ДАР «ЭКСПОМАРКАЗ» – НАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

Дар ин рӯзҳо Самарқанд мизбонии яке аз чорабиниҳои бонуфузи байналмилалиро бар дӯш дорад.

 Дар ин ҷо иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ ба кори худ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Гуфта мешавад, ки ин иҷлосия дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. 
Дар айни ҳол намояндагони доираҳои гуногуни кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар кишвари мо меҳмон ҳастанд ва то 20 октябр онҳо бо ширкати худ дар ҷаласаҳо иқтидор ва салоҳияти сайёҳии мамлакати худро ба ҳамтоёни дигар муаррифӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар маросими ифтитоҳи он Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ширкат ва суханронӣ кард. Рӯзи дуюм Экспомарказ ба рӯи садҳо нафар намояндагони ширкатҳои сайёҳиву меҳмонхонаҳо дари худро боз намуд. Дар павилонҳои он, ки майдони умумии 4 ҳазору 200 метри мураббаъро ташкил менамояд, аз 14 вилояти Ӯзбекистон ширкатҳои сайёҳӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомии марбут ба ин соҳа имкониятҳои худро ба намоиш гузоштаанд. Инчунин барои меҳмонон аз Осиёи Марказӣ растаҳо дар ихтиёри онҳо гузошта шудаанд.  Ҳар шахси ба он ташрифоварда метавонад дар ин ҷо бо стендҳои  Ҷопон, Чехия, Фаронса ва Бразилия ошно шавад. 
Кумитаи сайёҳӣ, ҶСК «Ӯзбекистон темир йуллари», ҶСК «Uzbekistan Airports» ва «Uzbekistan Helicopters» низ тарзи хидматрасонии худро барои сайёҳон муаррифӣ мекунанд. Маълум шуд, ки 634 намоянда аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 122 сармоягузори бузурги хориҷӣ ва ҳудуди 540 ширкати бузурги маҳаллӣ аз роҳи сабти ном дар вебсайти расмии Ассамблеяи генералӣ иштироки худро тасдиқ кардаанд.
Дар доираи форуми сармоягузорӣ ҷалби сармояҳои мақсаднок, ба даст овардани созишномаҳои ҳамкории байни соҳибкорон оид ба муаррифии объектҳо, ҳудудҳо, лоиҳаҳои дорои иқтидори баланди сармоягузорӣ барои тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон ва кишварҳои узви СҶС низ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, форуми таълимӣ вазъи маорифро дар бахши сайёҳӣ намоиш медиҳад. Гуфта мешавад, дар чорабинӣ дастовардҳои навтарин дар соҳаи таҳсилоти миёна, олӣ ва идоракунӣ, маҷмӯи воситаҳои инноватсионии таълимӣ ва омӯзишии фанҳои нави соҳаи туризми устувори байналмилалӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Яке аз хусусиятҳои хоси баргузории иҷлосияи ҷашнии 25-уми АГ СҶС  эълони беҳтарин деҳаҳои сайёҳии сол мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсад аз тамоми ҷаҳон деҳаҳои дорои инфрасохтори сайёҳии пешрафта интихоб карда шудаанд, ки бар асоси таъмини суботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, бо нигоҳ доштани тарзи анъанавии зиндагӣ ва арзишҳои миллии аҳолӣ мавқеи онҳо муайян карда мешавад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: