Дар доираи ҳафтаи «100 зани ихтироъкори вилоят» дар Донишгоҳи давлатии Бухоро форуми занони «Ихтироъкор-2022» баргузор шуд.
— Мавқеи занони олима дар пешрафти илми мамлакати мо бемислу монанд аст, — мегӯяд аъзои Сенат Абира Ҳусейнова. — Дар мамлакати мо шумораи занон, махсусан занони олиму ихтироъкор, ки дар соҳаи илм лоиҳаҳои навоваронаро амалӣ мегардонанд, торафт меафзояд. Давлати мо ба дастгирии онҳо диққати махсус медиҳад. Ҳафтаи “100 зани ихтироъкори вилоят”, ки дар асоси баёни ҷамъомади Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи чораҳои амалӣ оид ба таҳкими институти оила ва дастгирии занон дар соли 2022" баргузор мешавад, яке аз чунин корҳои наҷиб аст.
Самтҳои асосии ҳафта фароҳам овардани фазои солими рақобат миёни заноне, ки дар бахшҳои мухталифи иқтисод кор карда, бо фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ машғул шуда, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд, ҳамаҷониба дастгирӣ кардани ташаббусу талошҳои онҳо мебошад. Инчунин, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасмандгардонии муаллифони лоиҳа ва ғояҳо, ки ба баланд бардоштани нерӯи илмӣ, эҷодӣ ва зеҳнии занон, мусоидат ба эҷод ва татбиқи техника, технология ва маҳсулоти рақобатпазири нав, мусоидат ба рушди ҳамбастагии байни маориф, илм ва истеҳсол нигаронда шудааст, иборат аст.
Ҷанбаи дигари муҳим бо роҳи азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ба донишандӯзӣ ҳавасманд намудан, бо асосҳои қонунгузорӣ, ки оид ба ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо қабул шудаанд, аз наздик шинос намудани онҳо мебошад.
Ҷиҳати муҳими чорабинӣ аз он иборат аст, ки равобити самарбахши илмию эҷодии байни занони олим, омӯзгор, ихтироъкор, навовар, муҳандис, конструктор, барномасоз, табиб, дорусоз, соҳибкор, ҳунарманд, намояндагони бахши аграрӣ, занону духтарон ва донишҷӯёни мутахассисеро, ки дар дигар соҳаҳо фаъолият доранд, ба роҳ мемонад.
Даҳҳо нафар занони ихтироъкору навовар, олимон, докторантҳо, магистрантҳо, донишҷӯдухтарон, муҳандисон, конструкторҳо, барномасозон, муаллимон, духтурон, дорусозон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, хизматчиёни давлатӣ, намояндагони бахши аграрӣ, соҳибкорон ва занони ҳунарманд дар озмуни «Занони ихтироъкор – 2022» ширкат варзиданд. Ҳуҷҷатҳо ва маърӯзаҳои пешниҳодкардаи онҳо дар Шӯрои коршиносон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифт. Аз рӯйи тақдимотҳо лоиҳаҳои беҳтарин интихоб карда шуданд.
Тибқи талаботи низомномаи озмуни «Занони ихтироъкор – 2022» дар марҳилаи ниҳоӣ ғолибони 10 номинатсия муайян гардида, онҳо бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.
Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.