АСРОРИ ҶОЗИБАДОРИ СӮРОХСАНГ

Ин макони пурасрор дар наздикии деҳаи Қаротеппаи ноҳияи Ургут, дар байни қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Туркистон ҷойгир аст.

 Сӯрохии азиму аҷиби ин гӯша аз замонҳои қадим мардумро мафтун мекунад. Аз таъсири эрозия ва боду шамол аз санг як асари зебою дилкаш ба вуҷуд омадааст. Аз ин ҷост, ки мардуми таҳҷоӣ онро Сӯрохсанг меноманд.
Он, ҳатто диққати синамогарони ҷаҳонро ҳам ба Қаротеппа ҷалб кард. Гап дар сари он, ки соли 1973 бахше аз филми «Апачиҳо»-и киностудияи олмонии DEFA бо иштироки ҳунарманди маъруф Гойко Митич маҳз дар Қаротеппа ба навор бардошта шудааст. Он солҳои дароз дар шабакаҳои телевизионӣ гузошта мешавад ва аз филмҳои писандидаи мардум ба шумор меравад. Бахусус, воқеаҳои филм, ки дар гирду атрофи он наворбардорӣ шудаанд, хеле ҷолиб ва ҷозибанд.
Мувофиқи гуфтаҳо, коргардони филм муддати тӯлонӣ машғули кор буд ва наметавонист ҷойи муносибе барои наворбардорӣ пайдо кунад. Дар иттиҳодия ба ӯ гуфтанд, ки ҷойи ҷустуҷӯкардааш дар деҳаи Қаротеппаи ноҳияи Ургут аст. Ҳам санги азим ва ҳам гирду атрофи васеъ ба ӯ маъқул шуд ва фавран ба кор шурӯъ кард. Дар натиҷа, филми «Апачиҳо», ки аз ҳаёти ҳиндуҳо нақл мекунад, ба майдон омад. Дар он бо актёрони машҳури ҷаҳон намояндагони аҳолии маҳаллӣ низ иштирок кардаанд. Ин бошад, барои воқеӣ баромадани филм хидмат кардааст.
Воқеан, тамошои манзараҳои зебову нотакрори табиати Қаротеппа дили касро ба ваҷд меовард. Сангҳои нотакрору бузург ва манзараҳои бостонии воҳаи Зарафшон, ки Роҳи бузурги абрешим аз он ҷо мегузашт, ҳушу хаёли касро мебарад. Имрӯзҳо ҳазорон сайёҳон барои дидани санги сӯрохи чандинасра меоянд, ки сангпушти бошукӯҳи дар рӯйи санг шахшударо ба хотир меорад. Дар байни онҳо хориҷиён ҳам бисёранд.
Ба гуфтаи олимон, ин гуна сангҳоро танҳо дар чанд кишвари ҷаҳон дидан мумкин аст. Вижагии санг дар он аст, ки он бо сохт, андоза, вазн ва таърихӣ будани худ фарқ мекунад. Ғайр аз Сӯрохсанг дар ин манзил сангҳои бузурги дигар низ ҳастанд, ки шаклҳои гуногун доранд. Дар наздикии деҳа, дар қисмати шимолии қаторкӯҳҳои Зарафшон сангҳое ба чашм мерасанд, ки сурати дили инсонро ба хотир меоранд ва аз ин рӯ мардуми маҳаллӣ онҳоро «Санги дил» номидаанд.

Дилфуза МУҲАММАДИЕВА,
шаҳри САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: