ТАҶРИБАИ ПЕШҚАДАМИ ХОРИҶӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ҲОЗИРАЗАМОН БОЯД БАРОИ БАРҲАМ ДОДАНИ РОҲБАНДӢ ИСТИФОДА ШАВАНД

Аз он вақте ки саноати автомобилсозӣ бо суръати тез тараққӣ кард, дар шаҳрҳои калон, аз ҷумла дар пойтахти мо ҳам пай дар пай роҳбандии нақлиёт ба амал меояд.

Якчанд омилҳое вуҷуд доранд, ки боиси ба вуҷуд омадани роҳбандӣ  дар роҳҳо мегарданд. Аз ҷумла, аз ҳад зиёд будани миқдори воситаҳои нақлиёт, корҳои сохтмону таъмир дар кӯчаҳо, ҳаракати бетартибонаи ронандагон, рух додани фалокатҳои роҳу нақлиётӣ ва ё шароити номусоиди обу ҳаво метавонанд ҳаракати нақлиётро маҳдуд созад.
Вобаста ба ин, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ба татбиқи лоиҳаҳое, ки дар таҷрибаи хориҷӣ санҷида шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тадбирҳои пешгирии роҳбандии нақлиётро вазифаи асосии худ қарор додаанд.
Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, бе ҷорӣ намудани низоми нақлиёти ҷамъиятии хушсифат, бехавф ва ҷозибадор бартараф кардани бандшавии роҳҳо ғайриимкон аст. Агар гӯем, ки дар Тошканд дар ин бобат коре карда нашудааст, аз рӯи адолат нахоҳад шуд. Масалан, вақти байни ҳаракати автобусҳо дар «вақти шиддати кор» кӯтоҳ карда шуд. Автобусҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар қитъаҳои кӯчаҳо ва ғайра роҳҳои алоҳидаи автобусҳо ташкил карда шуданд.
Аз ҷумла, дар шароити кунунӣ ҷорӣ намудани системаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ки мувофиқи самтҳо ва вақти ҳаракати аҳолӣ дар ҳолати мавҷуда самаранок ташкил карда шудааст, истгоҳҳо ва иншооти инфрасохторӣ, ки аз рӯи принсипи «як қадам» ба ҷойҳои серодам ҷойгир карда шудаанд, бо суръати барқарор ҳаракат мекунанд ва хатсайрҳояшон ба таври қулай пайваст шудаанд, амалӣ карда мешавад.
Дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи коршиносон, ки аз ҳисоби грантҳои «Бонки ҷаҳонӣ» ҷалб шудаанд, системаи пешакии тақсимоти маҷрои мавҷуда дар шаҳр аз рӯи шабакаҳои роҳ ва кӯча — макромодели нақлиётӣ дар шаҳри Тошканд таҳия мегардад. Ба ғайр аз ин, дар кӯчаҳое, ки дарозии умумиашон 472 километр буда, артерияҳои асосии ҳаракати доимии нақлиёт ба шумор мераванд, низоми маҷмӯи чорабиниҳое, ки низоми идоракунии устувории ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, инфрасохтори қулай ва бехавф барои истгоҳҳо ва пиёдагардон, ҳаракати нақлиётӣ ба таври самарабахш мутобиқкардаро фаро гирифтаст, мунтазам ба амал бароварда мешаванд.
Тибқи маълумот, дар натиҷаи чунин тағйирот дар як рӯз 100 ҳазор соат вақти 600 ҳазор мусофири автобус сарфа шудааст.
Аммо ин корҳо барои рафъи бандшавии роҳ, ки баъзан ба 10 балл баробар аст, кофӣ нестанд. Пас, чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама, мо бояд хатсайрҳои автобусҳои масофаашон кӯтоҳро зиёд кунем, яъне мо бояд чароғакҳои куҳнашударо ба светофорҳои «ақлнок» иваз кунем.
Барои кам кардани ҳаракати нақлиёти ба шаҳр дохилшаванда пайвандҳои қулайи ҳаракати нақлиётро ташкил кардан лозим аст. Ғайр аз ин зарур аст, ки вақт ва роҳҳои ҳаракати нақлиёти боркашро  дар шаҳр аниқ муайян карда, сохтмони пул ва гузаргоҳҳо, ки ҳудудҳои сернақлиётро бо ҳам мепайванданд,  тезонда шаванд. Аз ҳама муҳимаш, корҳои фароҳам овардани муҳити бароҳат ва бехатар барои пиёдагардон ва инфрасохтор бояд ба анҷом расонда шаванд.  Хулоса, вақти он расидааст, ки таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар рафъи роҳбандӣ бо истифодаи васеи рақамикунонӣ ва инноватсия дар пойтахти мо бомуваффақият татбиқ карда шавад.

Одилҷон ТОҶИЕВ,
муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: