Қабл аз он, ки дар бораи манфиатҳои шахсӣ ва миллӣ (умумимиллӣ) ҳарф занем, хостем хонандагони ҷавонро бо маънои луғавии вожаи «манфиат» ошно созем.
Қабл аз он, ки дар бораи манфиатҳои шахсӣ ва миллӣ (умумимиллӣ) ҳарф занем, хостем хонандагони ҷавонро бо маънои луғавии вожаи «манфиат» ошно созем. «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» вожаи мазкурро ба ин тарз шарҳ додааст: «Манфиат (дар асл манфаат) — нафъ, фоида, суд». Дар дигар фарҳангҳо низ ба ҳамин маънӣ омадааст. Устод Лоиқ Шералӣ дар як фардаш, ки маҳсули мушоҳидаҳои ӯст аз зиндагӣ, изҳор доштааст, ки инсон ба дунё барои манфиат меояд:
Дер омадаем ё ки зуд омадаем,
Дар даҳр ҳама барои суд
омадаем.
Воқеан, агар зиндагии ҳар як инсонро пеши назар оварем, хоҳем дид, ки умре ба дунболи манфиат сипарӣ шуда будааст. Манфиат, ки аз ниёзҳои дарунии инсон бармеояд, ду навъ аст: шахсӣ ва миллӣ (умумимиллӣ).
Манфиате, ки ба ниёзҳои моддӣ ва маънавии як нафар, мисли омӯзиш гирифтану соҳиби касбу ҳунар шудан, сохтани маскан, харидани автомобил ё ҳар гуна лавозими зарурӣ, либос, ғизо (хӯрок), ҷиҳози хона, рахти хоб, соҳиби мансабу мартаба гардидан, донишандӯзӣ, роҳату фароғат ва ғайра нигаронида шудааст, манфиати шахсӣ мебошад. Барои дастрасӣ ба манфиатҳои шахсӣ одамон бисёр ранҷ кашидаанду мекашанд. Таҷрибаи зиндагӣ ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли умр қисми зиёди одами ба дунболи манфиатҳои шахсӣ мегаштаанд.
Дар баробари манфиатҳои шахсӣ, манфиатҳои миллӣ (умумимиллӣ) ва умумибашарӣ низ вуҷуд доранд, ки ба ниёзҳои моддӣ ва маънавии як миллат ва бани башар нигаронида шудаанд.
Манфиати миллӣ ё умумимиллӣ чӣ манфиат аст, ба дунболи он гаштан чӣ зарурат дорад? Манфиати миллӣ манфиатест, ки ба пос доштани забон, рушди фарҳанг, ба роҳ мондани мактабу маорифи миллӣ, доштани ҳофизаи таърихӣ, якпорчагии марзу бум, нигоҳ доштани беҳтарин урфу одат ва анъанаҳои аҷдод ва дигар арзишҳое, ки қавмеро ба ҷаҳониён ҳамчун миллат муаррифӣ менамоянд, иртиботи ногусастанӣ дорад.
Агар ба дирӯзи дуру наздики халқи тоҷик назар афканем, хоҳем дид, ки бисёр абармардон ва нобиғҳои илму адаб, ба мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Спитамен, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҷалолуддин Балхии Румӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Калими Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Аҳмади Дониш, Туғрал, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Абдуқодир Муҳиддинов, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва садҳо тани дигар умри гаронмояи худро сарфи манфиатҳои миллӣ намуда, ба рушди забон, фарҳанг, истиқлоли марзӣ ва фикрии тоҷикон саҳми назаррас гузоштаанд. Вале миллати тоҷик дар канори ин ҷоннисорон, фарзандони хоине низ доштааст, ки дар тӯли таърих барои мансабу мартаба ва дигар манфиатҳои шахсӣ ба осиёи бегонагон об рехтаанд...
Дар замоне ки арабҳо дар зери парчами ислом сарзаминҳои Осиёи Марказиро забт намуда буданд, қисми зиёди шоирону нависандагон таълифоташонро ба забони арабӣ анҷом медоданд. Ба қавли Фирдавсӣ замони «Чу бо тахт минбар баробар шавад, Ҳама ном Бубакру Уммар шавад» буд. Дар ҳамин шарту шароит Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ буданд, ки барои истиқлоли забониро ба даст даровардан, шеърнависиро ба форсии тоҷикӣ шурӯъ карданд. Ва ин форсисароӣ аз ҷониби шоҳи замон мавриди дастгирӣ қарор гирифт.
Истиқлоли марзиро ба даст даровардани шоҳ Исмоили Сомонӣ натиҷаи саъю талошҳои ӯ дар роҳи манфиатҳои умумимиллӣ будааст. Дертар дар роҳи таҳким бахшидани истиқлоли забонӣ «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ қадами устувортар гардид. Ин ҳамосаи беназир ба қудрати забони порсӣ ё форсӣ ба маротиб афзуд. Фирдавсӣ тасмим гирифта буд, ки забони мурдаистодаеро аз нав зинда кунад ва бино ба қавли худаш сӣ сол ба дунболи ин кор гашт:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Бубинед, Фирдавсӣ намегӯяд, ки Аҷамро бо гиёҳу дору зинда кардам, балки мегӯяд: «Аҷамро зинда кардам бад-ин порсӣ», яъне, бо забони порсӣ зинда кардам.
Дар ин шоҳасар фикрҳои истиқлолхоҳие, ки ба муқобили арабҳои истилогар нигаронида шудаанд, кам нестанд. Мисол:
Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тоҷи каёнро кунад орзу,
Тфу бар ту, эй чархи гардун, тфу!
Баъд аз пири Тӯсӣ қоиммақомҳои ӯ бо таълифоти мондагори хеш парчами истиқлоли забониро баландтар афроштанд. Дар натиҷа забони зебою шевои форсӣ (порсӣ) хеле рушд кард, ба забони давлатии як минтақаи бузург табдил ёфт. Имрӯз аз «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддин Балхии Румӣ, рубоиёти ҳикматбори Умари Хайём, панду андарзҳои инсонпарваронаи Саъдии Шерозӣ ва ғазалиёти шӯрангези Ҳофизи лисонулғайб ва дигарон на танҳо форсизабонон, балки тамоми оламиён баҳра мегиранд. Пас, маълум мешавад, ки онҳо таълифоти хешро бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ анҷом дода будаанд...
Талошу пайкорҳои аллома Садриддин Айнӣ дар нимаи аввали садаи ХХ барои бақои забону миллати тоҷик бесобиқа буд. Осори назмӣ, насрӣ ва мақолаҳои пурмуҳтавои ӯ, мисли «Одина», «Мактаби куҳна», «Ятим», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо», мақолаҳои публитсистиаш «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ», «Забони тоҷикӣ», «Сарфу наҳви завбони тоҷикӣ», тазкираи таърихиаш — «Намунаи адабиёти тоҷик» ва дигар асарҳои мондагораш таълифоте буданд дар роҳи манфиатҳои умумимиллӣ. Устод дар он аҳд бо зӯри қалам корномае нишон дод, ки рӯзгоре фарзандони диловару баори қавм Спитамен, Абумуслим, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик ва дигарон барои ҳифзи марзу буми хеш аз ҳуҷуми душманон бо зӯри шамшер анҷом дода буданд.
Спитамен (Сапеддомон) дар солҳои 329–227 то милод ба шӯриши аҳолии Суғду Бохтар алайҳи Искандари Мақдунӣ роҳбарӣ кардааст. Ӯ бо чашмони худ медид, ки лашкариёни Искандари Мақдунӣ нангу номус ва арзишҳои миллиро поймол месозанд, оташи ҷаҳлашон хазинаи маънавӣ — китобхонаҳои бузугро месӯзад. Ниҳоят, косаи сабраш лабрез гашта ба по хест, ҳазорон нафар суғдиён ва бохтариён дар пайравии ӯ ба по хестанд. Искандар талафоти калон дид. Вале ба сабаби он ки қувваҳо баробар набуданд ва хиёнат кори худро карда буд, Спитамен шикаст хӯрд. Аммо ин шикасте буд, ки дари пирӯзиҳои ояндаро боз кард... Ман ба ин гуфта, ки мегӯянд: халқи мо то ба истиқлоли давлатӣ расидан талафоти зиёди ҷониву молӣ додааст, бовар мекунам...
Суоле табиӣ пайдо мешавад: тоҷикони Ӯзбекистони кунунӣ, ки расман беш аз 1 миллиону 700 ҳазор нафар нуфус доранд, чӣ манфиати умумимиллӣ дошта метавонанд? Фикр мекунам, дар маҳдудаи Ӯзбекистон рушду тарвиҷи мактабу маориф, забон, фарҳанг, адабиёт, урфу одат ва арзишҳои миллӣ, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба забони модарии худ хонондани фарзандон, доштани театри миллӣ ва ҳ. аз манфиатҳои умумимиллии онҳост. Онҳо бояд дар доираи қонунҳои фаъоли Ӯзбекистон ва СММ дар роҳи ташаккул додани чеҳраи фарҳангӣ ва миллии худ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд. Чанде аз шоирон, нависандагон, олимон, журналистон ва рӯшанфикрони тоҷик имрӯз дар ин кори муҳим — ҳифзи манфиатҳои миллӣ бо таълифоти хеш ва матолибе, ки дар нашрияҳо чоп мешаванд, то ҷое саҳм мегузоранд. Дар ҷумҳурӣ чопи китобҳои бадеӣ ва илмии онҳо худ як ҳодисаи масарратбахш аст.
Бо ибтикори роҳбари давлат ва ҳамоҳангии ҳукумат дар кишварамон ҳар сол даҳҳо муассисаҳои таълими томактабию мактабии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд ва омӯзгорони зиёде сазовори мукофотҳои давлатӣ мегарданд, ки боиси шукргузорист. Маоши устодони муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олӣ зина ба зина зиёд карда мешавад. Тӯли чанд соли охир доир ба рушди сохтори таълим фармону қарорҳои тақдирсоз ба тасвиб расиданд. Ин ташхиси дақиқи роҳбари давлат, ки даст ба набзи замон ниҳода гуфтааст: «То даме, ки дар мактаб дигаргуние ба амал намеояд, дар ягон соҳа дигаргунӣ рӯй намедиҳад» моро водор месозад, ки сари механизми нави таълиму тарбия биандешем. Яъне корро аз мактаб оғоз намоем. Тавре кунем, ки «завод-мактабҳо»-и мо маҳсулоти хушсифат, насли огоҳу худшинос истеҳсол намоянд...
Шояд корҳои таълиму тарбия дар дигар мактабҳои миллии кишвар хуб ба роҳ монда шудааст. Аммо наметавон гуфт, ки вазъи таълим дар мактабҳои тоҷикӣ табъи дил аст. Сифати тарҷумаи ағлаби китобҳои дарсӣ, ки аз забони ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд, ба талаб ҷавоб намедиҳад. Дар барномаи таълимӣ кам будани соатҳои таълими забони тоҷикӣ имкон намедиҳад, ки толибилмон забони меъёрро ба таври бояду шояд омӯзанд. Кор то ба ҷое расидааст, ки хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ (ба истиснои як ё ду нафар) дар доираи забони меъёр ба сари худ тарҷумаи ҳол, ариза, нақли хаттӣ ва иншо навишта наметавонанд. Вақте ки хонанда аз забони меъёр дур шуд, роҳи омӯхтани дигар фанҳо низ барояш баста мешавад. Ман намедонам, ки дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ таърихи халқи тоҷик то куҷо омӯзонида мешавад. Вале бисёр мехостам, ки дар мактабҳои тоҷикӣ таърихи халқи тоҷик муфассал омӯзонда шавад. Зеро таърих ягона фаннест, ки ба бедорӣ ва худшиносии ҷавонон мусоидат менамояд. Агар насли ҷавон таърих (саргузашт)-и халқи худро надонад, дар ҷодаҳои зиндагӣ раҳгум мезанад, ба уштури миҳорбастае монанд мешавад, ки мӯре метавонад ӯро ба ҳар самт кашад. Шоир ва мутафаккири бузурги нимҷазираи Ҳинд Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ доир ба аҳамияти донистани саргузашт (таърих)-и қавм фармудааст:
Қавм рӯшан аз саводи саргузашт,
Худшинос омад зи ёди саргузашт.
Саргузашти ӯ гар аз ёдаш равад,
Боз андар нестӣ гум мешавад...
Забт кун таърихро поянда шав,
Аз нафасҳои рамида зинда шав.
Яъне, саргузашт (таърих) ба зиндагии қавм (миллат) рӯшанӣ мебахшад, ӯро худшинос мекунад. Агар саргузашт — таърихаш аз ёдаш равад, дигар ҳамчун миллат боқӣ намемонад, нест мешавад... Биноан, барои дар оянда ҳамчун миллат нест нашудан, фарзандони тоҷик бояд дар мактаб саргузашт (таърих)-и миллати худро омӯзанд. Нарасидани кадрҳои педагогӣ низ боиси нигаронист...
Тибқи Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки такя ба банду бастҳои Конститутсияи кишвар дорад, миллатҳои ғайриӯзбек, аз ҷумла тоҷикон, дар ҷойҳое, ки зич умр ба сар мебаранд (гузар, деҳа ва ноҳияҳое, ки аҳолиашон сад дар сад тоҷиканд), ҳаққу ҳуқуқи комил доранд, ки бо забони модарии худ табодули афкор намоянд, маҷлис гузаронанд, дари мактабҳои тоҷикиро кушоянд, шиору деворовезаҳоро ба забони модарии худ навишта, дар ҷойҳои ба назар намоён насб намоянд...
Фикр мекунам, ин корҳои хайр дар доираи қонунҳои фаъоли ҷумҳурӣ ва дастгирии ҳукумат ба амал татбиқ мегарданд.
А. СУБҲОНОВ.