Ӯзбекистон дар рейтинги мубориза алайҳи коррупсия 5 зина боло рафт

Ӯзбекистон дар индекси дарки коррупсияи созмони байналхалқии Transparensy International дар байни 180 кишвари ҷаҳон 5 зина боло рафта, дар ҷойи 121-ум қарор гирифт.

Таҳлилгарон сатҳи мубориза алайҳи коррупсияро дар Ӯзбекистон то охири соли 2023 аз 100 хол 33 хол арзёбӣ кардаанд. Ин назар ба як соли пеш 2 хол зиёд аст.

Мавқеи Ӯзбекистон дар солҳои қаблӣ:

Соли 2022 дар ҷойи 126-ум;

Соли 2021 ҷойи 140-ум;

Дар соли 2020 ҷойи 146-ум;

Соли 2019 дар ҷойи 153-ум;

Соли 2018 дар ҷойи 158-ум.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: