“ДАР ТАҚДИРИ ПЕШОНИИ МАН ҶОЙИ ТУ ХОЛИСТ”

Ба муносибати 85-солагии Бозор Собир

Маълум, ки шоири тавонманди тоҷик Бозор Собир бо ҳукми  тақдир  чанд сол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд. Чӣ дарди сахт будани муҳоҷират ва мусофират ба ҳар кадоми мо маълум. Хусусан изтиробҳои қалбии шоири ҳассосеро, ки ҳамеша меҳри ватан дар дил мепарварид ва хоку обу диёрро пазмон мегашт, дарк кардан душвор нест.
Шахси диндор дар ҳар кунҷу канори олам тоату ибодат карданаш мумкин. Аз ҷумла, дар ИМА барои ибодати мусулмонон то андозае имкониятҳо мавҷуд. Вале қаҳрамони лирикии Бозор Собир, ки аз мусулмонҳои комил аст, фикр мекунад барояш поктарин манзил макони падарии ӯст. Намозро бошад маҳз бояд дар ҷойи пок, бо қалби поку ҷомаи пок гузорид. Дар моҳи шарифи Рамазон, айни замон, бояд дар ҳамин гуна шароит рӯза дошт. Ин гуна шароит дар мусулмонобод – Ватани аҷдодии ӯ муҳайёву халос.  Дур аз Ватан, дар ҷое, ки чигунагиаш маълум, назар ба пиндошти ӯ, намоз нахондан, рӯза надоштан маъқултар. Қазои намозу рӯзаро бошад, баъде Худо ба Ватан расонд, бояд хонд ва гузорид.
Ана, қаҳрамони ӯ (яъне худи ӯ) баъди чаҳор сол ба зодгоҳ баргашт. Қазои рӯзаву намози чаҳорсола – дар гарданаш.
Чаҳорсола намози қазоӣ дорам ман,
Чаҳорсола намози қазоӣ дар гардан.
Чаҳорсола намози қазоии худро
Ба рӯйи хирмани испеди пахта мехонам,
Ба пахтазори сафеди шукуфта мехонам.
Чаҳорсола намози қазоии худро,
Ба ҷонамози ватан мекунам адо фардо.
Намоз дар рӯйи сапеди пахта... Чӣ тасвир ва образи обнарасида!
Чаҳорсола қазои рӯзаро низ бояд ҳамин тавр адо кард. Мегӯяд, дар Амрико не, бо бозгашт ба рӯзҳои Ватан агар рӯза гирам, ба рӯзҳои Ватан рӯза мекушоям, ба шомҳои Ватан рӯза мекушоям! Зеро ба рӯзҳои Ватан рӯзаи қазои ҳалол кушодан ҳалол. Ва нидо мекунад:
Ҳалол бод ба шоми ватан маро ифтор!
Дигар аз шеърҳои машҳури Бозор “Фаришта” низ дар Амрико (Сиэтлл) рӯйи дунё шудааст. Он ҷо ҳам зеборухон зиёд. Вале фаришта дар диёри бобоии бафайзу фариштаи вай мавҷуду халос. Месазад ӯро сутуд. Бо беҳтарин тавсиф, бо хубтарин ифодаю ибора, бо образҳои дилрас. Таронаҳои марғуби мардумиро ба хотир меорад ҳар банду басти ин шеър, ки садодиҳиаш басо гуворост.
Фаришта, эй фаришта, эй фаришта,
Дилам дар сина мекӯбад думушта.
Диламро карда ишқат бесаришта,
Сиришта рафта аз дарсат чу ришта.
Устод Бозор то дараҷае модереро, ки хоси адабиёти Ғарб аст, меписандид ва пайравӣ менамуд. Дар ин ҷараён на шакл, балки мазмун ва моҳият чизи муҳимтар аст. Аммо мешуд вай ба шакли анъанавии шеър ва санъати лафзӣ низ эътибори ҷиддӣ нигаронад.                                                                 
Мисолан, дар шеъри “Фаришта”, ки аз панҷ банд (куплет) таркиб ёфтааст, қофияи зебо ва устувор беихтиёр таваҷҷуҳи хонандаро ба худ мекашад. Шеър ҷамъ аз 20 мисраъ бошад, танҳо як мисраъ озод ҳасту халос. Боқӣ – ҳама ҳамқофия. Вале ба қофиясозӣ, ки аз нуқсҳои ҷиддии шеърият аст, роҳ гузошта нашудааст.
Дигар аз “сарводаҳои амрикоӣ”-и устод Бозор сурудаи ғамангезест бо унвони “Тирамоҳ”. Он ифодагари дард ва ҳасратҳои қалбии марди муҳоҷирест дар тирамоҳи умр. Пеши назари ӯ тирамоҳи диёри ҷоноҷон падидор меояд, ки чӣ қадар дастархони бафайз ва домани пурбор дошт. Одатан дар ин фасл хирманҳо сар мекашанд – ризқу рӯзии мардум. Кишоварз ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаашро хирман-хирман дида, кӯфтагии худро фаромӯш мекунад. Зимнан, моҳ низ хирман дорад дар гардун. Хирмани гандум дар саҳроҳои кушодро дида, хирмани моҳ нарм  табассум мекунад: “Бигузор имсол аз ҳарсола дида хирмани деҳқон бобаракаттар, зиндагиаш фаровонтар шавад”.
Деҳқон низ худро хирман ҳис мекунад дар тасаввур: хирмани гандум ва хирмани моҳ.
Вале он кишоварз, бо амри сарнавишт, ҳоло дар мусофират. Дилаш менолад:
На дигар хирмани гандум, на дигар хирмани 
моҳам,
Ба ҳаво тӯдаи абрам, ба замин тӯдаи коҳам.
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама 
сардам.
Қаҳрамони лирикӣ, ки акнун дар мулки дигарҳо ғарибӣ аз сар мегузаронад, фикр мекунад гили вай як гили помол аст, як дили помол аст. Дардову дареғо, ки дигар садои нойи чӯпон намешунавад, на дигар замзамаи шеър ҳасту на дигар шаршараи шеър. Шеъри сафеди ӯ чӣ қадарҳо ба замин рехту нобуд шуд. Вай агар замоне шоир ҳам буд, ҳоло шоири гумшуда мебошад. Ҳасрат мекунад, агар тирамоҳ ҳастам, дилам анореро монад, ки фишурда ва обашро баровардаанд. 
Сад манзараи зард, сад хотираи зард рӯҳашро, дили садпораашро азият медиҳад.
Дар солҳои шастум, ки по ба майдони адабиёт гузошт, ҳамчунин дар солҳои ҳафтодум, ки чун шоири боистеъдод шинохта шуд, Бозор Собир дар шаклҳои анъанавию суннатӣ қариб чизе нанавишт. Дар яке аз шеърҳояш гуфтааст:
Давоми шир-шири барги алафҳост,
Ҳиҷою ҳарфи ман дар шеъри озод.
Ғазалҳои маро дар шабдаравҳо,
Ману шаббодаҳо кардем эҷод.
Вале дар асл, тавре ишора рафт, бо чӣ сабабе эҳсоси қалб дар шакли ғазал ифода намесохт. Ҳол он ки дӯсти ҳамқаламаш Лоиқ он асно чун ғазалсаро ном бароварда буд. Вале ин маъное надорад, ки Бозор умуман ғазал наменавишт. Яке аз ғазалҳояш бо номи “Душанбе” хеле гуворост:
Чидам гули садбарг зи гулзори Душанбе,
Бурдам ба дари хонаи дилдори Душанбе.
Гуфтам, ки дар ин ҳар варақи ғунча ниҳон аст,
Рози ману рози туву асрори Душанбе.
Бар ҳар тарафе  менигарам, менигарад гарм,
Аз ҳар тарафе чашми сафедори Душанбе...
“Ҷои ту холист” ном ғазали Бозор, айни вақт, яке аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ишқист, ки бо ҷолибии воситаҳои тасвир ва образҳои дилчасп то қалби хонанда мерасад, эҳсосашро ба таҳрик меорад:
Фарёд, ки дар хонаи ман ҷои ту холист,
Дар лавҳаи ойинаи ман ҷои ту холист.
Аз шарми кӣ аз хонаи оина паридӣ,
Дар курсии чарминаи ман ҷои ту холист...
Фаъолияти эҷодии Бозор Собир тақрибан 60 сол давом кард. Дар ин байн “Пайванд”, ”Оташбарг”, “Гули хор”,  “Мижгони шаб”, “Офтобниҳол”, “Оташбарг”, “ Чашми сафедор”, “Симхор”, ”Аз ватан вақте ки мерафтам”, “Аз гули хор то симхор”, “Шоиру шеъре агар ҳаст”, “Хуни қалам” барин дафтарҳои шеъриаш ба табъ расидаанд.
Зодаи деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзободи Тоҷикистон (1938) 1 майи соли 2018 дар шаҳри Сиэтлл, ки он ҷо табобат мегирифт, аз олам гузашт. Дар боғ-оромгоҳи Лучоб (Душанбе) дафн шудааст.
Дар ин рӯзҳо 85-солагии барандаи Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Тоҷикистон, Шоири мардумӣ Бозор Собир таҷлил мегардад.

М. ШОДИЕВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: