30 июн дар мамлакатамон Рӯзи дӯстии халқҳо васеъ ҷашн гирифта шуд.
30 июн дар мамлакатамон Рӯзи дӯстии халқҳо васеъ ҷашн гирифта шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар шаҳри Бухоро бинои пештараи садорати бюрои иҷрои маҷбурӣ аз таъмири асосӣ бароварда, ҳамчун Маркази дӯстӣ ва ташкилоти ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ омодаи кор гардида буд. Ниҳоят, субҳи 30 июн ин бино ва гирду атрофи он намуди идона дошт. Роҳбарон ва фаъолони марказҳои миллию мадании вилоят ба ин ҷо ба утоқи кории худ бармаҳал омаданд ва садои савту сурудҳои дилнишин ба гирду атроф ҷозиба мебахшид. Ҳокими вилоят Б. Зарипов низ ин ҷо ташриф овард. Вай ба дафтари ҳар як маркази миллӣ даромада бо шароити кории ҳар яки онҳо шинос шуд, ҳозиронро бо Иди дӯстии халқҳо муборакбод гуфт. Аз ҷумла, ба Маркази миллию мадании тоҷикону форсҳои вилоят – «Офтоби суғдиён» қадам ниҳода намояндагони марказро ба забони тоҷикӣ табрик кард. Масъалаҳои ҷойдоштаро пурсид. Маросими ҳавасмандгардонии роҳбарон ва фаъолони марказҳои миллию маданӣ дар маҷлисгоҳ сурат гирифт.
– Имрӯз дар вилоят намояндагони чил миллат чун фарзандони як оила аҳлу тифоқона кору зиндагӣ мекунанд. Байни онҳо соҳибони мукофотҳои давлатӣ, олимон, намояндагони халқ ҳастанд. Қариб ҳазор нафари хатмкунандагони мактабҳои олии вилоятро имсол намояндагони миллатҳои гуногун ташкил мекунанд. Ҳоло дар вилоят 11-то марказҳои миллию маданӣ фаъолият доранд, – гуфт ҳокими вилоят.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.