Ҷаҳонгир Аминов сафири нави Ӯзбекистон дар Исроил шуд

Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Аминов имрӯз ба Исроил омад.

Ӯ 49-сола аст. Пас аз хатми факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишкадаи кооперативии Самарқанд (ҳоло Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд) аз рӯи ихтисоси худ дар вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарё, дар шаҳри Тошканд кор кардааст, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

Аз соли 2000 дар системаи Вазорати корҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар дастгоҳи марказӣ ва сафоратхонаҳои Ӯзбекистон дар Исроил ва Озарбойҷон кор кардааст. То кунун дар вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ИДМ кор мекард.

Ҷаҳонгир Аминов дар ин вазифа Ферӯза Маҳмудоваро, ки солҳои 2020-2023 раҳбарии сафоратро бар ӯҳда дошт, иваз кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: