомади таъсисии «Шӯрои соҳибкорон» баргузор гардид.

Дар нахустин вохӯрие, ки дар шакли муколама дар «Минтақаи саноатӣ ва соҳибкории ҷавонон» воқеъ дар маҳаллаи Баркамол авлоди шаҳри Намангон баргузор шуд, ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов, роҳбарони кластерҳо, сармоягузорону соҳибкорон, идораҳои масъули рушди соҳибкорӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Сарвари давлатамон дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон ба соҳибкорони вилояти Намангон баҳои баланд дода, эътироф намуд, ки «Намангон аз ҷиҳати соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ аввалин аст...». 
Воқеан, дар 5 соли охир дар вилоят дар соҳаҳои саноат, хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳои соҳибкорӣ натиҷаҳои баланд ба даст оварда шудаанд. Шумораи корхонаҳо ба 32,5 ҳазор расид. Танҳо дар соли 2022 5500 субъекти нави соҳибкорӣ ташкил карда шуд. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоте, ки намояндагони корхонаҳои хусусӣ истеҳсол кардаанд, 1,6 баробар афзуда, маблағи умумии он ба 8,3 триллион сӯм расид. Барои рушди муҳити соҳибкорӣ 6,1 трлн. сӯм вом ҷудо карда шуд. Ин назар ба 5 соли гузашта 4,2 баробар зиёд аст. Дар 72 минтақаи хурди саноатӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо ҳамчун «Таҷрибаи Намангон» ташкил шудааст, зиёда аз 650 лоиҳа ба маблағи 4,8 трлн. сӯм амалӣ гардида, дар ин корхонаҳо 38 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.   
Дар ҷаласа раиси шӯро Шавкатҷон Абдураззоқов ба аҳамият ва муҳтавои сохтори нав таваҷҷуҳ намуда, 41 нафар аъзои Шӯрои соҳибкоронро муаррифӣ намуд. Дар назди аъзои шӯро, ки аз роҳбарони соҳаҳо, корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, кластерҳо ва соҳибкорони ботаҷриба иборатанд, вазифаҳо гузошта шуданд.                                                                                                    
– Қаблан соҳибкорон намедонистанд, ки бо мушкилоти худ ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат кунанд, – мегӯяд роҳбари ҶММ «Apart hotel kosmos», узви шӯро Дилшод Тӯрахӯҷаев. – Ин низомро дастгирии соҳибкорон меноманд. Соҳибкорон метавонанд мушкили худро ба осонӣ ва қонунӣ ҳал кунанд. Имконияти якҷоя кор кардан ва табодули афкор намудан низ вуҷуд дорад. Албатта, ҳар як муроҷиати онҳо ба эътибор гирифта, ба мақомотҳои дахлдор расонда, иҷрои онҳо зери назорат гирифта мешавад. Аксари иштироккунандагони ҷамъомад мушкилоти худро зикр карданд. Махсусан, нарасидани мутахассисон яке аз мушкилоти калон ва таъхирнопазир мебошад. Дар ин бобат низ супоришҳои алоҳида дода мешавад. Ман ҳам лоиҳаи нави худро ҳамчун соҳибкор муаррифӣ кардам. Мо 621 ташкилоти гуногуни хидматрасонӣ ташкил хоҳем кард. Вазифаи асосии он бо мутахассис таъмин намудани корхонаю ташкилотҳо мебошад. Бо ин мақсад аҳолии бекорро муайян намуда, онҳоро аз рӯйи ихтисосашон ба корхонаҳои дахлдор равона мекунем.                                                                                                                                                        

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: