НЕКӢ КУНУ БА ОБ АНДОЗ

Некиву накӯкорӣ.

 Ин суханон ҳамеша хуш садо медиҳанд. Моро чунин тарбия менамоянд, ки ба якдигар некӣ кунем. Дар ҳадисҳои Паёмбар (с) ҳам некӣ, накӯкорӣ ҷойгоҳи хос доранд. Оятҳои Қуръони маҷид бандагонро ба накӯкорӣ ҳидоят месозанд. Нависандагону шоирони олам ба ин мавзӯъ алоҳида эътибор додаанд. Асарҳои мондагори  онҳо одамонро водор месозад, ки то тавонанд ба ҳамдигар некӣ кунанд. Одамоне, ки ба ман ва дигарон некиҳо кардаанд, ҳаргиз аз ёд намераванд. Дил мехоҳад, ки бархе аз он некиҳоро номбар кунам...
Хеле хурд будам. Падарам ба ҷуз кор ва ташвишҳои зиндагӣ, дар фикри он буд, ки маро барои таҳсил ба ягон ҷо фиристад. Охир, хобгоҳи назди мактаби деҳаро муваққатӣ баста буданд. Мо дар бошишгоҳи чӯпонӣ умр ба сар мебурдем. Ин манзил аз деҳа якчанд чақрим дур буд. Ҳамин вақт амакам Маъмур Маҳкамов мототсиклсавор омада, ман ва фарзандони хешовандони дигарро  ба деҳа бурд.
Ҳамон солҳо дар хонаи амакам якчанд нафар буду бош доштанд, мо дар мактаб мехондем. Бар замми ин, амакам як муддат ба таътили ихтиёрӣ баромад (ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд  буду аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медод) ва барои он ки фарзанди яке аз хешовандони чӯпон дар мактаб хонад, ёрӣ расонд. Ҳамин тавр, мактабравӣ қатъ нагардид. Дертар барои ба донишгоҳ рафтанам ҳам бетараф намонд, балки ба таҳсил раҳнамун сохт. «Ман вақте ки дар шаҳри Самарқанд таҳсил мегирифтам, аввалин ҳикояи аз русӣ тарҷуманамудаи ҳамсабақам Зоҳирро бо номи «Мубориза бо авбошон» дар рӯзномае хондам ва ба ӯ бурда додам», – гуфта буд боре амакам ва сужети ҳикояро саропо нақл карда дод.
Боре нависандаи қароқалпоқ меҳмони деҳа мешавад ва хоҳиши  ба навор гирифтани филм дар бораи деҳаи Ӯхмро изҳор медорад. Амакам бо ин нависанда суҳбатҳо карда, ба ин ақидаи ӯ хайрхоҳии худро маълум мекунад.
Он солҳо писараш дар шаҳри Нуқус хидмати аскариро ба ҷо меовард. Рӯзе  як сабад себи сурхро нависанда ба писари аскари амакам бурда медиҳад. «Ма, бигир, ин меваҳоро аз ҳамон тарафҳо овардам», – гуфта нависанда зимни аз вилояти Навоӣ баргаштан онро гирифта мебарад. Бо ин роҳ аскари аз ҳалқаи хонавода дурафтодаро дилбардорӣ мекунад.
Амакам ба адабиёт дилбастагӣ дошт. Боре қиссаи «Подоши  хиёнат»-и солҳои пеш банашррасидаи Муҳаммад Шодиро, ки дар  он мавзӯи солҳои ҷанг тасвир ёфтааст, ба ман ҳикоя кард. Баҳори соли 2012 гурӯҳи ҳамкорон ба деҳа омаданд. Он дам ҳам бо суҳбатороиву дилнавозӣ амакам ба дили меҳмонон нишаст. Ҳамкорамон Абдулло Субҳон пагоҳӣ сари хон гуфт: «Маъмурака рафтанду суҳбат натасфид».
Порсол ногаҳон ба дард печид. Аз ин пеш ҳам маризии қанд азият медод. Аммо фалаҷ корашро кард.
Дар дамҳои вазнини касалӣ ҳам ӯ бо як даст меҳри дилашро ифода мекард.
Дар бораи некӣ нақлу ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Мегӯянд, ки Ҳотами Той ҳамин ки амонати Худовандро месупорад, бародараш «Ман кори ӯро давом медиҳам», – гуфта ба майдон мебарояд. Ба ин кор модараш розигӣ намедиҳад. 
– Ту асло наметавонӣ, ки Ҳотами Той шавӣ, – мегӯяд ӯ. – Ҳотами Той даҳҳо даричаи хурд дошт ва аз он ба одамон некиҳо мекард. 
Боре модараш барои санҷидани бародари Ҳотами Той аз равзана бо мӯйи жӯлида ва либоси дарида ҳозир мешавад. Бародари Ҳотам ёрӣ мекунад. Бори дуюм ҳам ҳамин ҳол рӯй медиҳад. Бори сеюм, вақте ки модараш аз равзанаи сеюм пайдо мешавад, бародари Ҳотами Той: «Бас, охир ин  бори сеюм аст, ки шумо аз ман ёрӣ талабида меоед», – мегӯяд. Ҳамин вақт модараш: «Нагуфтам, ки наметавонӣ Ҳотами Той шавӣ», – гуфта худро фош мекунад.
Нависандаи маъруф Чингиз Айтматов «Некӣ чизе нест, ки дар рӯи замин хобида бошад, онро аз миёни мардум метавон ҷуст ва дарёфт кард», – гуфтааст.
Ҳамаи ин гуфтаҳо ба он хотир аст, ки мо дар тӯли умри худ некие, ки аз касе дидаем, бояд ҳаргиз фаромӯш насозем. Гоҳ-гоҳ аз соҳиби некӣ ёд кунем. Некиҳои амакам ҳам монанди некиҳои зиёде, ки аз одамон дидаам, аз гӯшаи хаёлам намераванд. Мисли марди равшанзамире, ки дар мусофиратҳо мадад бинмудааст, ё худ монанди ронандае, ки беморро ба шифохона саривақт расондааст, некиҳояш фаромӯшнопазиранд. Албатта, фарзандонашро хононд, барои дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардани онҳо талош варзид  ӯ. Кош, нафаре аз онҳо ин фазилатҳои неки ӯро соҳиб бошанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад».

Анорбойи ШОДИПУР.
Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: